Тартиби амалӣ намудани тарҳкунии шахсии шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз 27 марти соли 2023, № 117

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 марти соли 2023, № 117

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 марти соли 2023, № 117

тасдиқ шудааст

Тартиби амалӣ намудани тарҳкунии шахсии шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ

 

1. Тартиби амалӣ намудани тарҳкунии шахсии шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (минбаъд - Тартиб) раванди амалӣ намудани тарҳкунии шахсии шахсони воқеӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

2. Ба шахсони воқеӣ ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани хароҷот дар шакли ғайринақдӣ, аз ҷумла тавассути суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтии бонкӣ ва воситаҳои дигари электронии пардохтӣ ба андозаи 10 фоизи маблағи умумии даромади гирифташуда, вале на зиёда аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол тарҳ намудани чунин хароҷот иҷозат дода мешавад.

3. Амали Тартиб дар шакли электронӣ тавассути барномаи компютерии системаи ҳамгироии иттилоотии андоз (минбаъд СҲИА) ба роҳ монда мешавад.

4. Барои мақсадҳои Тартиб ба хароҷот дар шакли ғайринақдӣ дохил намешаванд:

- мубодилаи молҳо;

- бо пули нақдӣ пардохт намудани мол (кор ва хизматрасонӣ) ё пчшонидани қарз ба воситаи терминалҳои худкори хидматрасон ё ташкилоти қарзии молиявӣ;

- харидорӣ намудани мол аз хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва воситаи пардохтӣ;

- пардохт намудани иҷрои кор ва хизматрасониҳои фосилавии шахсони хориҷӣ бо истифода аз ҳамаи шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва воситаи пардохтӣ;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 марта 2023 года, №117

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 марта 2023 года, №117

Порядок осуществления личного вычета физическими лицами при безналичных расчетах

1. Порядок осуществления личного вычета физическими лицами при безналичных расчетах (далее - Порядок) определяет порядок осуществления личного вычета физическими лицами при безналичных расчетах, в том числе через банковские счёта и банковские платёжные карты на территории Республики Таджикистан.

2. Физическим лицам при осуществлении расходов в безналичной форме, в том числе через банковские счёта, банковские платёжные карты и другие электронные платёжные средства на территории Республики Таджикистан разрешается вычет таких расходов в размере 10 процентов от общей суммы полученного дохода, но не более 150 показателей для расчетов за год.

3. Действие Порядка осуществляется в электронной форме через интегрированную налоговую информационную систему (далее - ИНИС).

4. В целях Порядка к расходам в безналичной форме не относятся:

- обмен товаров;

- за наличные средства уплата товаров (работ, услуг) через автоматизированные обслуживающие терминалы или кредитнофинансовые организации, или погашение задолженности;

- приобретение товаров за пределами Республики Таджикистан по всем формам безналичных расчетов и средств платежей;

- оплата работ и дистанционных услуг иностранных лиц по всем формам безналичных расчетов и средств платежей;

- перевод денежных средств между физическими лицами.

...