Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, № 117 "Дар бораи Тартиби амалӣ намудани тарҳкунии шахсии шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби амалӣ намудани тарҳкунии шахсии шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ

 

Мутобиқи қисми 8 моддаи 191 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби амалӣ намудани тарҳкунии шахсии шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор дода шуда, тарҳкунии шахсии шахсони воқеӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз рчйи натиҷаи соли молиявии 2023 шуруъ карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 27 марти соли 2023, № 117

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке осуществления личного вычета физическими лицами при безналичных расчетах

В соответствии с частью 8 статьи 191 Налогового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Порядок осуществления личного вычета физическими лицами при безналичных расчетах (прилагается).

2. Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2023 года и вычет физических лиц при безналичных расчетах начать по результатам 2023 финансового года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан              Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 27 марта 2023 года, №117