Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 135 "Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар семоҳа ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2023, № 135

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2023-2027 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Государственную программу содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2023-2027 годы и План действий на 2023-2025 годы Государственной программы содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2023-2027 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти обеспечить выполнение настоящей Программы и её Плана действий, и ежеквартально представлять информацию о ходе его выполнения в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

3. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан обеспечив координацию выполнения Программы и её Плана действий, каждое полугодие представлять информацию Правительству Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                            Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 28 марта 2023 года, №135