ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 150 "Дар бораи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад:
2) боби 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо
5. Кумита дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад:
- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар ҳуҷҷату маводи барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита вогузоргардида заруриро талаб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ намояндагӣ намояд;
- мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз ҷумла байнисоҳавӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар воситаҳои ахбори омма нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, ҷойгиркунонии маводи дигарро оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Кумита таъмин намояд;
- бо корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита шартномаҳои дуҷониба баста, ҳисоботи роҳбарони ин корхонаю ташкилотҳоро дар бораи ҷараёни иҷрои шартномаҳо ва нақшаи кори солонаи тасдиқшуда мунтазам дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита баррасӣ намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии ташкилотҳои системаи Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд;
- бо тартиби муқарраргардида доир ба масъалаҳое, ки ба фаъолияти шаҳрсозӣ тааллуқ доранд, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавзеҳот диҳад;
- барои ҳалли масъалаҳои соҳавӣ ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида мукофотҳои соҳавӣ таъсис дода, кормандони соҳаро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолият сарфароз гардонад;
- бо тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дар вазорату идораҳо, кумита ва ассосиатсияҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашию сохтмонӣ ва ташкилотҳои дигар маълумот ва ҳисоботҳоро оид ба иҷрои сифати корҳои сохтмону васлкунӣ, истеҳсоли маводу маснуоти сохтмонӣ, инчунин самаранок истифода бурдани техника ва технологияи сохтмонӣ шунида, аз натиҷаи он чораандешӣ намояд;
- бо тартиби муқарраргардида ба объектҳои сохтмон, корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи бинокорӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе монеа ворид шавад;
- мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва воҳидҳои онҳоро барои иштирок дар санҷиши сифати корҳои сохтмону васлкунӣ, конструксияҳо ва маснуоту масолеҳ, гузаронидани тадқиқоту озмоишҳо ҷалб намояд;
- дар ҳолатҳои зарурӣ аз фармоишгарон, ташкилоту корхонаҳои сохтмону васлкунӣ, саноати сохтмон ва масолеҳи бинокорӣ доир ба ҳаҷму навъҳои маҳсулоти истеҳсолшуда маълумот гирад;
- бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
5(1) Кумита дар доираи ваколатҳои худ уҳдадор аст:
- барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории шаҳрсозӣ амрнома диҳад, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;
- ҳангоми ошкор намудани ҳолати бе иҷозат оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ва бе ҳуҷҷатҳои дигари иҷозатдиҳанда оғоз кардани сохтмони бино ё иншоот, бо тартиби муқарраргардида барои боздоштани фаъолияти ташкилот ба суд муроҷиат намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва шахсони дигари мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигарро, ки ба риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ роҳ додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;
- аз фармоишгарон, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва бинокорӣ ҳуҷҷатҳои марбут ба иҷрои корҳои сохтмону васлкунӣ, истеҳсоли маҳсулоту конструксияҳои бинокорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои санҷишҳои озмоишӣ, ҳуҷҷатҳои иҷроияи тасдиқкунандаи сифати маҳсулоти истеҳсолшуда ва сертификатҳоро талаб намояд;
- ба мақомоти омор дар бораи риоя накардани тартиби ба истифода қабул намудани объектҳои сохтмонашон баитмомрасида, инчунин аз ҷониби корхонаҳо истеҳсол гардидани маҳсулоте, ки ба стандарту сертификатҳо ва талаботи техникӣ ҷавобгӯй нест, барои аз ҳисоботи давлатӣ хориҷ кардани онҳо маълумот пешниҳод намояд.";
3) дар сархати шашуми банди 8 пас аз калимаҳои "муовинони роҳбарон," калимаи "сармеъморон," илова карда шавад;
4) банди 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"11. Барои ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳим дар Кумита дар ҳайати раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ (аз рӯйи мансаб) ва кормандони дигари роҳбарикунандаи Кумита ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 марти соли 2023, № 122
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №150
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Внести в Положение о Комитете по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №150 "О Комитете по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнение:
1) главу 3 изложить в следующей редакции:
"3. Права и обязанности
5. Комитет в рамках своих полномочий имеет право:
- запрашивать в установленном порядке от министерств, ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, других физических и юридических лиц документы материалы, необходимые для исполнения возложенных на Комитет задач;
- в установленном порядке представлять Правительство Республики Таджикистан в международных и иностранных организациях;
- создавать координационные, совещательные и экспертные органы (советы, комиссии, группы, коллегии), в том числе межведомственные в установленной сфере деятельности;
- в установленном законодательством порядке обеспечивать публикацию нормативных правовых актов, официальных объявлений, размещение других материалов по вопросам установленной сферы деятельности Комитета в средствах массовой информации;
- заключать с предприятиями и организациями системы Комитета двусторонние договора, регулярно рассматривать на коллегии Комитета отчеты руководителей этих предприятий и организаций о ходе выполнения договоров и утвержденных годовых планов;
- в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, представлять в Правительство Республики Таджикистан предложения о создании, реорганизации и ликвидации организаций системы Комитета;
- в установленном порядке давать разъяснение физическим и юридическим лицам по вопросам касающимся градостроительной деятельности;
- привлекать научные организации, учёных и специалистов к решению отраслевых вопросов;
- учреждать в установленном порядке отраслевые премии и поощрять работников отрасли за заслуги и значительные достижения в сфере деятельности;
- в установленном порядке для решения вопросов установленной сферы деятельности в министерствах, ведомствах, комитетах, ассоциациях, научно-изыскательных, проектностроительных организациях и других организациях заслушивать информации и отчеты о качестве выполнения строительномонтажных работ, производстве строительных материалов и продукции, а также эффективном использовании строительной техники и технологии и по их результатам принимать меры;
- в установленном порядке беспрепятственно входить на объекты строительства, предприятия по производству строительных материалов, независимо от организационноправовой формы;
- привлекать для участия в проверках качества строительномонтажных работ, конструкций, изделий и материалов, проведения обследований и испытаний специалистов соответствующих министерств и ведомств и их подразделений;
- в необходимых случаях получать справку от заказчиков, строительно-монтажных организаций, строительной промышленности и строительных материалов об объеме и видах произведенной продукции;
- в целях выполнения возложенных на него функций осуществляет иные права, установленные законодательством Республики Таджикистан.
5(1). Комитет в рамках своих полномочий обязан:
- давать обязательные для исполнения предписания по устранению выявленных нарушений градостроительного законодательства;
- при обнаружении факта начала строительных работ без разрешения и начала строительства здания или сооружения без других разрешительных документов, обратиться в установленном порядке в суд для приостановления деятельности организации;
- привлекать в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке руководителей организаций и других лиц государственных органов, предприятий и других организаций, допустивших нарушение градостроительного законодательства, к административной ответственности;
- получить от заказчиков, проектных, строительных организаций документацию, связанную с выполнением строительно-монтажных работ, производством строительных материалов и конструкций, включая результаты натурных испытаний, исполнительную документацию, удостоверяющую качество произведенной продукции и сертификаты;
- представлять в органы статистики сведения о несоблюдении порядка приёмки в эксплуатацию законченных строительством объектов, а также о производстве предприятиями продукции, не соответствующей стандартам, сертификатам и техническим требованиям, для их исключения из государственного отчета.";
2) шестой абзац пункта 8 после слов "заместителей руководителей," дополнить словами "главных архитекторов,";
3) пункт 11 изложить в следующей редакции:
"11. Для решения наиболее важных вопросов в Комитете образуется коллегия в составе председателя Комитета (председатель коллегии), его заместителей (по должности) и других руководящих работников Комитета.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 марта 2023 года, №122