Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои воридоту содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, инчунин воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ", моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва перекурсорҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои замимагардидаи воридоту содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, инчунин воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.
2.Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии ҳуҷҷатҳои воридоту содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, инчунин воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашавандаро тибқи Қоидаҳои мазкур амалӣ намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2002, №245 "Дар бораи тасдиқ намудани тартиби воридот ва содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 апрели соли 2009 № 204
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Правилах ввоза и вывоза лекарственных средств, медицинских товаров, а также наркотических средств, психотропных веществ и прекурсоров, применяемых в медицине в Республике Таджикистан
В соответствии со статьей 21 Закона Республики Таджикистан "О лекарственных средствах и фармацевтической деятельности", статьей 10 Закона Республики Таджикистан "О наркотических средствах, психотропных веществах и прекурсорах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемые Правила ввоза и вывоза лекарственных средств, медицинских товаров, а также наркотических средств, психотропных веществ и прекурсоров, применяемых в медицине в Республике Таджикистан.
2. Таможенным органам Республики Таджикистан осуществлять таможенное оформление ввоза и вывоза лекарственных средств, медицинских товаров, а также наркотических средств, психотропных веществ и прекурсоров, применяемых в медицине в соответствии с настоящими Правилами.
3 Считать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 июня 2002 года №245 "Об утверждении порядка ввоза и вывоза лекарственных средств и медицинских товаров в Республике Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 апреля 2009 года № 204
г. Душанбе