Низомномаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2007, № 156

Санаи амалкуни: 16.03.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 январи соли 2007, № 156

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Фармони Президенти ҶТ аз 30.09.2019 № 1357, аз 16.03.2023 № 543)

1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ва назорати муомилоти онҳо амалӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи онро назорат менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543).

Вазифаи асосии Агентӣ аз таъмини ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ иборат аст.

2. Агентӣ мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар фаъолияташ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543).

4. Агентӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти онҳо ва пешгирии нашъамандӣ манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543).

II. ВАКОЛАТҲО

5. Вазифаҳои Агентӣ аз инҳо иборатанд:

- ошкор сохтан, пешгирӣ кардан, қатъ намудан ва кушодани ҷиноятҳои вобаста ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо; ошкор сохтан ва қатъ намудани фаъолияти гуруҳҳои ҷинояткори нашъаҷаллобӣ дорои робитаҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин шахсоне, ки ба чунин ҷиноятҳо даст доранд (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543);

- пешбурди таҳқиқ ва анҷом додани тафтиши пешакӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти салоҳияти Агентӣ қарор доранд;

- амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани истеҳсолоти парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

- дар тавқифгоҳҳои муваққатии Агентӣ нигоҳ доштани ашхосе, ки чун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир ва ҳабс шудаанд;

- амалӣ намудани чораҳо барои роҳ надодан ба қонунигардонии даромадҳое (тасфияи маблағ), ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст оварда шудаанд;

- амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини амнияти дохилӣ;

- иштирок дар тайёр ва амалӣ намудани барномаҳои миллӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар;

- якҷоя бо вазорату идораҳои ваколатдор таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба тартиби муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати иҷрои онҳо;

- татбиқи назорат дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо тибқи муқаррароте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;

- назорати фаъолияти муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва пешниҳоди дастур бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар;

- гузаронидани таҳлили маҷмӯӣ ва баҳодиҳии ҳолати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти онҳо ва пешгирии нашъамандӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543);

- дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти маълумот дар бораи эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли баъдина ба Кумитаи байналмилалии СММ оид ба назорати маводи нашъаовар;

- тибқи Конвенсияҳои байналмилалии СММ оид ба назорати маводи нашъаовар якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор таҳия намудани Руйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва барои тасдиқ пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба омӯзиш, баланд бардоштани ихтисос ва табодули таҷрибаи кормандони Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои ваколатдори ҷумҳурӣ;

- ҳамоҳангсозӣ ва назорати пешгирии нашъамандӣ;

- татбиқи дигар вазифаҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

6. Агентӣ ҳуқуқ дорад:

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти вазорату идораҳоро оид ба масъалаи ташкили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо санҷад (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543);

- аз вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмулоти омориеро, ки намунаашро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дигар маълумотеро, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ва назорати муомилоти онҳо заруранд, талаб намояд (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543);

- тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба маводи нашъаовар ва ҳамчунин бо супориши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он, дигар парвандаҳои ҷиноятии навобаста ба маводи нашъаовар;

- системаҳои ахборию таҳлилиро таъсис диҳад ва фаъолияти ахборию таҳлилиро доир ба ҷамъоварӣ, баҳодиҳӣ, систематизатсия, гункунӣ ва таҳлили ахбори вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар воситаҳое, ки ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо шомиланд, амалӣ намояд;

- суратгирӣ, сабти овоз, наворгирии видеоӣ, дактилоскопия ва бақайдгирии ашхосеро, ки бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дастгир ва ё гунаҳкор дониста шудаанд, анҷом диҳад;

- дастрас будани қитъаҳои алоҳидаи маҳал ё иншоотро бо мақсади таъмини гузаронидани чорабиниҳои махсус ҷиҳати дастгир кардани шаҳрвандоне, ки вобаста ба маводи нашъаовар ҷиноят содир кардаанд, ё ҷиноят содир мекунанд, барои шаҳрвандон муваққатан маҳдуд ё манъ намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳои дастӣ, бағоҷ ва шахсонеро, ки мусофирони ҳавопаймоҳо, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ мебошанд, инчунин воситаҳои нақлиётро бо истифода аз таҷҳизоти махсус ва сагҳои хизматӣ-кофтуковӣ аз назар гузаронад;

- бо мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ вазифаҳояшро иҷро намояд;

- ташхиси химиявии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳоро, ки мусодира шудаанд ва инчунин дигар тадқиқоти криминалистиро гузаронад (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543);

- ҷиҳати муайян, ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй якҷо бо вазорату идораҳои дигари дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамасола амалиёти оперативӣ-пешгирикунандаи махсус гузаронад (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543);

- бо тартиби муқарраргардида маҳфуз доштани маводи тафтишотӣ, оперативӣ ва ғайра, ки ба фаъолияти Агентӣ мансубанд;

- бо мувофиқа истифода намудани маъхазҳои маълумотӣ, биноҳо барои нигоҳдошти шахсони дастгиршудаи барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар гумонбаршуда ва ҳабсшудагон, имконоти интишоротӣ, таъминоти тиббӣ ва ғайраи дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар ҳайати мақомоти иҷозатномадиҳанда нисбати шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ оид ба риояи шарту талаботи фаъолияти иҷозатномадодашуда санҷиш мегузаронад;

- таъсис ва пешбурди маъхази маълумот оид ба масъалаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклиф дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

- тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои хориҷӣ;

- бо тартиби муқарраргашта таъсиси намояндагиҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва фиристодани кормандони Агентӣ барои кор дар ташкилотҳои байналмилалии зидди нашъамандӣ;

- бо назардошти вазъи воқеии нашъамандии минтақаҳо ва бо иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ воҳиди сохтории минтақавӣ шӯъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ таъсис диҳад (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543);

7. Кормандони Агентӣ тибқи ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи нигоҳдошт, бо худ гирифта гаштан ва истифодаи силоҳи оташфишону воситаҳои махсусро доранд.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

8. Сохтори ташкилию ҳудудии Агентиро дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шӯъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ташкил медиҳанд (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543).

9. Агентиро Директор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10. Директори Агентӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543):

- фаъолияти Агентиро роҳбарӣ ва назорат менамояд;

- байни муовинони худ уҳдадориҳоро тақсим мекунад;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ҳудудии Агентиро тасдиқ менамояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории Агентӣ, намояндагиҳои Агентӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ваколатдор, инчунин масъалаҳои ташкилӣ, кадрӣ, таъминоти молиявӣ ва моддию техникии воҳидҳои он пешниҳод манзур менамояд;

- оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои кории Агентиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мешаванд, тасдиқ мекунад;

- сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин намояндаҳои Агентиро дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

- дигар кормандони Агентӣ, инчунин ҳайати хизматрасонро дар доираи ҷадвали воҳидҳои кории муқарраршуда ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

- дар хусуси бо рутбаҳои олии махсус сарфароз гардонидани ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Агентиро бо рутбаҳои махсус сарфароз мегардонад;

- бо тартиби муқарраргардида дар хусуси бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани кормандони Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида масъалаи ҳавасмандгардонӣ ва додани ҷазоҳои интизомии кормандони Агентиро баррасӣ менамояд;

- низомнома дар бораи мукофотҳои идоравӣ, нишонҳои сарисинагӣ, корманди фахрии Агентӣ, ифтихорнома ва намунаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;

- фармоишҳои дорои хусусияти меъёрӣ ва ташкилию амрдиҳӣ қабул менамояд;

- самтҳои афзалиятноки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва пешниҳод менамояд;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо ва пешгирии нашъамандиро таҳия менамояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо қарор қабул менамояд;

- дар бораи бартараф кардани камбудиҳои зимни тафтиш ошкоршуда дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дастурҳо медиҳад;

- бо тартиби муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ намояндагӣ менамояд;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро оид ба масъалаи назорати маводи нашъаовар ба имзо мерасонад;

- иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543).

11. Директор ду муовин, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки тибқи пешниҳоди Директори Агентӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

12. Ҳайати шахсии Агентӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби озмун ва ба асоси қарордод пурра карда мешавад.

Ихтисор ё зиёд намудани шумораи кормандон бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ба кормандони Агентӣ шаҳодатномаҳои хизматӣ, нишон ва либоси махсус, ки намунаҳои онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, дода мешаванд.

Ҳангоми қабул ба хизмат кормандони Агентӣ савганд ёд мекунанд.

13. Масъалаи адои хизмати кормандони Агентӣ тибқи Низомномаи тартиби адои хизмат аз ҷониби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, танзим карда мешавад.

14. Маблағгузории фаъолияти Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, давлатҳои маблағгузор ва дигар ташкилоти байналмилалӣ серат мегирад.

15. Агентӣ шахсӣ ҳуқуқӣ буда, дорои ҳисоби пардохт ва дигар ҳисобҳо, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи Агентӣ ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, дигар мӯҳр ва штампҳо ва бланкаҳои намунаашон муқарраршуда дорад.

16. Маҳалли ҷойгиршавии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони ба номи Н. Қарабоев 52, мебошад.

Замимаи 2

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 январи соли 2007, № 156

тасдиқ шудааст

(бо Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543 дар таҳрири нав тасдиқ шудааст) 

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Ситод

Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ

Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Раёсати сайёри оперативӣ

Раёсати хизмати оперативӣ

Раёсати тафтишотӣ

Раёсати иттилоотию таҳлилӣ

Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ

Шуъбаи оперативӣ-навбатдорӣ

Шуъбаи молиявию хоҷагӣ

Шуъбаи экспертизаи судӣ

Шуъбаи воситаҳои оперативӣ-техникӣ ва алоқа

Шуъбаи умумӣ

Маркази таълимӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543)

Замимаи 3

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 январи соли 2007, № 156

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд

Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе

Шуъбаҳои шаҳрӣ (бо Фармони Президенти ҶТ аз 16.03.2023 № 543)

Шӯъбаҳои байниноҳиявӣ

Намояндагиҳои Агентӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии зидди маводи нашъаовар