ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2007, №156
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2007, № 156 "Дар бораи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар замимаи 1:
- ба ҷумлаи якуми банди 1, сархатҳои якум ва сенздаҳуми банди 5, сархатҳои якум, дуюм ва нуҳуми банди 6 баъд аз калимаи "прекурсорҳои" калимаҳои "ё ҳаммонанди (аналоги)" илова карда шаванд;
- дар банди 4 калимаи "прекурсорҳо" ба калимаҳои "прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо" иваз карда шаванд;
- аз банди 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- ба банди 6 сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ҷиҳати муайян, ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй якҷо бо вазорату идораҳои дигари дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамасола амалиёти оперативӣ-пешгирикунандаи махсус гузаронад;";
- ба сархати ҳабдаҳуми банди 6 ва банди 8 баъд аз калимаҳои "шуъбаҳои байниноҳиявӣ" аломат ва калимаи ", шаҳрӣ" илова карда шаванд;
- банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"10. Директори Агентӣ:
- фаъолияти Агентиро роҳбарӣ ва назорат менамояд;
- байни муовинони худ уҳдадориҳоро тақсим мекунад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ҳудудии Агентиро тасдиқ менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории Агентӣ, намояндагиҳои Агентӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ваколатдор, инчунин масъалаҳои ташкилӣ, кадрӣ, таъминоти молиявӣ ва моддию техникии воҳидҳои он пешниҳод манзур менамояд;
- оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои кории Агентиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мешаванд, тасдиқ мекунад;
- сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин намояндаҳои Агентиро дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- дигар кормандони Агентӣ, инчунин ҳайати хизматрасонро дар доираи ҷадвали воҳидҳои кории муқарраршуда ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- дар хусуси бо рутбаҳои олии махсус сарфароз гардонидани ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони Агентиро бо рутбаҳои махсус сарфароз мегардонад;
- бо тартиби муқарраргардида дар хусуси бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани кормандони Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида масъалаи ҳавасмандгардонӣ ва додани ҷазоҳои интизомии кормандони Агентиро баррасӣ менамояд;
- низомнома дар бораи мукофотҳои идоравӣ, нишонҳои сарисинагӣ, корманди фахрии Агентӣ, ифтихорнома ва намунаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- фармоишҳои дорои хусусияти меъёрӣ ва ташкилию амрдиҳӣ қабул менамояд;
- самтҳои афзалиятноки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва пешниҳод менамояд;
- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо ва пешгирии нашъамандиро таҳия менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо қарор қабул менамояд;
- дар бораи бартараф кардани камбудиҳои зимни тафтиш ошкоршуда дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дастурҳо медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ намояндагӣ менамояд;
- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро оид ба масъалаи назорати маводи нашъаовар ба имзо мерасонад;
- иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон таъмин менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.";
2) замимаи 2 дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад);
3) ба замимаи 3 сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе
Шуъбаҳои шаҳрӣ".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 16 марти соли 2023, № 543
Замимаи 2
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 марти соли 2023, №543
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Ситод
Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ
Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Раёсати сайёри оперативӣ
Раёсати хизмати оперативӣ
Раёсати тафтишотӣ
Раёсати иттилоотию таҳлилӣ
Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ
Шуъбаи оперативӣ-навбатдорӣ
Шуъбаи молиявию хоҷагӣ
Шуъбаи экспертизаи судӣ
Шуъбаи воситаҳои оперативӣ-техникӣ ва алоқа
Шуъбаи умумӣ
Маркази таълимӣ