Замимаи 1
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 январи соли 2007, № 156
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Фармони Президенти ҶТ аз 30.09.2019 № 1357, аз 16.03.2023 № 543)
1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ва назорати муомилоти онҳо амалӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи онро назорат менамояд ().
Вазифаи асосии Агентӣ аз таъмини ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ иборат аст.
2. Агентӣ мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар фаъолияташ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад ().
4. Агентӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти онҳо ва пешгирии нашъамандӣ манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад ().
II. ВАКОЛАТҲО
5. Вазифаҳои Агентӣ аз инҳо иборатанд:
- ошкор сохтан, пешгирӣ кардан, қатъ намудан ва кушодани ҷиноятҳои вобаста ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо; ошкор сохтан ва қатъ намудани фаъолияти гуруҳҳои ҷинояткори нашъаҷаллобӣ дорои робитаҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин шахсоне, ки ба чунин ҷиноятҳо даст доранд ();
- пешбурди таҳқиқ ва анҷом додани тафтиши пешакӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти салоҳияти Агентӣ қарор доранд;
- амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани истеҳсолоти парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
- дар тавқифгоҳҳои муваққатии Агентӣ нигоҳ доштани ашхосе, ки чун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир ва ҳабс шудаанд;
- амалӣ намудани чораҳо барои роҳ надодан ба қонунигардонии даромадҳое (тасфияи маблағ), ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст оварда шудаанд;
- амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини амнияти дохилӣ;
- иштирок дар тайёр ва амалӣ намудани барномаҳои миллӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар;
- якҷоя бо вазорату идораҳои ваколатдор таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба тартиби муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати иҷрои онҳо;
- татбиқи назорат дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо тибқи муқаррароте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;
- назорати фаъолияти муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва пешниҳоди дастур бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида;
- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар;
- гузаронидани таҳлили маҷмӯӣ ва баҳодиҳии ҳолати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти онҳо ва пешгирии нашъамандӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ();
- дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти маълумот дар бораи эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли баъдина ба Кумитаи байналмилалии СММ оид ба назорати маводи нашъаовар;
- тибқи Конвенсияҳои байналмилалии СММ оид ба назорати маводи нашъаовар якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор таҳия намудани Руйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва барои тасдиқ пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба омӯзиш, баланд бардоштани ихтисос ва табодули таҷрибаи кормандони Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои ваколатдори ҷумҳурӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва назорати пешгирии нашъамандӣ;
- татбиқи дигар вазифаҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
6. Агентӣ ҳуқуқ дорад:
- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти вазорату идораҳоро оид ба масъалаи ташкили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо санҷад ();
- аз вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмулоти омориеро, ки намунаашро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дигар маълумотеро, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ва назорати муомилоти онҳо заруранд, талаб намояд ();
- тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба маводи нашъаовар ва ҳамчунин бо супориши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он, дигар парвандаҳои ҷиноятии навобаста ба маводи нашъаовар;
- системаҳои ахборию таҳлилиро таъсис диҳад ва фаъолияти ахборию таҳлилиро доир ба ҷамъоварӣ, баҳодиҳӣ, систематизатсия, гункунӣ ва таҳлили ахбори вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар воситаҳое, ки ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо шомиланд, амалӣ намояд;
- суратгирӣ, сабти овоз, наворгирии видеоӣ, дактилоскопия ва бақайдгирии ашхосеро, ки бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дастгир ва ё гунаҳкор дониста шудаанд, анҷом диҳад;
- дастрас будани қитъаҳои алоҳидаи маҳал ё иншоотро бо мақсади таъмини гузаронидани чорабиниҳои махсус ҷиҳати дастгир кардани шаҳрвандоне, ки вобаста ба маводи нашъаовар ҷиноят содир кардаанд, ё ҷиноят содир мекунанд, барои шаҳрвандон муваққатан маҳдуд ё манъ намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳои дастӣ, бағоҷ ва шахсонеро, ки мусофирони ҳавопаймоҳо, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ мебошанд, инчунин воситаҳои нақлиётро бо истифода аз таҷҳизоти махсус ва сагҳои хизматӣ-кофтуковӣ аз назар гузаронад;
- бо мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ вазифаҳояшро иҷро намояд;
- ташхиси химиявии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳоро, ки мусодира шудаанд ва инчунин дигар тадқиқоти криминалистиро гузаронад ();
- ҷиҳати муайян, ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй якҷо бо вазорату идораҳои дигари дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамасола амалиёти оперативӣ-пешгирикунандаи махсус гузаронад ();
- бо тартиби муқарраргардида маҳфуз доштани маводи тафтишотӣ, оперативӣ ва ғайра, ки ба фаъолияти Агентӣ мансубанд;
- бо мувофиқа истифода намудани маъхазҳои маълумотӣ, биноҳо барои нигоҳдошти шахсони дастгиршудаи барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар гумонбаршуда ва ҳабсшудагон, имконоти интишоротӣ, таъминоти тиббӣ ва ғайраи дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар ҳайати мақомоти иҷозатномадиҳанда нисбати шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ оид ба риояи шарту талаботи фаъолияти иҷозатномадодашуда санҷиш мегузаронад;
- таъсис ва пешбурди маъхази маълумот оид ба масъалаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклиф дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;
- тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои хориҷӣ;
- бо тартиби муқарраргашта таъсиси намояндагиҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва фиристодани кормандони Агентӣ барои кор дар ташкилотҳои байналмилалии зидди нашъамандӣ;
- бо назардошти вазъи воқеии нашъамандии минтақаҳо ва бо иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ воҳиди сохтории минтақавӣ шӯъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ таъсис диҳад ();
7. Кормандони Агентӣ тибқи ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи нигоҳдошт, бо худ гирифта гаштан ва истифодаи силоҳи оташфишону воситаҳои махсусро доранд.
III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ
8. Сохтори ташкилию ҳудудии Агентиро дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шӯъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ташкил медиҳанд ().
9. Агентиро Директор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
10. Директори Агентӣ ():
- фаъолияти Агентиро роҳбарӣ ва назорат менамояд;
- байни муовинони худ уҳдадориҳоро тақсим мекунад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ҳудудии Агентиро тасдиқ менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории Агентӣ, намояндагиҳои Агентӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ваколатдор, инчунин масъалаҳои ташкилӣ, кадрӣ, таъминоти молиявӣ ва моддию техникии воҳидҳои он пешниҳод манзур менамояд;
- оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои кории Агентиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мешаванд, тасдиқ мекунад;
- сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин намояндаҳои Агентиро дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- дигар кормандони Агентӣ, инчунин ҳайати хизматрасонро дар доираи ҷадвали воҳидҳои кории муқарраршуда ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;
- дар хусуси бо рутбаҳои олии махсус сарфароз гардонидани ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони Агентиро бо рутбаҳои махсус сарфароз мегардонад;
- бо тартиби муқарраргардида дар хусуси бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани кормандони Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида масъалаи ҳавасмандгардонӣ ва додани ҷазоҳои интизомии кормандони Агентиро баррасӣ менамояд;
- низомнома дар бораи мукофотҳои идоравӣ, нишонҳои сарисинагӣ, корманди фахрии Агентӣ, ифтихорнома ва намунаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- фармоишҳои дорои хусусияти меъёрӣ ва ташкилию амрдиҳӣ қабул менамояд;
- самтҳои афзалиятноки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва пешниҳод менамояд;
- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо ва пешгирии нашъамандиро таҳия менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо қарор қабул менамояд;
- дар бораи бартараф кардани камбудиҳои зимни тафтиш ошкоршуда дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дастурҳо медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ намояндагӣ менамояд;
- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро оид ба масъалаи назорати маводи нашъаовар ба имзо мерасонад;
- иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон таъмин менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд ().
11. Директор ду муовин, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки тибқи пешниҳоди Директори Агентӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
12. Ҳайати шахсии Агентӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби озмун ва ба асоси қарордод пурра карда мешавад.
Ихтисор ё зиёд намудани шумораи кормандон бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Ба кормандони Агентӣ шаҳодатномаҳои хизматӣ, нишон ва либоси махсус, ки намунаҳои онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, дода мешаванд.
Ҳангоми қабул ба хизмат кормандони Агентӣ савганд ёд мекунанд.
13. Масъалаи адои хизмати кормандони Агентӣ тибқи Низомномаи тартиби адои хизмат аз ҷониби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, танзим карда мешавад.
14. Маблағгузории фаъолияти Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, давлатҳои маблағгузор ва дигар ташкилоти байналмилалӣ серат мегирад.
15. Агентӣ шахсӣ ҳуқуқӣ буда, дорои ҳисоби пардохт ва дигар ҳисобҳо, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи Агентӣ ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, дигар мӯҳр ва штампҳо ва бланкаҳои намунаашон муқарраршуда дорад.
16. Маҳалли ҷойгиршавии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони ба номи Н. Қарабоев 52, мебошад.
Замимаи 2
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 январи соли 2007, № 156
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Ситод
Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ
Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Раёсати сайёри оперативӣ
Раёсати хизмати оперативӣ
Раёсати тафтишотӣ
Раёсати иттилоотию таҳлилӣ
Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ
Шуъбаи оперативӣ-навбатдорӣ
Шуъбаи молиявию хоҷагӣ
Шуъбаи экспертизаи судӣ
Шуъбаи воситаҳои оперативӣ-техникӣ ва алоқа
Шуъбаи умумӣ
Маркази таълимӣ ()
Замимаи 3
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 январи соли 2007, № 156
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд
Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон
Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе
Шуъбаҳои шаҳрӣ ()
Шӯъбаҳои байниноҳиявӣ
Намояндагиҳои Агентӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии зидди маводи нашъаовар
Приложение 1
Утверждено Указом Президента
Республики Таджикистан
от 30 января 2007 года № 156
ПОЛОЖЕНИЕ ОБ АГЕНТСТВЕ ПО КОНТРОЛЮ ЗА НАРКОТИКАМИ ПРИ ПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
(в редакции Указ Президента РТ от 30.09.2019г.№1357, от 16.03.2023 №543)
I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Агентство по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан (далее - Агентство) является правоохранительным органом, осуществляющим государственную политику в сфере борьбы с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсоров или аналогов, контроля за их оборотом и контролирующим ее реализацию на территории Республики Таджикистан
Основной задачей Агентства является координация и контроль деятельности государственных органов по обороту наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров, противодействие их незаконному обороту, профилактики наркомании, а также координация деятельности общественных организаций по профилактике наркомании.
2. Агентство является органом при Президенте Республики Таджикистан и в своей деятельности подотчетно Президенту Республики Таджикистан.
3. В своей деятельности Агентство руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международно-правовыми актами признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением
4. Агентство, в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, представляет интересы Республики Таджикистан в международных отношениях по вопросам борьбы с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсоров или аналогов, контроля за их оборотом и профилактики наркомании
II. ПОЛНОМОЧИЯ
5. Основными функциями Агентства являются
- выявление предупреждение, пресечение и раскрытие преступлений, связанных с наркотическими средствами, психотропными веществами, их прекурсорами или аналогами выявление и пресечение деятельности преступных наркогруппировок с региональными и международными связями, а также лиц, причастных к данной категории преступлений
- проведение дознания и предварительного следствия по уголовным делам о преступлениях, отнесенных законодательством Республики Таджикистан к компетенции Агентства;
- осуществление оперативно-розыскной деятельности в соответствие с законодательством Республики Таджикистан;
- осуществление производства по этапам об административных правонарушениях в соответствие с законодательством Республики Таджикистан;
- содержание лиц, задержанных по подозрению в совершении преступлении, и арестованных в изоляторах временного содержания Агентства;
- осуществление мер противодействия легализации доходов (отмывание денег) полученных от незаконного оборота наркотиков;
- осуществление мер по обеспечению внутренней безопасности;
- участие в разработке и реализации национальных программ в сфере контроля над наркотиками;
- разработка совместно с компетентными министерствами и ведомствами нормативных правовых актов о порядке оборота наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров на территории Республики Таджикистан и осуществление контроля за их исполнением;
- осуществление контроля в сфере оборота наркотических средств психотропных веществ и их прекурсоров в порядке определяемом законодательством Республики Таджикистан;
- осуществление контроля деятельности предприятий организаций и учреждении независимо от форм собственности в сфере оборота наркотических средств психотропных веществ и их прекурсоров и выдача предписании по устранению выявленных недостатков;
- подписание по поручению Президента Республики Таджикистан или Правительства Республики Таджикистан международных договоров о сотрудничестве в области контроля над наркотиками;
- проведение комплексного анализа и оценки состояния борьбы с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсоров или аналоговконтроля за их оборотом и профилактики наркомании на территории республики
- совместно с Министерством здравоохранения Республики Таджикистан обобщает сведения о потребностях Республики Таджикистан в наркотических средствах и психотропных веществах и представление их в Правительство Республики Таджикистан для последующего направления в Международный комитет ООН по контролю и наркотиками;
- в соответствии с международными Конвенциями ООН по контролю за наркотиками совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами разработка Национального списка наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров и представление его на утверждение Правительства Республики Таджикистан;
- организация и координация работы по обучению, повышению квалификации и обмену опытом сотрудников Агентства, других правоохранительных органов и компетентных министерств и ведомы в республики;
- координация и контроль профилактики наркомании, осуществления других функции, предусмотренных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
6. Агентство вправе:
- осуществлять по поручению Президента Республики Таджикистан проверку деятельности министерств и ведомств по вопросам организации борьбы с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсоров или аналогов
- запрашивать из министерств и ведомств Республики Таджикистан статистические сведения, установленною Правительством республики образца, и иную информацию, необходимую для координации деятельности и взаимодействия в области противодействия незаконному обороту наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсоров или аналогов и контроля за их оборотом
- расследовать уголовные дела связанные с наркотиками, а также по поручению Генеральной прокуратуры Республики Таджикистан и ее органов на местах, уголовные дела не связанные с наркотиками;
- создавать информационно-аналитические системы и осуществлять информационно-аналитическую деятельность по сбору оценке, систематизации, накоплению и анализу информации, имеющей отношение к незаконному обороту наркотиков и иных веществ включенных в Национальный список наркотических средств психотропных веществ и прекурсоров;
- фотографировать, осуществлять звукозапись, видеосъемку дактилоскопирование и регистрацию лиц, задержанных по подозрению или обвиняемых в совершении преступлений, связанных с наркотиками;
- временно ограничивать или запрещать доступ граждан на отдельные участки местности или объекты в целях обеспечения проведения специальных мероприятий по задержанию граждан совершивших или совершающих преступления связанные с наркотиками;
- производить в соответствии с законодательством Республики Таджикистан досмотр ручной клади багажа и личный досмотр пассажиров гражданских воздушных судов, железнодорожного и автомобильного транспорта, а также транспортных средств, с использованием специального оборудования и с служебно-розыскных собак;
- по согласованию с Государственным комитетом по национальной безопасности Республики Таджикистан и Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять свои полномочия в зоне пограничного и таможенного контроля;
- проводить химическую экспертизу изъятых наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсоров или аналогов, а также другие криминалистические исследования
- для определения, выявления и уничтожения дикорастущих наркотикосодержащих растений совместно с другими соответствующими министерствами, ведомствами и местными нсполнительными органами государственной власти проводить ежегодные оперативнопрофилактические операции на территории республики
- осуществлять в установленном порядке хранение следственных оперативных и других материалов относящихся к деятельности Агентства,
- по договоренности использовать банки данных помещения для содержания подозреваемых и арестованных лиц за совершение преступлений, связанных с наркотиками по полиграфическую базу медицинское обеспечение и т.п. других государственных органов Республики Таджикистан;
- в составе лицензионного органа проводить проверки юридических лиц или индивидуальных предпринимателей на предмет соответствия лицензионным требованиям и условиям;
- организовать и вести банк данных по вопросам оборота наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров;
- вносить на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан предложения по совершенствованию законодательства о наркотических средствах психотропных веществах и их прекурсорах;
- на основе международных договоров Республики Таджикистан осуществлять сотрудничество с правоохранительными органами и специальными службами зарубежных государств;
- в установленном порядке открывать представительства Агентства в странах зарубежья, и направлять сотрудников для работы в антинаркотиковых международных организациях;
- в зависимости от складывающейся наркоситуации в регионах и с разрешения Президента Республики Таджикистан создавать на территории республики региональные структурные подразделения межрайонные отделы, городские
7. Сотрудники Агентства имеют право на хранение ношение и применение огнестрельною оружия и специальных средств в порядке и случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.
III. ОРГАНИЗАЦИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ
8. Организационно-правовая структура Агентства состоит из центрального аппарата, территориальных подразделении в Горно-Бадахшанской автономной области Согдийской и Хатлонской областях и межрайонных отделов, городских
9. Руководство Агентством осуществляет Директор, назначаемый и освобождаемый от должности Президентом Республики Таджикистан.
10. Директор Агентства
- руководит и контролирует деятельность Агентства;
- распределяет обязанности между своими заместителями;
- утверждает положения о структурных подразделениях центрального аппарата и территориальных подразделений Агентства;
- представляет предложения Президенту Республики Таджикистан по вопросам создания, реорганизации и ликвидации структурных подразделений Агентства, представительств Агентства в зарубежных странах и уполномоченных международных организациях, а также по вопросам организационного, кадрового, финансового и материальнотехнического обеспечения его подразделений;
- представляет Президенту Республики Таджикистан и Правительству Республики Таджикистан предложения по вопросам деятельности Агентства;
- утверждает смету расходов и штатное расписание Агентства в рамках фонда заработной платы и количесгва сотрудников, установленных Президентом Республики Таджикистан;
- по согласованию с Президентом Республики Таджикистан назначает и освобождает от должности руководителей управлений центрального аппарата, управлений Агентства в Горно-Бадахшанской автономной области, в областях и в городе Душанбе, а также предсгавителей Агентства в зарубежных странах и международных организациях;
- в рамках установленного штатного расписания назначает на должность и освобождает от должности других сотрудников Агентства, а также обслуживающий персонал;
- представляет Президенту Республики Таджикистан предложения о присвоении руководящему составу Агентства специальные высшие звания;
- в установленном порядке присваивает сотрудникам Агентства специальные звания;
- в установленном порядке представляет Президенту Республики Таджикистан предложения о награждении сотрудников Агентства государственными наградами;
- в установленном порядке рассматривает вопрос поощрения и наложения дисциплинарных взысканий сотрудников Агентства;
- утверждает положение о ведомственных наградах, нагрудных знаках, почетном звании сотрудника Агентства, грамотах и их образцах;
- издает распоряжения, ииеющие нормативный и организационный характер;
- разрабатывает и представляет приоритетные направления борьбы с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсоров или аналогов в Республике Таджикистан;
- разрабатывает проекты нормативных правовых актов по вопросам борьбы с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсоров или аналогов, контроля за их законным оборотом и профилактики наркомании;
- в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, принимает решение по материалам административного правонарушения, связанного с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсоров или аналогов;
- выдает предписания по устранению выявленных в ходе проверки недостатков в сфере законного оборота наркотических средств, психотропных веществ и прекурюоров;
- в установленном порядке представляет Республику Таджикистан в международных отношениях в сфере борьбы с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ, их прекурсорюв или аналогов, контроля за их законным оборотом и профилактики наркомании;
- по поручению Президента Республики Таджикистан или Правительства Республики Таджикистан подписывает международные договора по вопросам контроля за наркотиками;
- обеспечивает выполнение обязательств Республики Таджикистан сфере контроля за оборотом наркотических средств, психотропных веществ и прекурсоров в соответствии с международными договорами Реслублики Таджикистан;
- осуществляет другие полномочия, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан
11. Директор имеет двух заместителей, в том числе одного первого назначаемых и освобождаемых от должности Президентом Республики Таджикистан по представлению Директора Агентства.
12. Личный состав Агентства комплектуется из числа граждан Республики Таджикистан на конкурсной и котрактной основе.
Сокращение или увеличение штатной численности осуществляется с согласия Президента Республики Таджикистан.
Сотрудникам Агентства выдается служебные удостоверения, специальный знак и специальная форменная одежда образцы которых утверждаются Президентом Республики Таджикистан.
При поступлении на службу сотрудник Агентства принимают присягу.
13. Вопросы прохождения службы сотрудников Агентства регламентируются "Положением о порядке прохождения службы рядовым и начальствующим составом Агентства по контролю и наркотиками при Президенте Республики Таджикистан" утверждаемым Указом Президента Республики Таджикистан.
14. Финансирование деятельности Агентства осуществляется за счет средств республиканского бюджета средств Управления ООН по наркотикам и преступности, стран-доноров и других международных организаций.
15. Агентство является юридическим лицом, имеет расчетный и другие счета, открываемые в соответствие с законодательством Республики Таджикистан, печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием на государственном, русском и английском языках, иные печати, штампы и бланки установленного образца
Местонахождение Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан Республики Таджикистан, 734018, г Душанбе, проспект Н.Карабаева 52
Приложение 2
Утверден Указом Президента
Республики Таджикистан
от 30 января 2007 года № 156
Структура центрального аппарата Агенгства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан
Руководство
Штаб
Управление кадров и работы с личным составом
Оперативно-розыскное управление
Мобильное оперативное управление
Управление оперативной службы
Следственное управление
Информационно-аналитическое управление
Управление контроля за оборотом наркотиков и профилактики наркомании
Оперативно-дежурный отдел
Финансово-хозяйсгвенный отдел
Отдел судебной экспертизы
Отдел оперативно-технических средств и связи
Общий отдел
Учебный центр
Приложение 3
утверждено Указом Президента
Республики Таджикистан
от 30 января 2007 года № 156
СХЕМА УПРАВЛЕНИЯ АГЕНТСТВА ПО КОНТРОЛЮ ЗА НАРКОТИКАМИ ПРИ ПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Центральный аппарат
Управление Агентства по Горно-Бадахшанской автономной области
Управление Агентства по Согдийской области
Управление Агентства по Хатлонской области
Управление Агентства по городу Душанбе
Городские отделы
Межрайонные отделы
Представительства Агентства в странах зарубежья и международных антинаркотиковых организациях