Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, № 86 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №273"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №273

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №273 "Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 1 пас аз калимаи "донишҷӯёни" калимаҳои "(бакалавр, мутахассис, магистр (минбаъд - донишҷӯён)" илова карда шаванд;

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Стипендияҳои давлатии академӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ, инчунин стипендияҳои давлатӣ барои аспирантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон ва посдокторантони гурӯҳҳои буҷетии шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ бо мақсади ҳавасманд гардондан ва дастгирии иҷтимоии онҳо барои 12 моҳ муқаррар карда мешавад.";

- дар банди 6 калимаҳои "ҳуқуқ доранд" ба калимаи "метавонанд" иваз карда шавад;

- аз банди 7 калимаҳои "дар як соли таҳсил ду маротиба (барои ҳар як давраи академӣ)" хориҷ карда шаванд;

- бандҳои 10 ва 11 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"10. Стипендияҳои давлатии академӣ ба донишҷӯёни курси якум (бакалавр, мутахассис) дар нимсолаи аввали соли таҳсил (семестри 1) аз рӯйи натиҷаи холҳои (баҳо) бадастовардааш дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ таъин карда мешавад.

11. Аз нимсолаи дуюми соли таҳсил ба донишҷӯёни курси якум (бакалавр, мутахассис) ва дар курсҳои болоӣ таҳсилкунанда стипендияҳои давлатии академӣ дар асоси натиҷаи ҷамъбасти сессияи имтиҳони фаъол таъин карда мешаванд. Натиҷаи баҳои таҷрибаомӯзӣ ва лоиҳаи кори курсӣ зимни муайян намудани стипендия ба инобат гирифта намешавад.";

- банди 12 хориҷ карда шавад;

- дар банди 13 ҳарфи "Ғ" ба ҳарфҳои "Ғх, Ғ" иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "иштирок накарданд" калимаҳои "ва қарздор мондаанд" илова ва ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;

- ҷумлаи дуюми банди 14 хориҷ карда шавад;

- банди 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"17. Ба донишҷӯёне, ки бо сабабҳои гуногун дар курсашон такроран мондаанд ё хориҷ гардидаанд, баъди барқарор гардидани онҳо стипендияҳои давлатии академӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти сессияи имтиҳонии фаъол таъин карда мешаванд.";

- дар банди 23 рақамҳои "150", "105" ва "40" мувофиқан ба рақамҳои "270", "188" ва "72" иваз карда шаванд;

- дар банди 24 пас аз калимаи "донишҷӯёни" калимаҳои "зинаи бакалаври" илова карда шуда, рақамҳои "208", "150" ва "56" мувофиқан ба рақамҳои "373", "270" ва "100" иваз карда шаванд;

- дар банди 25 пас аз калимаи "донишҷӯёни" калимаҳои "зинаи интернатура, ординатура ва" илова карда шуда, рақамҳои "250" ва "200" мувофиқан ба рақамҳои "449" ва "359" иваз карда шаванд;

- дар банди 26 рақами "490" ба "880" иваз карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 2 марти соли 2023, № 86

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2019 года, №273

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в Размер и порядок выплаты стипендий студентам, аспирантам и докторантам по специальностям, докторантам и постдокторантам в средних, высших профессиональных и научно- исследовательских учреждениях, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2019 года, №273 "О Размере и порядке выплаты стипендий студентам, аспирантам и докторантам по специальностям, докторантам и постдокторантам учреждений среднего и высшего профессионального образования и научно- исследовательских учреждений", следующие изменения и дополнения:

- пункт 1 после слова "студенты" дополнить словами "(бакалавр, специалист, магистр (далее - студенты)";

- пункт 2 изложить в следующей редакции:

"2. Государственные академические стипендии для студентов средних и высших профессиональных и научно-исследовательских учреждений, а также государственные стипендии для аспирантов и докторантов по специальности, докторантов и постдокторантов бюджетных групп дневных отделений средних и высших профессиональных и научно- исследовательских учреждений устанавливаются сроком на 12 месяцев в целях стимулирования и их социальной поддержки.";

- в пункте 6 слова "имеют право" заменить словом "могут";

- из пункта 7 слова "два раза в учебный год (за каждый академический период)" исключить;

- пункты 10 и 11 изложить в следующей редакции:

"10. Государственные академические стипендии назначаются студентам первых курсов (бакалаврам, специалистам) в первом полугодии учебного года (1 семестре) на основании результата полученных баллов (оценок) на вступительных экзаменах в образовательное учреждение";

11. Со второго полугодия учебного года студентам первых курсов (бакалаврам, специалистам) и старших курсов государственные академические стипендии назначаются по итоговым результатам активных экзаменационных сессий. Результаты оценки стажировки и проект курсовой работы при определении размера стипендии не учитываются.";

- пункт 12 исключить;

- в пункте 13 букву "F" заменить буквами "Fx, F" и после слов "не принимавших участия в экзаменах" дополнить словами "и имеющих долги" и второе предложение исключить;

- второе предложение пункта 14 исключить;

- пункт 17 изложить в следующей редакции:

"17. Студентам, повторно оставленным на курсах или отчисленным по разным причинам, после их восстановления государственные академические стипендии назначаются по итоговым результатам активной экзаменационной сессии.";

- в пункте 23 цифры "150","105" и "40" соответственно заменить цифрами "270", "188" и "72";

- пункт 24 после слова "студентам" дополнить словами "степени бакалавра" и цифры "208", "150" и "56" соответственно заменить цифрами "373", "270" и "100";

-пункт 25 после слова "студентов" дополнить словами "интернатуры, ординатуры и" и цифры "250" и "200" соответственно заменить цифрами "449" и "359";

- в пункте 26 цифру "490" заменить цифрой "880".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 2 марта 2023 года №86