ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисгон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"-ро дар доираи воҳидҳои кории амалкунандаи соҳаи тандурустӣ ҳал намояд.
3. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии "Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" бо миқдори 17 воҳид бо дарназардошти ҳайати кормандони техникӣ муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" дар солҳои 2023-2025 аз ҳисоби маблағҳои грантии шарикони рушд таъмин гардида, дар солҳои минбаъда вазоратҳои молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида барои ин мақсад маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.
5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо бино таъмин намудани Муассисаи давлатии "Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" чораҷӯйӣ намояд.
6. Ба Номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати чилу сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 2 марти соли 2023, № 79