Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аз 2 марти соли 2023, № 73

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2023, № 73

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2023, № 73

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2026№ 675)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон (минбаъд - Тартиб) раванди пешбурд ва воридсозии маълумот дар бораи қарздорон ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон (минбаъд - Феҳрист) ва хориҷ намудани маълумот дар бораи қарздоронро муайян намуда, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ, пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он ва таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро пеш бурда мешавад.

2. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздоронро Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷро) амалӣ менамояд.

3. Ба Феҳрист маълумот дар бораи қарздорон (ба истиснои маълумот дар бораи қарздороне, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, инчунин қарздороне, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ зиёда аз се моҳ қарздор нестанд ва қарздорон оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрои хусусияти ғайри молумулкидошта) дар баробари қабули қарори оғози истеҳсолоти иҷро ворид карда мешаванд.

2. ТАРТИБИ ПЕШБУРД ВА ВОРИДИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҚАРЗДОРОН БА ФЕҲРИСТ

4. Феҳрист дар шакли ҳомили электронӣ пеш бурда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2026 № 675).

5. Феҳрист дар бораи қарздорон дорои маълумоти зерин мебошад:

1) рақами тартибӣ;

...

2) насаб, ном ва номи падари (дар ҳолати будан) қарздор - шахси воқеӣ, маҳалли истиқомат, санаи таваллуд ва рақами мушахасси андозсупоранда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2026 № 675);

3) номи қарздор-шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;

4) рақам ва санаи оғози истеҳсолоти иҷро;

5) санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор ва санаи қабули он;

6) насаб, ном ва номи падари (дар ҳолати будан) ситонанда - шахси воқеӣ, маҳалли истиқомат, санаи таваллуд ва рақами мушахасси андозсупоранда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2026 № 675);

7) номи ситонанда-шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;

8) муҳтавои ҳуҷҷати иҷро бо нишон додани маблағи ситонидашаванда;

9) маълумот оид ба иҷро гардидани талаботи ҳуҷҷати иҷро;

10) санаи хориҷ намудани қарздор аз Феҳрист.

6. Ворид намудани маълумот дар бораи қарздор ба Феҳрист дар асоси қарори оғози истеҳсолоти иҷро ва пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад.

7.Ҳомили электронии Феҳрист дар барномаи электронӣ бо пурра нишон додани маълумоти дар банди 5 Тартиби мазкур зикршуда пеш бурда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2026 № 675).

8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷро тартиби аз ҷониби кормандони Хадамоти иҷро сари вақт ва дуруст пешниҳод кардани маълумотро ҷиҳати ворид кардан ба Феҳрист муайян менамояд. Маълумот ба Феҳрист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва сохторҳои он дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ ворид карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2026 № 675).

9. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷро бо дархости мақомоти давлатии дахлдор иттилооти заруриро аз Феҳрист пешниҳод менамояд.

10. Бо ворид гардидан ба Феҳрист шахси қарздор аз истифодаи ҳуқуқҳои зерин маҳдуд мегардад:

1)ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки бояд дар феҳристи дахлдор ба қайд гирифта шавад;

2)ҳуқуқи ихтиёрдории неъматҳои дигари молумулкии ғайримоддӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2026 № 675).

11. Мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (аз ҷумла нотариусҳо, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул, ташкилотҳои қарзӣ ва мақомоти дигари дахлдор) ва субъектҳои дигари дар ҳолатҳои иҷрои ваколатҳои ба онҳо вогузоршуда, дар сурати муроҷиати шахс барои иҷрои амали муайян, ки ба Феҳрист дохил гардида, дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда шудааст, уҳдадоранд то иҷрои уҳдадориҳои бо санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор вогузоркардашуда аз ҷониби шахси ба Феҳрист дохилкардашуда амалиёт нагузаронанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2026 № 675).

12. Ҳангоми дар бонкҳо кушодани суратҳисоб ба номи шахси воқеӣ, ки ба Феҳрист дохил карда шуда, дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда шудааст, аз ҷумла тавассути зерсохторҳои бонк ё ҳангоми пӯшидани суратҳисоб аз ҷониби ин шахс, бонкҳо уҳдадоранд мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷроро дар рӯзи кушодан ё пӯшидани суратҳисоб (ба таври хаттӣ ва электронӣ) огоҳ намоянд.

3. ТАРТИБИ ХОРИҶ НАМУДАНИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҚАРЗДОРОН АЗ ФЕҲРИСТ

13. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷро уҳдадор аст, ки дар асоси пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро ва ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳои зерин маълумотро нисбат ба қарздорон аз Феҳрист дар муҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ хориҷ намояд:

1)иҷрои пурраи талаботи ҳуҷҷати иҷро;

2)ивази ҷаримаи таъингардида ба намуди дигари ҷазо;

3)тағйир ёфтани санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, агар асосҳои ба Феҳрист ворид намудан аз байн рафта бошанд;

4)дар асоси аризаи ситонанда баргардонидани ҳуҷҷати иҷро, ба истиснои ҳолатҳое, ки ситониш ба фоидаи давлат анҷом дода мешавад;

5)дар ҳолати қатъ гардидани истеҳмолоти иҷро (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2026 № 675).

14. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷро тибқи талаботи банди 13 Тартиби мазкур барои хориҷ намудани маълумот дар бораи қарздорон аз Феҳрист чораҷӯйӣ менамояд.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

15. Шакли электронии Феҳрист дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷро ҷойгир карда шуда, вобаста ба раванди иҷрои итеҳсолоти иҷро ба он тағйирот ворид карда мешавад.

16. Шахсоне, ки муқаррароти Тартиби мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.