Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2023, №71
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2023, №71
Низомномаи Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ (минбаъд - Шӯро) бо мақсади додани тавсияҳо барои истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, пешниҳодҳо оид ба ташкили сайди саноатии моҳӣ, аз худ намудани ҳавзаҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳидорӣ якҷо бо муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таъсис дода шудааст.
2. Ба ҳайати Шӯро намояндагони вазорату идораҳое, ки дар раванди батанзимдарорӣ ва таъмини истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ иштирок мекунанд, дохил мешаванд.
3. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ" ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи Шӯроро ба роҳбарӣ мегирад.
2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШӯРО
4. Вазифаҳои асосии Шӯро аз инҳо иборатанд:
- таҳияи тавсияҳо оид ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ дар обҳавзаҳои табиии ҷумҳурӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоиди рушд, истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ дар обҳавзаҳои табиӣ;
- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои ҳолатҳои гидрологӣ, гидрогеокимиёвӣ, бунёди дастгоҳҳои муҳофизати моҳӣ дар обҳавзаҳо ва иншооти экологии об;
...