Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2023, № 50
Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти бахши хусусӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар бо роҳи таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некуаҳволии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рушди босуръати бахши хусусӣ зарур буда, он ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ мусоидат менамояд ва дар ин самт таҳияи маҷмуи тадбирҳои мушаххас пешбинӣ мегардад.
2. ВАЗЪИ ИМРӯЗАИ РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА ДАСТОВАРДҲО
3. Рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати созандаи давлат мебошад. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ислоҳоти маҷмӯии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ амалӣ гардид.
4. Ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва содагардонии савдои беруна ислоҳоти манфиатноке мебошад, ки ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшид.
5. Дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии Барномаи давлатии дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тадбирҳои зарурӣ андешида шуд, ки дар натиҷа шумораи субъектҳои фаъолияти соҳибкории амалкунанда аз 187 ҳазори соли 2012 то 338 ҳазор дар соли 2021 расонида шуд, ки ин 82 фоизи афзоиш ёфтани нишондиҳандаи мазкурро нишон медиҳад. Аз ҷумла, шумораи шахсони ҳуқуқӣ аз 26,2 ҳазор то ба 30,9 ҳазор ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ аз 161,2 ҳазор то ба 307 ҳазор зиёд гардид, ки мутаносибан 19 ва 93 фоиз афзоишро нишон медиҳад.
6. Агар дар соли 2012 саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 49,3 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 он ба 70 фоиз расонида шуда, дар пардохти андозҳо 80 фоизро ташкил додааст.
7. Дар соли 2021 доираи 70 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолияткунандаро бахши хусусӣ дарбар мегирад. Барои муқоиса, дар соли 2012 нишондиҳандаи мазкур 64,5 фоизро ташкил медод.
8. Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар ҳисоботи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ "Пешбурди соҳибкорӣ" ба таври назаррас беҳтар намуд ва дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидаи Ҳукумати кишвар дар солҳои 2015 ва 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ба қатори даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар дар самти пешбурди соҳибкорӣ шомил гардид. Дар натиҷаи ислоҳоти татбиқшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 100 имтиёзу сабукиҳо пешниҳод карда шуд.
9. Аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳибкорон, бахусус соҳибкорони хурду миёна аҳаммияти махсус дода шудааст. Аз ҷумла, агар ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаи соҳибкорӣ дар соли 2012 ҳамагӣ 5 694,8 млн сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 8 827,4 млн сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2012 55,0 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, дар 10 соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳибкорони ватанӣ дар ҳаҷми 68 644,6 млн сомонӣ қарз дода шудааст.
10. Дар натиҷаи ислоҳоти амалишуда дар бахши танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ низоми баргузории санҷишҳо мукаммал карда шуда, шумораи санҷишҳо аз 292 ҳазори соли 2016 то ба 41 ҳазор дар соли 2021 коҳиш ёфта, шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 то ба 26 мақом расонида шуд. Ҳамзамон, номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ то 27 номгӯй, яъне аз 86 ба 59 номгӯй кам гардида, барасмиятдарории электронии 30 фоизи номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба роҳ монда шуд. Дар баробари ин, расмиёти муфлисшавии корхонаҳо содатар гардида, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таъсиси Шӯрои нозирон ва муайян кардани ваколатҳои он бо дарназардоши таҷрибаи байналмилалӣ фароҳам оварда шуд.
11. Бо мақсади таъмини шартҳои шаффофият, дастрасӣ ва сарфа намудани хароҷоти ҷараёни гирифтани иҷозатнома дар бахши сохтмон маркази "Равзанаи ягона" таъсис дода шуд, ки он ба тариқи реҷаи мустақим (онлайн) ба мизоҷон ва соҳибкорони шаҳри Душанбе хизмат мерасонад.
12. Барои содагардони пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва ба меъёрҳои муосир баробар намудани ин раванд низомҳои "Равзанаи ягона" барои барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, инчунин барои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва механизмҳои дигари муосир бо истифодаи технологияҳои электронӣ ҷорӣ гардид, ки онҳо ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодаанд.
13. Дар баробари натиҷаҳои бадастовардашуда дар рушди бахши хусусӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалношуда вуҷуд доранд. Аз ҷумла:
- мавҷуд будани мураккабии маъмурикунонии андоз ва сарбории начандон баланди андозӣ назар ба давлатҳои минтақа барои фаъолияти соҳибкорӣ;
- таъсирбахшии нокифояи механизмҳои дастгирии давлатӣ ва танзими соҳибкорӣ;
- монеаҳои маъмурӣ дар роҳи пешрафти соҳибкорӣ;
- мавҷуд будани назорату санҷишҳои барзиёди фаъолияти бахши хусусӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ;
- рушди нокифояи инфрасохтори дастгирии давлатии субъектҳои бахши хусусӣ, аз ҷумла инфрасохтори молиявӣ, таълимӣ ва машваратӣ;
- мураккабии бархурдорӣ ва баҳрамандгардӣ аз имтиёзу афзалиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ;
- сатҳи нокифояи ҷорикунии технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла рушд наёфтани хизматрасониҳои электронии давлатӣ;
- меъёрҳои фоизии баланди қарзҳои бонкӣ ва рушди нокифояи бозори қарздиҳии дарозмуддат;
- мавҷуд набудани фондҳои давлатии қарздиҳӣ ва кафолатӣ;
- ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани механизми ҳалли масъалаҳои муфлисшавӣ;
- сатҳи нокифояи донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорони ватанӣ.
3. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
14. Ҳадафи асосии Барнома - ин таъмини шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, рақобатпазир намудани онҳо ва фаъолнокии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
15. Барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида дар доираи Барнома амалисозии вазифаҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:
- амалисозии ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ ва низоми ҳимояи давлатии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ дар рушди фаъолияти бахши хусусӣ, рушди низоми иҷрои қарордод ва ҳуқуқҳои молумулкӣ;
- содагардонии минбаъдаи маъмурикунонии андоз ва мунтазам коҳишдиҳии сарбории андоз барои бахши хусусӣ бо дарназардошти вазъи иқтисодии мамлакат;
- ҷорӣ намудани таҷрибаи байналмилалӣ оид ба пурзӯр кардани идоракунии дастаҷамъӣ (корпоративӣ);
- ташкил ва рушди механизмҳои самараноки ҷалби маблағҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор;
- таъсиси инфрасохтори муосири дастгирии бахши хусусӣ бо ҷорикунии васеи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ;
- ташкили низоми самараноки тайёр намудан, бозомузӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои соҳибкории хурду миёна;
- такмили қонунгузорӣ бо мақсади суръатбахшии рушди соҳибкорӣ;
- баланд бардоштани қобилият ва малакаи касбии соҳибкорон;
- таъмини рақобати солим дар иқтисодиёти миллӣ;
- баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ;
- коҳиш додани шумораи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ ва намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда барои пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ;
- ба танзим даровардан ва муайян кардани шакл ва усулҳои назорат (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ);
- пурзӯрнамоии мубориза ба коррупсия ва омилҳои бавуҷудоварандаи он;
- содагардонии расмиётҳо оид ба пешниҳоди имтиёзу афзалиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ;
- такмили механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон;
- дастгирии бахши хусусӣ бо роҳи пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва ё ҷуброни фарқияти меъёрҳои фоизи бозории қарзҳои имтиёзноки ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ мукаммал намудани механизмҳои ба ҷараёни муфлисшавӣ алоқаманд;
- тақвияти назорати гумрукӣ ҳангоми воридот ва содироти молу маҳсулот;
- баланд бардоштан ва устуворсозии эътимоди аҳолӣ ба фондҳои суғурта, нафақа ва сармоягузорӣ;
- баланд бардоштани донишҳои иқтисодию молиявӣ ва ҳуқуқии соҳибкорони ватанӣ.
4. ИСЛОҲОТИ ИНСТИТУТСИОНАЛӢ БАРОИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ
§1. Такмили қонунгузорӣ барои рушди босуръати бахши хусусӣ
16. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ масъалаҳои фаъолияти соҳибкориро ба танзим медароранд. Новобаста ба қабул ва мавриди амал қарор гирифтани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, дар ин самт масъалаҳои зиёде то ба ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Аз ҷумла, дар қонунгузорӣ, ба истиснои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ба таври мушаххас мафҳумҳо ва муқаррарот вобаста ба "бахши хусусӣ" ё худ "соҳибкории хусусӣ" ҷудо нагардидаанд.
17. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ташкили фондҳои дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва фондҳои кафолатии давлатиро ба таври дахлдор танзим накардааст. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон меъёри миёнавазни қарзҳои бонкӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 бо пули миллӣ 23,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,87 фоизро ташкил медиҳад.
18. Дар баробари ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии фаъолияти бахши хусусии соҳаи кишоварзиро ба таври самаранокии нокифоя танзим намекунад.
19. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда ва ноил шудан ба ҳадафҳои Барнома дар доираи афзалияти мазкур амалисозии вазифа ва тадбирҳои асосии зерин пешбинӣ мегардад:
1) бартараф намудани мухолифат ва омилҳои такроршавӣ дар қонунгузории амалкунанда оид ба дастгирии соҳибкорӣ, инчунин ҳамоҳангсозии байниҳамдигарии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ:
- дар мувофиқа бо бахши хусусӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ", "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ", "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- аз субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҷудо кардани "бахши хусусӣ" ё "соҳибкории хусусӣ";
- омода намудани таклифҳо ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор бо мақсади пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкории хусусӣ;
- андешидани чораҳо ҷиҳати коҳиш додани меъёрҳои фоизии қарзҳои бонкӣ барои ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ;
- омӯзиш ва пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати таъсиси фондҳои венчурӣ ва фондҳои ғайридавлатии нафақа;
- баланд бардоштани сатҳи эътимоди аҳолӣ ба фондҳои суғурта, нафақа ва сармоягузорӣ;
- ба танзим даровардани масъалаҳои муҳими соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ;
2) таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешниҳоди имтиёзҳо, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва савдои электронӣ:
- ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба кодексҳои андоз, тандурустӣ ва гумрук мутобиқ бо талаботи муосиргардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- аз ҷониби мақомоти соҳавӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба имтиёзу сабукиҳои мавҷуда, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ равона гардидаанд;
- такмили қонунгузории хусусигардонии моликияти давлатӣ ва иҷораи он.
§2. Такмил ва рушди минбаъдаи низоми ҳимояи давлатии манфиатҳои қонунии соҳибкорӣ
20. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи давлатии манфиатҳои қонунии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
21. Новобаста ба меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, мушкилот дар низоми ҳимояи давлатии манфиатҳои қонунии бахши хусусӣ ва рушди минбаъдаи он боқӣ мемонад.
22. Гарчанде ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" дар таҳрири нав ва санадҳои меъёрии зерқонунии он қабул ва мавриди амал қарор гирифта бошанд ҳам, то имрӯз мушкилиҳо дар самти амалисозии назорати фаъолияти бахши хусусӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, татбиқи меъёрҳо ва арзёбии дараҷаи таваккали субъектҳои соҳибкорӣ барои гузаронидани санҷишҳо боқӣ мемонад.
23. Дар баробари ин баҳри ҳимояи манфиатҳои қонунии худ бахши хусусӣ барои муроҷиат намудан ба мақомоти судӣ ва ё мақоми дигари ваколатдори давлатӣ то андозае ҳавасманд нестанд.
24. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда ва ноил шудан ба ҳадафҳои Барнома дар доираи афзалияти мазкур чунин вазифаҳо ва тадбирҳои асосӣ гузошта мешаванд:
- ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии бахши хусусӣ дар мурофиаҳои судӣ, ки баҳси онҳо бо мақомоти давлатӣ сурат мегирад, иштироки ҳатмии намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва сохторҳои минтақавии он;
- мушаххас намудани шаклҳои амалӣ намудани назорати (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) фаъолияти бахши хусусӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ;
- дар доираи қонунгузорӣ мушаххас намудани расмиёти гузаронидани санҷишҳои тибқи назорати аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, қонунгузории андоз ва гумрук амалишаванда;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор барои сода намудани тартиби барҳамдиҳии субъектҳои соҳибкорӣ;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ ба шахси мансабдор барои риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, иҷозатнома ва ё муҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, иҷозатнома ҳангоми додани онҳо, инчунин барои ба бахши хусусӣ додани ҳуҷҷатҳое, ки хусусияти иҷозатдиҳиро барои амал ва ё фаъолият дошта, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешбинӣ нагардидаанд.
§3. Бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ дар рушди фаъолияти бахши хусусӣ
25. Монеаҳои маъмурӣ дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти назарраси фаъолияти бахши хусусӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, зарурати риояи шумораи зиёди қоидаҳо ва расмиёти ҳатмии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои мақомот ва сохторҳои давлатӣ, ки фаъолияти бахши хусусӣ ва сармоягузориро халалдор мекунанд.
26. Таҳлили фаъолияти бахши хусусӣ нишон медиҳад, ки монеаҳои маъмурӣ, пеш аз ҳама, дар самтҳои зерин вуҷуд доранд:
- бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
- иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- сертификатсия ва стандартикунонии мол, кор ва хизматрасонӣ;
- назорат ва санҷиши фаъолияти бахши хусусӣ.
27. Солҳои охир, сарфи назар аз гузаронидани ислоҳот ва андешидани тадбирҳои судманд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кам намудани монеаҳои маъмурӣ, ҳоло ҳам дар фаъолияти бахши хусусӣ мушкилиҳо ҷой доранд.
28. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда вазифаҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
- омӯзиши муттаҳид кардани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва низоми иҷозатдиҳӣ;
- бо мақсади танзими низоми иҷозатдиҳӣ аз байн бурдани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои амал ва фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, ҳамзамон мутобиқ намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла мувофиқакунии ҳатмии реҷаи кории бахши хусусӣ, ба истиснои хизматрасониҳои муҳимми иҷтимоӣ;
- бо мақсади аз байн бурдани дахолати беасос ба фаъолияти бахши хусусӣ ба танзим даровардани ваколатҳои назоратии (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) мақомот ва сохторҳои давлатӣ;
- таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба манъ кардани назорату санҷишҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо дарназардошти пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ.
§4. Содагардонии маъмурикунонии андоз ва мунтазам коҳишдиҳии меъёрҳои андоз барои бахши хусусӣ
29. Тадриҷан такмил додани низоми андозбандӣ ва маъмуринокии андоз, санҷишҳои андозӣ, меъёрҳо ва намудҳои андоз барои соҳибкорон мувофиқи мақсад дониста мешавад.
30. Амалӣ намудани тадбирҳои мазкур барои таъмини фаъолияти шаффоф аз ҷониби соҳибкорон, дар асоси хавфҳо гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, боз ҳам мусоид гардидани меъёрҳои баъзе андозҳо ва маъмуринокии андоз мусоидат менамояд.
31. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда вазифаҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
1) мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз ва низоми андозбандӣ:
- ба танзим даровардан ва сода гардонидани расмиёти ҳисоботсупорӣ, коҳиш додани хароҷоти ҷорӣ ҳангоми гузаштани расмиёти маъмурӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ;
- оммафаҳм намудани муқаррароти меъёрҳои санадҳои зерқонунии андоз, пурзӯр намудани ҳимояи ҳуқуқӣ ва қонунии манфиатҳои соҳибкорон ва сармоягузорон;
- бо дарназардошти он хусусиятҳои фаъолияти соҳибкорон, сармоягузорон ва дигар андозсупорандагон мунтазам гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) тақвият бахшидан ба раванди расмиёти муосири электронӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз:
- ҷорӣ намудани истифодаи васеи технологияи рақамӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз ҷиҳати коҳиш додани робитаи мустақим байни андозсупоранда ва масъулини мақомоти андоз;
- баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон дар мақомоти андоз;
- мукаммал гардонидани низоми электронии мақомоти андоз, аз ҷумла низоми электронии маъмурикунонии семасира (сурх, зард ва сабз) ҳангоми назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар мақомоти андоз. Фаъолияти субъектҳои дар минтақаи сурх - таҳти назорати бошиддат, минтақаи зард - кумак ва минтақаи сабз - аз назорат озод қарор мегирад. Чунин равиш барои ҷой гирифтан дар минтақаи сабз (андозсупорандаи бомасъулият) субъектҳои хоҷагидорро ҳавасманд месозад.
§5. Фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
32. Бо вуҷуди ислоҳоти гузаронидашуда дар самти беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ тибқи таҳлилҳо фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмил ниёз дорад.
33. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда вазифаҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
1) беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани симои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути:
- беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандии Индекси рақобатпазирии глобалӣ, Индекси бехатарӣ ва амнияти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ва дигарҳо;
- паҳн намудани иттилооти зарурӣ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии он дар расонаҳои иттилоотии байналмилалӣ, шабакаҳои интернетӣ;
- ба вуҷуд овардани симои саҳеҳу мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва фазои виртуалӣ тавассути пурзӯр намудани ҳузури он дар фазои виртуалӣ ва сифатан хуб амалӣ намудани он;
- таъмин намудани маблағгузории сомонаҳои интернетии расмии мақомоти давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;
- ташкили рейтинги миллии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) баланд бардоштани рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон:
- бартараф намудани масъалаи суръати сусти интернет ва гаронии нархи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаронидани ислоҳоти соҳаи алоқа;
- пайваста таҳлил намудани вазъи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои хориҷа ва бо дарназардошти дигаргуниҳои дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон рухдиҳанда такмил додани қонунгузории миллӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ;
- мусоидат намудан ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инфрасохтор ва мавзеъҳои сайёҳӣ;
- беҳтар намудани дастрасии бахши хусусӣ ба асъори хориҷӣ;
- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусии мамлакат ва такмили идоракунии корпоративӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар фаъолияти бахши хусусӣ;
3) содагардонии расмиёти маъмурӣ, коҳиш додани расмиятпарастии мақомот ва сохторҳои давлатӣ ва тақвияти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ тавассути:
- кам кардани мубодилаи мустақим байни корманди мақомоти давлатӣ ва соҳибкор тариқи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ;
- такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳимояи рақобат, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди рақобати солим дар бозор;
- тақвият додани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва минбаъд ба роҳ мондани баҳогузории натиҷаи фаъолияти мақомоти маҳаллӣ аз рӯи меъёрҳо;
- таҳия ва қабули нақшаи чорабиниҳои минтақавии дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- истифодаи васеи хизматрасониҳои электронӣ дар раванди амалӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, сарфа кардани хароҷот ва вақти соҳибкорону сармоягузорон, пурзӯр кардани мубориза бо коррупсия, инчунин баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти институтсионалӣ;
- боз ҳам сода ва мукаммал намудани расмиёти бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ;
- баҳисобгирӣ ва содагардонии шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва пурзӯр намудани механизмҳои муосири низоми электронӣ барои пешниҳоди ҳисоботи оморӣ;
- дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шӯроҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон;
- ҷорӣ намудани талаботи ҳатмии истифода кардани низоми электронии пешниҳоди ҳисоботҳои андозию оморӣ;
- ташкили сомонаи мустақими махсус барои соҳибкорон дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон, ки дар он тамоми иттилоот, қонунгузорӣ, қоидаҳо, имтиёзҳо, расмиётҳо барои бахши хусусӣ ҷойгир карда мешаванд. Сомонаи мазкур ҳамчун махзани ягонаи иттилоотии дастгирии давлатии соҳибкорӣ хизмат менамояд;
§6. Рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва таъмини ҳуқуқҳои молумулкӣ
34. Таъмини иҷрои қарордодҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳим дар арзёбии байналмилалӣ мебошад.
35. Новобаста аз корҳои анҷомдодашуда, дар ин самт мушкилот вуҷуд дошта, солҳои охир дар ин самт ислоҳоти назаррас гузаронида нашудааст, ки аз мавҷудияти имкониятҳои васеъ ва истифоданашуда шаҳодат медиҳад.
36. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда вазифаҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
- тақвияти раванди аз ҷониби судҳо ҷорӣ гардидани ҳуҷҷатгузории электронӣ, инчунин ба таври автоматӣ ҷорӣ кардани тақсимоти парвандаҳо ба судяҳо дар суди иқтисодӣ;
- ба тартиб даровардани шумораи зиёди мавқуфгузориҳои имконпазир ва маҳдуд намудани онҳо бо ҳолатҳои истисноӣ, тариқи ворид намудани тағйирот ба қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъмини дастрасии соҳибкорони инфиродиву ҳуқуқӣ ба иттилоот оид ба истифодабарии қитъаҳои замин ва ҳуқуқҳои вобаста ба он аз ҷониби мақоми ваколатдор;
- таҳия ва ҷорӣ намудани стандартҳои хизматрасонӣ дар самти истифодабарии феҳристи замин, кадастр ва механизмҳои ҷавобгарӣ дар ҳолати риоя нагардидани муҳлати муқарраргардида;
- таъсиси махзани электронии маълумот барои маҳдудияту уҳдадориҳо, ки имконияти пешниҳоди босифати хизматрасониҳои давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад.
§7. Ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар самти идоракунии дастаҷамъӣ
37. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда вазифаҳои зерин пешбинӣ мешавад:
1) такмили қонунгузорӣ дар самти идоракунии дастаҷамъӣ ва мутобиқкунонии он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ:
- таҷдиди назар намудани қонунгузории амалкунанда дар самти идоракунии дастаҷамъӣ;
- гузаронидани семинар ва тренингҳо оид ба навгонӣ дар самти идоракунии дастаҷамъӣ;
- ба роҳ мондани фаъолияти кластерҳои соҳавӣ;
- фароҳам овардани имтиёзҳо ба ширкатҳое, ки идоракунии дастаҷамъиро татбиқ мекунанд;
2) муҳофизати саҳмиядорон ва саҳмгузорон:
- фароҳам овардани шароити баробарҳуқуқӣ барои сармоягузорони миноритарӣ дар доираи қонунгузорӣ;
- таҳким бахшидани ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ аз бархӯрди манфиатҳо ва ҳуқуқҳои саҳомон дар идоракунии дастаҷамӣ;
- таҳкими ҳуқуқҳо ва нақши саҳмдорон дар қабули қарорҳои идоракунӣ, кам кардани хавфи қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳо бо сабаби муноқишаҳои идоракунии дохилӣ ва баланд бардоштани ҳисоботдиҳӣ;
- таъмин намудани сармоягузорони миноритарӣ бо маълумоти муфассал оид ба идоракунии дастаҷамъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. ТАШКИЛ ВА РУШДИ МЕХАНИЗМҲОИ САМАРАНОК БАРОИ ҶАЛБИ МАБЛАҒҲО БА БАХШИ ВОҚЕИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИНФРАСОХТОР
§1. Механизмҳои ҷалби маблағҳои бахши хусусии хориҷӣ
38. Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёдшавии ҳаҷми маблағҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор ҳамчун заминаи асосӣ барои рушди иқтисодиёт ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва рушди пурмаҳсул мегардад.
39. Рушди иқтисодиёт тавассути ҷалби маблағҳои бахши хусусии хориҷиву ватанӣ ва пасандозҳо таъмин гардида, он танҳо дар ҳолати баланд шудани сатҳи рақобатпазирӣ ва ҷолибияти муҳити соҳибкорӣ, мустаҳкам гаштани суботи макроиқтисодӣ, инчунин рушди самаранок ва амиқи бахши молиявӣ ба вуқуъ меояд.
40. Пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ва карантинӣ, аз ҷумла бемории сироятии COVID-19 дар саросари ҷаҳон воридоти маблағҳои бахши хусусии хориҷиро коҳиш дода, ба шиддат гирифтани рақобат байни кишварҳои ҷаҳон оварда расонидааст.
41. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда вазифаҳои зерин пешбинӣ мешавад:
1) мукаммал намудани сиёсати ҷалби сармоя тавассути амалӣ намудани тадбирҳои зерин:
- тақвият додани фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла пурзӯр намудани пешниҳоди хизматрасониҳои машваратию иттилоотии ройгон ба бахши хусусӣ, дар алоҳидагӣ корбарӣ намудан бо бахши хусусии дохилию хориҷӣ ва саривақт баррасӣ намудани мушкилот ва ҳалли онҳо, ба роҳ мондани робита бо бахши хусусии дохилию хориҷӣ тавассути платформаи электронии муосир;
- тақвият бахшидан ба фаъолияти шӯроҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд;
- рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҷалби маблағҳои хусусӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар ҷумҳурӣ. Лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи инфрасохтор бо ҷалби маблағҳои хусусӣ бояд бо дарназардошти ҳадафҳои рушди устувор амалӣ карда шаванд. Низоми ҳавасмандгардонӣ, дастгирии давлатӣ ва кафолат ҷиҳати ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ дар амалисозии лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис меёбад. Бо мақсади ҳарчи бештар амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ Фонди маблағгузории лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода мешавад;
- амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати паст кардани хавфи пандемия ва эпидемияи бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ва карантинӣ, аз ҷумла бемории сироятии COVID-19 ва оқибатҳои он;
2) такмил ва ҷорӣ намудани тадбирҳои нав барои беҳтар намудани ҷолибияти муҳити соҳибкорӣ ва рақобатпазирӣ тавассути:
- мусоидат ба фароҳам овардани заминаҳои ташаккулёбӣ ва фаъолияти самараноки кластерҳои истеҳсолӣ барои рушди шаҳрҳои хурд;
- ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ;
- баланд бардоштани рақобатнокии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, баланд бардоштани ҷолибияти онҳо ва ҷалби бештари сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо инфрасохтори лозима, инчунин бо мақсади паст кардани арзиши иҷораи замину молу мулк ва фаъол гардонидани сомонаҳои интернетӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъмини қувваи барқ, шабакаи обтаъминкунӣ, таъмири роҳи оҳан ва нақлиёт.
§2. Механизмҳои ҷалби маблағҳои бахши хусусии ватанӣ
42. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда вазифаҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
1) баланд бардоштани сатҳи эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои ватанӣ:
- такмили сохтори дороиҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар самти зиёд кардани дороиҳои даромаднок;
- баррасии таъсиси зерсохторҳои махсус дар бонкҳои калони тиҷоратӣ ва ташкилоти амонатии қарзии хурд барои пешниҳоди хизматрасониҳои ҳамаҷонибаи машваратӣ ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ;
- вусъат додани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори низоми пардохт ва гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ;
- ташаккули маърифати маблағгузории аҳолӣ, аз ҷумла афзоиши шумораи суратҳисобҳои амонатӣ;
2) фароҳам овардани интернети баландсуръат ва арзон барои соҳибкорон:
- ташкили фазои ягона ва озод барои рақобати солим миёни иштирокчиёни бозори алоқаи мобилӣ ва воридоти интернет, фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид гардидани ширкатҳои мобилии (интернет) хориҷӣ ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба корбарии рақамӣ гузаронидани тамоми хизматрасониҳои давлатӣ;
3) ташвиқу тарғиби соҳибкорӣ ва рушди тиҷорат:
- гузаронидани семинару тренингҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
- ташкили сафарҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон ба давлатҳои дигар барои омӯхтани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба рушди тиҷорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд;
- ҷалби соҳибкорони ватании бурунмарзӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
§3. Механизмҳои ҷалби маблағҳои пасандозҳои дохилӣ
43. Дар солҳои охир технологияҳои муосири пардохтӣ рушд ёфта, истифодаи васеи воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла бонкдории мобилӣ, интернет-банкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва ҳамёнҳои электронӣ, дастрасии хизматрасониҳои бонкиро беҳтар кардаанд.
44. Бо мақсади ҷалб намудани як қисми ин маблағҳо барои эҳтиёҷоти сармоягузорӣ бояд як қатор тадбирҳои ба ҳам алоқаманд оид ба ҳалли вазифаҳои дар поён овардашуда амалӣ карда шаванд:
1) такмили заминаи меъёрӣ барои васеъ намудани имкониятҳо ҷиҳати ҷалби пасандозҳо аз аҳолӣ барои эҳтиёҷоти сармоягузорӣ, инчунин кафолати ин амонатҳо тавассути таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:
- оид ба ташкили шабакаи ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ (фондҳои маблағгузорӣ, ширкатҳои хусусии нафақавӣ, фондҳои венчурӣ ва суғуртавӣ, сармоягузорони тиҷоратӣ ва ғайра) ва гардиши коғазҳои қиматноки корпоративӣ бо муҳлати пардохташон аз 5 то 30 сол барои маблағгузории бахши воқеӣ ва инфрасохтор;
- ташкил ва таҳкими фаъолияти ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, аз ҷумла суғурта, нафақа ва фондҳои сармоягузорӣ;
- оид ба сода кардани тартиби ворид шудан ба бозори молиявӣ барои иштирокчиёни нав, алалхусус ташкилотҳои молиявии хориҷӣ;
- оид ба ташаккул ва ҳавасмандгардонии рафтори молиявии аҳолӣ ва рушди шабакаи фондҳои ҳиссавии сармоягузорӣ;
- оид ба таҳия ва амалисозии тартиби омодасозӣ ва арзёбии лоиҳаҳо мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ;
- ҷалб намудани ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба фаъолияти маблағгузорӣ;
- оид ба ташкили механизми ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ аз ҷониби аҳолӣ, аз ҷумла пардохти ҳаққи хизматрасонии давлатӣ дар шакли рақамӣ.
2) рушди бозори коғазҳои қиматнок тавассути:
- таҳияи механизми фурӯши қоғазҳои қиматноки дарозмуҳлати давлатӣ дар бозори қоғазҳои қиматноки дуюмдараҷа;
- таҳияи раванди кори бомуваффақияти бозори қоғазҳои қимматноки корпоративӣ ва биржаи фондӣ;
- ҷалби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба бозори коғазҳои қиматнок;
- ташкили механизми ягонаи паҳнкунии маълумот барои иштирокчиёни эҳтимолии бозори коғазҳои қиматнок;
- таъмини суғуртаи хавфҳои молиявии субъектҳои бозор тавассути истифодаи воситаҳои молиявии ҳосилшуда.
6. БУНЁДИ ИНФРАСОХТОРИ ЗАМОНАВӢ ҶИҲАТИ ДАСТГИРИИ БАХШИ ХУСУСӢ
§1. Таъсиси низоми дастгирӣ барои соҳибкорони навкор (стартап) дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ тавассути рушди шабакаи бизнес-инкубаторҳо, паркҳои технологӣ ва ғайра
45. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда вазифаҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
1) тадбирҳо дар самти дастгирии давлатии соҳибкорони навкор мутобиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ:
- таҳия ва қабули барномаи давлатии дастгирии стартапҳо то соли 2030;
- таҳлили масъалаи ташкили фондҳои венчурӣ, дастгирии тиҷорат, бизнес инкубаторҳои хусусӣ, краудфандинг, барномаҳои хусусии инкубатсия ва акселератсия ва марказҳои коворкинг;
- ҷалби мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ барои рушди самтҳои муосири фаъолияти бахши хусусӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо;
- таҳлил ва омӯзиши масъалаи озодкунии соҳибкорони навкор ва бизнес-инкубаторҳо аз пардохти андозҳо то ба фоидаи муайян ва ба мустақилияти молиявӣ расидани онҳо;
2) фароҳам овардани шароити мусоид ва таҳкими инфрасохтор барои дастгирии соҳибкорони навкор дар минтақаҳои гуногуни кишвар:
- таъсиси марказҳои дастгирии соҳибкорӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар дар ҳамкорӣ бо бахшҳои давлативу хусусӣ;
- ҷалби ташкилотҳои суғуртавӣ ба фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат;
- таҳияи низоми ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, аз ҷумла суғурта, нафақа ва фондҳои сармоягузорӣ;
- ташкил ва васеъ кардани хизматрасонии машваратӣ барои стартапҳо дар самтҳои ҳуқуқ, андоз, маркетинг, менеҷмент ва ғайра;
- ташкил кардани технопаркҳо барои дастгирии соҳибкороне, ки ба машварати мутахассисон ва беҳтар кардани сифати маҳсулот ниёз доранд;
- ҷалби бахши маориф ва илм (муассисаҳои соҳаи маориф ва мутахассисони соҳавӣ) ба ҳамкорӣ бо тиҷорати саноатӣ;
3) таъсиси низоми муосири таълим ва такмили ихтисоси шахсоне, ки мехоҳанд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд:
- таъсиси муассисаи таълимӣ/шабакаи муассисаҳо (мактабҳои тиҷоратӣ) бо сертификатсияи байналмилалӣ, ки дар он мунтазам курсҳои шабонаи махсус барои соҳибкорони ҳозира ва оянда ташкил карда мешаванд;
- ташкили курсҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои муҳимтарин барои соҳибкорон - банақшагирии тиҷорат, менеҷмент, маркетинг, фаъолияти қонунгузорӣ, андозбандӣ ва ғайра;
- ташкили чорабиниҳои мунтазам оид ба омӯхтан ва табодули таҷрибаи пешқадами тиҷоратӣ дар соҳаҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим;
- ташкил ва гузаронидани озмунҳо дар бахшҳои гуногуни тиҷорат, ба мисли "Беҳтарин менеҷери соҳавӣ", "Беҳтарин шароит ва маош барои коргарон", "Беҳтарин маҳсулоти ватанӣ барои содирот", "Беҳтарин сифати маҳсулот", "Беҳтарин дастгирии донишҷӯён" ва ғайра;
- тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бо дарназардошти рақамигардонии иқтисодиёт.
§2. Васеъ намудани шакл ва ҳаҷми дастгирии давлатии бахши хусусӣ (грантҳо, субсидияҳо, кафолатҳои қарзҳои тиҷоратӣ ва хавфҳо)
46. Мушкилоти дастрасии қарзҳои дарозмуҳлат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фоизҳои нисбатан баланди қарзӣ, инчунин таъминнокии нопурраи қарз вобаста аз хавфҳо, омилҳои асосии рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ буда, то ҳол ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои аз ҷониби давлат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва занони соҳибкор пешниҳодшаванда ҳаҷман хеле кам буда, он ҳам фарогири шумораи зиёди соҳибкорон намебошад. На ҳамаи соҳибкорон аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва субсидияҳои давлатӣ бархурдор мегарданд, зеро талабот ва расмиёти муайянгардида мураккаб мебошад.
47. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда ва ноил шудан ба мақсади Барнома дар доираи афзалияти мазкур чунин вазифаҳо ва тадбирҳои асосӣ гузошта мешаванд:
1) афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва ҷорӣ намудани механизми муосири дастгирии молиявии бахши хусусӣ тавассути:
- таъсиси фондҳои дастгирии бахши хусусӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дарназардошти имконияти молиявӣ;
- таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор бо мақсади ташкили фондҳои дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорони навкор ва фондҳои кафолатӣ;
- таҳия ва пешниҳоди қонуни мукаммал ҷиҳати фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти хазинаҳои (фондҳои) венчурӣ;
- пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ба соҳибкорон тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- паст намудани хавфҳо ва гаронии қарзҳо барои соҳибкорон тавассути маблағгузорӣ (субсидия);
- мусоидат ба дастрасии соҳибкорон ба маблағҳои қарзӣ тавассути кафолатдиҳии фоизи муайяни маблағи қарзи соҳибкорон дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- роҳандозӣ намудани механизмҳои муосири ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ, сармоягузорон ва шарикони рушд тариқи маблағгузории муштараки лоиҳаҳои инноватсионии соҳибкорон, аз ҷумла саҳм доштан дар ширкат, пешниҳоди қарз ва ё воситаҳои дигар;
- пешниҳоди маблағгузорӣ барои харидорӣ намудани таҷҳизот ва техника дар соҳаи саноат, ки бевосита дар истеҳсолот, коркард ва бозоргонии маҳсулоти соҳаи саноат ва соҳаҳои дигар истифода бурда мешавад;
- дастгирии ташаббусҳои инноватсионии соҳибкорони хурди дар соҳаҳои афзалиятноки дар маҳал фаъолияткунанда тариқи пешниҳоди грантҳои давлатӣ;
- баланд бардоштани қобилияти соҳибкорони навтаъсис барои дастрасӣ пайдо намудан ба маблағгузориҳо тавассути рушд додани малака, дониш ва рақобатпазирии онҳо. Воситаи мазкур донишҳои идоракунӣ, молиявӣ, маркетингӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва боваринокии соҳибкорро баланд бардошта, ба маблағгузории ташкилотҳои молиявӣ ва воситаҳои ҷалби сармоя дастрасӣ пайдо менамояд;
2) рушди воситаҳои инноватсионии (ғайрианъанавии) маблағгузории лоиҳаҳои тиҷоратии соҳибкорон тавассути:
- тақвияти фаъолияти бозори коғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи содагардонии расмиёти листинги корхонаҳои хурду миёна ва зиёд намудани имтиёзҳои гуногун барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки саҳмияҳои ширкатҳои инноватсиониро харидорӣ менамоянд;
3) воситаҳои ғайримолиявии дастгирии бахши хусусӣ тавассути:
- ҷорӣ намудани низоми дастгирии содиркунандагон тариқи пешниҳоди кафолати (суғурта) қарзи содиротӣ;
- мусоидат барои рушд намудани марказҳои (лабораторияҳои) санҷиши сифати маҳсулот;
- беҳтар намудани дастрасии субъектҳои соҳибкории хурду миёна бо фармоишҳои давлатӣ ва баланд бардоштани шаффофияти баргузории тендерҳо;
- ташкили механизми дастгирии давлатии бахши хусусӣ дар ҳолатҳои фавқулода.
§3. Рушди соҳаи молия ва бонкдорӣ, бозори коғазҳои қимматнок, дастгирии ташкилотҳои молиявию техникӣ
48. Ноил шудан ба ҳадафҳои рушд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, бидуни фароҳам овардани шароит барои пайдоиши оммавии ширкатҳои нави инноватсионӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар ғайриимкон аст. Дар баробари ин, ташаккули механизмҳои муосири дастгирии рушди корхонаҳои навтаъсиси инноватсионӣ, аз ҷумла тавассути фондҳои венчурӣ, аҳаммияти хоса доранд. Дар робита ба ин, ташаккули системаи муосири фондҳои венчурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шартҳои асосии гузариш ба роҳи инноватсионии рушди иқтисодӣ мебошад.
49. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда ва ноил шудан ба мақсади Барнома дар доираи афзалияти мазкур чунин вазифаҳо ва тадбирҳои асосӣ гузошта мешаванд:
1) беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар самти молия:
- мусоидат барои беҳтар намудани рейтинги соҳибихтиёрии кредитии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо низоми бонкии байналмилалӣ ва кишварҳои пешрафта;
- таъсис ва ҷалби ташкилотҳои байналмилалии бонкӣ ва сармоягузорӣ, ки барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба соҳибкорон шароит фароҳам меоранд;
- таъсиси ширкатҳои миллии рейтингии мустақим барои муайян кардани рейтингҳои ширкатҳои саҳомӣ;
- ҷалби бонкҳои хориҷӣ ба бозори дохилӣ барои баланд бардоштани рақобати байнибонкӣ ва ба ин васила паст намудани фоизҳои қарзӣ;
2) рушди бозори коғазҳои қимматнок ва ташкилотҳои молиявӣ:
- фароҳам овардани фазои рақобатнок ва шароити мусоид дар бахши хусусии соҳаи суғурта ва нафақа барои истифодабарии маблағҳои озоди суғуртавӣ ва ҷамъшуда ба сармоягузории бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ;
- тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии мамлакат дар соҳаи суғурта;
- рушди бозори коғазҳои қимматнок бо дастгирии ҷамъиятҳои саҳомӣ барои фурӯши аввалияи оммавии саҳмияҳо дар бозори коғазҳои қимматнок;
- ташкили бозори агентҳои шахсии молу мулки ғайриманқул, фурӯшандагони металлҳои қимматбаҳо, сангҳои қимматбаҳо ва ташкилотҳои дигари молиявӣ барои истифодаи иқтидори молиявии ин ширкатҳо барои сармоягузории дохилӣ;
3) дастгирии ташкилотҳои молиявию техникӣ:
- гузаронидани тренингу семинарҳо ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди рақамӣ дар соҳаи молия;
- омӯзиши масъалаи пешбинӣ намудани имтиёзҳои гуногун барои рушди технологияҳои рақамӣ;
- татбиқи имзои электронӣ ва ҷорӣ кардани тартиби мушаххаскунии фосилавии муштариён;
- рушди хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ, пешниҳоди интернети баландсуръат ва арзон бо мақсади вусъат бахшидани хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз ҷумла истифодаи ҳамёнҳои электронӣ;
- рушди усулҳои нави корбарӣ дар асоси технологияи "блокчейн";
- омӯхтани ҳамаҷонибаи бозори молиявии виртуалӣ.
§4. Ҷалби ҷавонон, занон ва маъюбон ба соҳибкорӣ
50. Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда дар самти рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбон дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам мушкилот дар баъзе ҳолатҳо вуҷуд дорад. Аз ҷумла:
- аксарияти соҳибкорони ҷавон дорои малакаи кофии касбӣ намебошанд, аз қабили кор дар гурӯҳ, масъалагузорӣ ва расидан ба ҳадаф, малакаи рӯнамокунӣ, тартиб додани лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва баромад кардан дар назди сармоягузорони эҳтимолӣ;
- мукаммал набудани экосистемаи соҳибкорӣ (фарҳанги иттиҳодӣ ва ё корпоративӣ, эътибору нуфузи фаъолияти соҳибкорӣ), набудани механизм ва барномаҳову нақшаҳои стратегии ҷалби наврасон ва ҷавонон ба фаъолияти инноватсионӣ ва соҳибкорӣ, модели шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, рушди соҳибкории технологӣ ва низоми маориф, такмил наёфтани модели маорифи бартаридошта ва муколамаи заифи байни иштирокчиёни гуногуни ҷараёни дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ;
- дучор гардидани занони соҳибкор чун соҳибкорони дигар дар фаъолияти худ ба мушкилоти сарбории андоз, гумрук, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, малака ва донишҳои идоракунӣ, молиявӣ, маркетингӣ, санҷишҳои мақомоти давлатӣ, расмиёти бақайдгирӣ ва барҳамдиҳии фаъолият.
51. Барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда ва ноил шудан ба мақсади Барнома дар доираи афзалияти мазкур чунин вазифаҳо ва тадбирҳои асосӣ гузошта мешаванд:
1) тарғибу ташвиқ намудани фаъолияти соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбони ҷумҳурӣ тавассути:
- гузаронидани курсҳои омӯзишии асосҳои соҳибкорӣ, озмунҳо, чорабиниҳои ҳавасмандкунӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбон, аз ҷумла тариқи бизнес-инкубаторҳо, марказҳои омӯзишии соҳибкорӣ ва платформаҳои дигари мавҷуда;
- ташкили барномаҳои омӯзишии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла дарсҳои асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ, гузаронидани олимпиадаҳо, озмунҳо, таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратии хонандагон, ташкили бизнес-инкубаторҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
- баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт ва дастгирии соҳибкории занон;
- дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла тавассути гузаронидани озмунҳои ихтироъкорони ҷавон, ба монанди "стартап-чойхона" дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
- пайдо намудани механизми ҷалби муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба ҷараёни пайдоиши лоиҳаҳои инноватсионӣ, ташкил намудани бизнес-инкубаторҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ;
- амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳои зарурӣ баҳри баланд бардоштани самаранокии таълимоти соҳибкорӣ ва фанҳои амалӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ;
2) дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон, занон ва маъюбони кишвар тариқи амалӣ намудани тадбирҳои зерин:
- баррасии масъалаи таъсиси фондҳои маблағгузории ихтироъҳои олимони ҷавон, донишҷӯён ва ҷавонони соҳибкори мамлакат дар назди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- тариқи сомонаҳои интернетии мақомоти давлатӣ ва ташкили телефони боварӣ машварат додан ба соҳибкорони ҷавон, занон ва маъюбон;
- такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон, маъюбон ва соҳибкории инноватсионӣ;
- қабул ва амалӣ намудани барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷалби ҷавонон, занон ва маъюбон ба фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин дастгирӣ ва рушди фаъолияти навоварӣ, соҳибкории инноватсионӣ, ташаббусҳои нав;
- ташкили мактабҳои махсус бо равияи фаъолияти соҳибкорӣ тибқи таҷрибаи давлатҳои дигар;
- додани афзалият ба соҳибкорони ҷавон, занон ва маъюбон ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ;
- пеш бурдани омори соҳибкорони ҷавон ва занон аз ҷониби мақомоти омор ва андози ҷумҳурӣ тавассути низоми "Равзанаи ягона"-и бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ.
7. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
52. Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида дар ҳаҷми 19 107 000 сомонӣ, маблағҳои шарикони рушд дар ҳаҷми 86 830 000 сомонӣ, маблағҳои бахши хусусӣ дар ҳаҷми 7 035 000 сомонӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба маблағи умумии 112 972 000 сомонӣ амалӣ карда мешавад. Аз маблағи умумӣ, барои татбиқи нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дар се соли аввал 67 783 200 сомонӣ равона карда мешавад.
8. МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
53. Идораи умумии рафти амалисозии Барнома, мониторинг ва ҳамоҳангсозии раванди амалисозии онро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
54. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии Барнома ҳамасола ҳисобот таҳия карда, дар сомонаи интернетии худ ҷойгир менамояд. Инчунин нақшаи амали минбаъдаи Барномаро барои солҳои 2026 ва 2027 тибқи тартиби муқарраргардида таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
9. МОНИТОРИНГИ АРЗЁБИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
55. Мақоми ваколатдори мониторинги Барнома Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои асосии он аз ташаккули низоми мониторинги амалисозии Барнома, арзёбии натиҷаҳои ба даст овардашуда тибқи нишондиҳандаҳои асосии Барнома, инчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисобот ва пешниҳодҳои маҷмуӣ оид ба беҳтар намудани чорабиниҳои амалисозии Барнома иборат мебошад.
56. Мониторинг ва арзёбии Барнома дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
57. Дар назар аст, ки Барнома бо дарназардошти нақшаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои соли тақвимии оянда дар низоми банақшагирии ҳарсола ба танзим дароварда мешавад.
58. Нишондиҳандаҳои асосии мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз нишондиҳандаҳои мақсадноки он бармеоянд. Мониторинги номбурда дар асоси пайгирии мунтазами нишондиҳандаҳои тасдиқшуда, ки ба меъёрҳои андозагирӣ, мувофиқат, арзиши пасти ҷамъоварии иттилоот ва инъикоси мустақими натиҷаҳои миёнамуҳлат ҷавобгӯ мебошанд, таъмин менамояд.
59. Амалисозии Барнома ба ноил шудани чунин Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, ба монанди ҳадафи 8-ум "Мусоидат ба рушди доимӣ, фарогир ва устувори иқтисодӣ, шуғли пурра ва самаранок ва кори шоиста барои ҳама", 9-ум "Пойдор намудани инфрасохтори устувор, пешбурди фарогир ва саноаткунонии устувор ва инноватсия" ва 17-ум "Мустаҳкамкунии воситаҳои ноил шудан ба рушди устувор ва эҳёи механизмҳои шарикии глобалӣ барои рушди устувор" мусоидат менамояд.
60. Истифодаи самараноки мониторинг, баҳодиҳии самаранокӣ ва назорати арзёбии пешрафтро мувофиқи натиҷаҳои пешбинишуда ва захираҳои ҷудошуда таъмин менамояд.
61. Номгӯйи индикаторҳои асосии самаранокии амалисозии Барнома замима мегардад.
10. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШУДА
62. Натиҷаҳои пешбинишуда аз амалинамоии Барнома:
- афзоиши шумораи субъектҳои бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ;
- зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳои имтиёзноки давлатӣ;
- зиёд гардидани истеҳсол ва фурӯши мол, кор ва хизматрасонии ватанӣ, инчунин содироти маҳсулот;
- таъмини шуғли аҳолии кишвар (таъсиси ҷойҳои кории нав);
- афзоиш ёфтани воридоти маблағҳои андозӣ ба буҷет;
- рушди рақобат байни субъектҳои соҳибкории хусусӣ;
- таъмини рақобатпазирии мол, кор ва хизматрасонии ватанӣ;
- баланд бардоштани огоҳии бахши хусусӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ;
- беҳтар гардидани равандҳои муқовимат ба коррупсия ва омилҳои бавуҷудоварандаи он;
- ба танзим даромадани расмиёти назорату санҷишҳо, иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва сертификаткунӣ;
- ҳавасмандии бахши хусусӣ барои таъсис додани корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар;
- равона гардидани имтиёзҳои фискалӣ ва ғайрифискалӣ ба бахши хусусӣ.
Замима
ба Барномаи дастгирии давлатӣ
ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2023-2027
Индикаторҳои асосии
самаранокии амалисозии Барнома
№
|
Номгӯйи индикаторњо
|
Воҳиди ченак
|
2023
|
2024
|
2025
|
Эзоњ
|
1.
|
Њиссаи маблаѓгузорињои бахши хусусї дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ
|
фоиз
|
72
|
|
76
|
|
2.
|
Шумораи субъектҳои бахши хусусӣ
|
њазор
адад
|
350
|
|
380
|
|
3.
|
Ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ
|
млн
сомонӣ
|
700
|
|
900
|
|
4.
|
Ҳаҷми сармоягузории ватанӣ
|
млн
сомонӣ
|
553
|
|
556
|
|
5.
|
Ҳаҷми содироти маҳсулот
|
млн
сомонӣ
|
16820
|
|
25035
|
|
6.
|
Шумораи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ
|
адад
|
10
|
|
20
|
|
7.
|
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ
|
млн
сомонӣ
|
300
|
|
500
|
|
8.
|
Хаҷми қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна
|
млн сомонӣ
|
400
|
|
700
|
|
9.
|
Маљмуи пасандозњои дохилї нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ
|
фоиз
|
20
|
|
25
|
|
10.
|
Шумораи санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ
|
адад
|
98000
|
|
27000
|
|
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2023, № 50
Нақшаи амали Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2023-2025
Ниг. ба Замимаи 2