ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463, аз 31.10.2008 № 541)
Бо мақсади танзими механизми назорати омори фаяъолияти корхонаю ташкилотҳо Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, ки Регистри ҷумҳурии корхонаю ташкилотҳоро (минбаъд Регистри корхонаҳо) таъсис диҳад ().
Низомномаи Регистри корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро (замима мегардад) тасдиқ кунад.
Дорандаи Регистри омори корхонаҳо маркази эҳсоияи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад ().
2. Роҳбарони корхонаю ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда то 15 январи с.1992, корхонаю ташкилотҳо ва дигар воҳидҳои сохтории берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ филиалҳо дошта бошанд, то 1 феврали с.1992 ӯҳдадор карда шаванд, то маълумоти заруриеро, ки мақомоти омори маҳаллии аз тарафи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ё шаҳрӣ таъингардида барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо медиҳанд, пешниҳод кунанд.
Пешниҳод кардани маълумотҳое, ки барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо заруранд, барои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии корхонаю ташкилотҳои амалкунанда, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо ва ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ асос шуда наметавонанд.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назоратро аз болои сари вақт пешниҳод гардидани маълумот дар бораи корхонаю ташкилотҳои таъсисдодашаванда ё амалкунанда воҳидҳои сохтории онҳо), инчунин додани онҳо ба дорандаи Регистри корхонаҳое, ки ба Регистри корхонаҳо дохил карда мешаванд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи низомномаи мазкур ба роҳ монда, дар мавриди зарурат ҷорӣ кардани мансабҳои дахлдори штатӣ ва маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти нигоҳдории онҳоро пешбинӣ кунанд (, ).
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар буҷети Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти таъсису нигоҳдории Регистри корхонаҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд ().
5. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (, аз 05.10.2001 № 463):
а) роҳбарии методӣ ва ташкилиро дар бобати таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳо таъмин кунад;
б) ҳар сол дар ибтидои моҳи март шартҳои додани маълумотҳои регистрҳои корхонаҳо ва маблағи пардохти онҳоро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад ();
в) ҳар семоҳа Рӯйхати корхонаю ташкилотҳои таъсисшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин онҳое, ки фаъолияташонро қатъ намудаанд, нашр намояд.
Муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Каримов
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Маҳкамбоев
ш. Душанбе,
аз 30 декабри соли 1991, № 387
Бо қарори
Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 1991 №387
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Регистри корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323, аз 05.06.1997 № 273, аз 04.02.2002 № 43, аз 31.10.2008 № 541)
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Низомномаи мазкур ҳайати объектҳо ва таркиби маълумотҳои Регистри ҷумҳурии корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Тоҷикистон (минбаъд Регистри корхонаҳои Тоҷикистон номида мешавад), асосҳои ҷамъоварӣ, коркард, тартиби таҷдид ва истифодабарии онҳо, инчунин тартиби бурдан, маблағгузорӣ ва барҳамдиҳии Регистрҳоро пешбинӣ менамояд ().
2. Мақсади таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳои Тоҷикистон аз таъмини маълумоти боэътимод ва асоснок дар бораи тамоми корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, бо мақсади истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии ҳамаи сатҳо барои таҳлил, идоракунӣ ва пешбинии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дар корҳои илмӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ, иборат мебошад.
Регистри корхонаҳои Тоҷикистон бояд ихтисоршавии ҳисоботдиҳии аз ҳад зиёд, нигоҳдории сафҳои динамикӣ, пайдарпаии мантиқӣ ва қиёспазирии маълумотҳоро таъмин намояд.
3. Ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон объектҳои зерин дохил карда мешаванд:
а) корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, амал мекунанд;
б) воҳидҳои сохтории дар бандчаи а"-и банди мазкур зикргардидаи корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои дигар воқеъ гардидаанд ();
в) воҳидҳои сохтории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардидаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои воқеъ берун аз ҳудуди Тоҷикистон;
г) тамоми воҳидҳои сохтории дар бандчаҳои "а", "б", "в"-и банди мазкур зикргардидаи корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон аз соҳаи фаъолияти корхонаю муассиса ва ташкилоти асосӣ фарқ мекунад, бо шарте ки ҳисобдории корхонаю муассиса ё ташкилоти асосӣ онҳоро ба сифати объектҳои алоҳидаи фаъолияти хоҷагӣ эътироф намояд.
4. Ба ҳар кадом объекти ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохилкардашаванда код дода мешавад, ки он ҳангоми коркарди маълумоти дар бораи он ҷамъоваришаванда, инчунин ба анҷом расонидани муомилоти молиявӣ ва иқтисодӣ истифода карда мешавад.
II. Таркиб ва пешниҳоди маълумотҳои Регистр
5. Ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон аз рӯи объектҳо маълумотҳое дохил карда мешаванд, ки дар заммаи иловагардида номбар шудаанд.
Дорандаи Регистр бо мувофиқати Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон хақ дорад теъдоди маълумотҳоеро, ки дар бораи гурӯҳҳои мухталифи объектҳо (воҳидҳои сохтории шахсони юридикӣ, кооперативҳои манзилӣ ва ғайра) ба Регистр дохил карда мешаванд, ихтисор намояд, сохтори онҳоро тағьир дода, дар ин хусус ба онҳое, ки ин маълумотҳоро пешниҳод мекунанд, хабар диҳад ().
6. Маълумотҳои ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохилшаванда дар карточкаи бақайдгирӣ (дар се нусха) ба мақоми корхонаҳоро бақайдгирандае пешниҳод карда мешаванд, ки он аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ дар маҳалли ҷойгиршавии объект таъин гардида, ҳамзамон намояндаи дорандаи Регистри корхонаҳои Тоҷикистон мебошад ().
Маълумотҳо дар бораи объектҳои бақайдгирифташаванда ҳангоми бақайдгирии онҳо ва дар бораи объектҳои дигар бошад, мувофиқи тартиби барои ин мақсадҳо муқарраргардида пешниҳод карда мешаванд.
7. Пешниҳоди маълумотҳои дар бораи воҳидҳои сохтори корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил кардашавандаро корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ин объектҳо ба ҳайати онҳо дохил мешаванд, таъмин менамоянд.
8. Мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дурустии маълумотҳоеро, ки ба он барои ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил кардан пешниҳод шудаанд, тафтиш намуда, ба онҳо аз рӯи классификаторҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ код мегузорад, кодҳоро дар карточкаи бақайдгирӣ сабт намуда, карточкаро дар давоми се рӯз пас аз пешниҳод шудани маълумотҳо дар бораи объекти бақайдгирифташаванда ба дорандаи Регистр ва муассисаи банке, ки дар он барои корхона ҳисобнома кушода мешавад, равон мекунад ().
8"а". Муассисаҳои банк барои объектҳои бақайдгирифташаванда суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳоро танҳо дар сурати мавҷудияти карточкаи бақайдгирӣ бо сабти мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дар он мекушоянд ().
9. Баъди бақайдгирии субъекти хоҷагидор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавҷуд будани варақаи бақайдгирии дорои коди ОКПО-и мақомоти давлатии омор, ки сарфи назар аз шакли моликият баҳисобгирии регистри корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, фирмаҳо, инчунин соҳибкорони инфиродиро пеш мебаранд, ҳисобҳои пардохти ва дигар ҳисобҳо мекушоянд. Барои додани коди ОКНО ва супурдани варақаи бақайдгирӣ аз 1 январи соли 2001 аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои тасдиқи код бошад аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) - ройгон, аз шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо арзиши хароҷот ситонида мешавад (
III. Тартиби бурдан ва истифодаи Регистр
9. Ҳангоми бурдани Регистр тағьиротҳои дар маълумоти оид ба объект рӯйдиҳанда ба Регистр бо тартиби ҷорӣ дохил карда мешаванд.
Мақоми бақайдгирандаи корхона картотекаи объектҳои ба Регистр дохилкардашударо тартиб дода, тамоми ҳуҷҷатҳоро, ки дар бораи ба Регистр дохил кардани маълумотҳо ва тағьиротҳои ба онҳо даровардашаванда пешниҳод гардидаанд нигоҳ медорад ().
10. Баъд аз ба Регистр дохил намудани маълумотҳои пешниҳодгардида дар бораи объекти маълумот ё ба онҳо даровардани тағьирот дорандаи Регистр мувофиқи формаи муқарраргардида ба унвони мақоми бақайдгирандаи корхона дар бораи он справка мефиристад ().
11. Мақоми бақайдгирандаи корхона рӯйхати корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои назди бақайдгирифташуда, инчунин барҳамдодашударо барои моҳи гузашта ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то санаи 5-уми ҳар моҳ пешкаш мекунад. Мақоми мазкур дар матбуоти маҳаллӣ рӯйхатро бо ишораи феҳрасти соҳаи фаъолият, адресу рақамҳои телефонҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо нашр мекунад (, ).
12. Тағьиротҳо дар маълумотҳои ба Регистри корхонаҳои дохилшудаи объектҳо, дар мӯҳлати даҳ рӯз ба унвони мақоми бақайдгирандаи корхона ба истиснои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ (реквизитҳои 45-56 карточкаҳои бақайдгирӣ), ки ҳар сол то 1 февраль нав карда мешаванд, бояд пешниҳод гарданд. Ҳангоми ба маълумотҳои Регистр дохил намудани тағьиротҳое, ки аз тағьир ёфтани Оинномаи корхона ё аҳднома дар бораи таъсис, иҷора ё фаъолият бар меоянд, корхона мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ боҷу хироҷи давлатӣ месупорад ().
13. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти объекти ба Регистр дохилшуда комиссияи барҳамдиҳӣ ба мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дар хусуси дохил намудани қайди дахлдор оиди барҳамдиҳӣ ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дар ду нусха ариза пешниҳод менамоянд. Пас аз ба қайд гирифтани ариза аз ҷониби мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо як нусхаи ариза, бо сабти он, ки объект аз Регистри корхонаҳо истисно шудааст, ба муассисаи банк равон карда мешавад ва банк ҳуқуқ пайдо мекунад, ки суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳои корхонаи барҳам додашударо барҳам диҳад.
Маълумотҳо дар бораи объекти барҳамдодашуда дар Регистри корхонаҳои Тоҷикистон маҳфуз нигоҳ дошта шуда ҳангоми ба Регистр дохил намудани объектҳои нав истифодаи рақами он иҷозат дода намешавад ().
14. Мақоми бақайдгирандаи корхона дар бораи тағьироте, ки ба маълумотҳои Регистр дохил карда шудаанд, инчунин дар бораи барҳамдиҳии объектҳо дар муҳлати се рӯзи кории баъди расонидани онҳо ба дорандаи Регистр ахборот медиҳад ().
15. Мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ба истифода намудани маълумотҳое, ки ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил гардидаанд ҳуқуқ доранд. Маълумотҳои дар Регистр будае, ки фаъолияти иқтисодии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро муайян мекунанд, маълумоти омории аввалия буда ва истифода намудани онҳо танҳо ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ().
IV. Маблағгузорӣ
16. Маблағгузории таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳои Тоҷикистон, инчунин хароҷоти ба тартиб овардани хизматрасонии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ барои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳиявию шаҳрӣ назоратро аз болои сари вақт аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо пешниҳод гардидани маълумотҳое, ки ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил карда мешаванд, таҷдид ва таҳвили онҳо ба дорандаи Регистр, инчунин дар ҳолати зарурӣ таъсис додани мансабҳои дахлдор ва маблағгузории хароҷоти нигоҳдории онҳо таъмин менамоянд ().
17. Таркиби маълумотҳои ба мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешкашшаванда, мунтазамии пешниҳоди онҳо, инчунин тартиби муқарраршудаи додани маълумотҳои Регистр ва пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (, ).
V. Барҳамдиҳии Регистр
18. Регистри корхонаҳои Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад ().
19. Ҳангоми барҳамдиҳии Регистри корхонаҳои Тоҷикистон маълумотҳои дар он мавҷудбуда ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил мегардад ().
ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади танзими механизми назорати омори фаяъолияти корхонаю ташкилотҳо Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, ки Регистри ҷумҳурии корхонаю ташкилотҳоро (минбаъд Регистри корхонаҳо) таъсис диҳад.
Низомномаи Регистри корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро (замима мегардад) тасдиқ кунад.
Дорандаи Регистри омори корхонаҳо маркази эҳсоияи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
2. Роҳбарони корхонаю ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда то 15 январи с.1992, корхонаю ташкилотҳо ва дигар воҳидҳои сохтории берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ филиалҳо дошта бошанд, то 1 феврали с.1992 ӯҳдадор карда шаванд, то маълумоти заруриеро, ки мақомоти омори маҳаллии аз тарафи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ё шаҳрӣ таъингардида барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо медиҳанд, пешниҳод кунанд.
Пешниҳод кардани маълумотҳое, ки барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо заруранд, барои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии корхонаю ташкилотҳои амалкунанда, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо ва ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ асос шуда наметавонанд.
3. Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи ноҳиявию шаҳрӣ назоратро аз болои сари вақт пешниҳод гардидани маълумот дар бораи корхонаю ташкилотҳои таъсисдодашаванда ё амалкунанда воҳидҳои сохтории онҳо), инчунин додани онҳо ба дорандаи Регистри корхонаҳое, ки ба Регистри корхонаҳо дохил карда мешаванд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи низомномаи мазкур ба роҳ монда, дар мавриди зарурат ҷорӣ кардани мансабҳои дахлдори штатӣ ва маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти нигоҳдории онҳоро пешбинӣ кунанд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар буҷети Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти таъсису нигоҳдории Регистри корхонаҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд.
5. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) роҳбарии методӣ ва ташкилиро дар бобати таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳо таъмин кунад;
б) то 1 марти с.1992 шартҳои додани маълумотҳои Регистри корхонаҳо ва маблағи пардохти онҳоро таҳия намуда, ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад;
в) ҳар семоҳа Рӯйхати корхонаю ташкилотҳои таъсисшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин онҳое, ки фаъолияташонро қатъ намудаанд, нашр намояд.
Муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Каримов
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Маҳкамбоев
ш. Душанбе,
аз 30 декабри соли 1991, № 387
Бо қарори
Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 1991 №387
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Регистри корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 06.07.1993 № 323)
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Низомномаи мазкур ҳайати объектҳо ва таркиби маълумотҳои Регистри ҷумҳурии корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Тоҷикистон (минбаъд Регистри корхонаҳои Тоҷикистон номида мешавад), асосҳои ҷамъоварӣ, коркард, тартиби таҷдид ва истифодабарии онҳо, инчунин тартиби бурдан, бопултаъминкунӣ ва барҳамдиҳии Регистрҳоро пешбинӣ менамояд.
2. Мақсади таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳои Тоҷикистон аз таъмини маълумоти боэътимод ва асоснок дар бораи тамоми корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, бо мақсади истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии ҳамаи сатҳо барои таҳлил, идоракунӣ ва пешбинии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дар корҳои илмӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ, иборат мебошад.
Регистри корхонаҳои Тоҷикистон бояд ихтисоршавии ҳисоботдиҳии аз ҳад зиёд, нигоҳдории сафҳои динамикӣ, пайдарпаии мантиқӣ ва қиёспазирии маълумотҳоро таъмин намояд.
3. Ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон объектҳои зерин дохил карда мешаванд:
а) корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, амал мекунанд;
б) воҳидҳои сохтории дар бандчаи а"-и банди мазкур зикргардидаи корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳудудҳои дигар воҳидҳои худидоракунии маҳаллии сатҳи ибтидоӣ воқеъ гардидаанд;
в) воҳидҳои сохтории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардидаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои воқеъ берун аз ҳудуди Тоҷикистон;
г) тамоми воҳидҳои сохтории дар бандчаҳои "а", "б", "в"-и банди мазкур зикргардидаи корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон аз соҳаи фаъолияти корхонаю муассиса ва ташкилоти асосӣ фарқ мекунад, бо шарте ки ҳисобдории корхонаю муассиса ё ташкилоти асосӣ онҳоро ба сифати объектҳои алоҳидаи фаъолияти хоҷагӣ эътироф намояд.
4. Ба ҳар кадом объекти ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохилкардашаванда код дода мешавад, ки он ҳангоми коркарди маълумоти дар брраи он ҷамъоваришаванда, инчунин ба анҷом расонидани муомилоти молиявӣ ва иқтисодӣ истифода карда мешавад.
II. Таркиб ва пешниҳоди маълумотҳои Регистр
5. Ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон аз рӯи объектҳо маълумотҳое дохил карда мешаванд, ки дар заммаи иловагардида номбар шудаанд.
Дорандаи Регистр бо мувофиқати Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон хақ дорад теъдоди маълумотҳоеро, ки дар бораи гурӯҳҳои мухталифи объектҳо (воҳидҳои сохтории шахсони юридикӣ, кооперативҳои манзилӣ ва ғайра) ба Регистр дохил карда мешаванд, ихтисор намояд, сохтори онҳоро тағьир дода, дар ин хусус ба онҳое, ки ин маълумотҳоро пешниҳод мекунанд, хабар диҳад.
6. Маълумотҳои ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохилшаванда дар карточкаи бақайдгирӣ (дар се нусха) ба мақоми корхонаҳоро бақайдгирандае пешниҳод карда мешаванд, ки он аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ дар маҳалли ҷойгиршавии объект таъин гардида, ҳамзамон намояндаи дорандаи Регистри корхонаҳои Тоҷикистон мебошад ().
Маълумотҳо дар бораи объектҳои бақайдгирифташаванда ҳангоми бақайдгирии онҳо ва дар бораи объектҳои дигар бошад, мувофиқи тартиби барои ин мақсадҳо муқарраргардида пешниҳод карда мешаванд.
7. Пешниҳоди маълумотҳои дар бораи воҳидҳои сохтори корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил кардашавандаро корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ин объектҳо ба ҳайати онҳо дохил мешаванд, таъмин менамоянд.
8. Мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дурустии маълумотҳоеро, ки ба он барои ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил кардан пешниҳод шудаанд, тафтиш намуда, ба онҳо аз рӯи классификаторҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ код мегузорад, кодҳоро дар карточкаи бақайдгирӣ сабт намуда, карточкаро дар давоми се рӯз пас аз пешниҳод шудани маълумотҳо дар бораи объекти бақайдгирифташаванда ба дорандаи Регистр ва муассисаи банке, ки дар он барои корхона ҳисобнома кушода мешавад, равон мекунад ().
8"а". Муассисаҳои банк барои объектҳои бақайдгирифташаванда суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳоро танҳо дар сурати мавҷудияти карточкаи бақайдгирӣ бо сабти мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дар он мекушоянд ().
III. Тартиби бурдан ва истифодаи Регистр
9. Ҳангоми бурдани Регистр тағьиротҳои дар маълумоти оид ба объект рӯйдиҳанда ба Регистр бо тартиби ҷорӣ дохил карда мешаванд.
Мақоми бақайдгирандаи корхона картотекаи объектҳои ба Регистр дохилкардашударо тартиб дода, тамоми ҳуҷҷатҳоро, ки дар бораи ба Регистр дохил кардани маълумотҳо ва тағьиротҳои ба онҳо даровардашаванда пешниҳод гардидаанд нигоҳ медорад ().
10. Баъд аз ба Регистр дохил намудани маълумотҳои пешниҳодгардида дар бораи объекти маълумот ё ба онҳо даровардани тағьирот дорандаи Регистр мувофиқи формаи муқарраргардида ба унвони мақоми бақайдгирандаи корхона дар бораи он справка мефиристад ().
11. Мақоми бақайдгирандаи корхона рӯйхати корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои назди бақайдгирифташуда, инчунин барҳамдодашударо барои моҳи гузашта ба мақоми иҷроияи худидораи маҳаллӣ то санаи 5-уми ҳар моҳ пешкаш мекунад. Мақоми мазкур дар матбуоти маҳаллӣ рӯйхатро бо ишораи феҳрасти соҳаи фаъолият, адресу рақамҳои телефонҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо нашр мекунад ().
12. Тағьиротҳо дар маълумотҳои ба Регистри корхонаҳои дохилшудаи объектҳо, дар мӯҳлати даҳ рӯз ба унвони мақоми бақайдгирандаи корхона ба истиснои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ (реквизитҳои 45-56 карточкаҳои бақайдгирӣ), ки ҳар сол то 1 февраль нав карда мешаванд, бояд пешниҳод гарданд. Ҳангоми ба маълумотҳои Регистр дохил намудани тағьиротҳое, ки аз тағьир ёфтани Оинномаи корхона ё аҳднома дар бораи таъсис, иҷора ё фаъолият бар меоянд, корхона мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ боҷу хироҷи давлатӣ месупорад ().
13. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти объекти ба Регистр дохилшуда комиссияи барҳамдиҳӣ ба мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо дар хусуси дохил намудани қайди дахлдор оиди барҳамдиҳӣ ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дар ду нусха ариза пешниҳод менамоянд. Пас аз ба қайд гирифтани ариза аз ҷониби мақоми бақайдгирандаи корхонаҳо як нусхаи ариза, бо сабти он, ки объект аз Регистри корхонаҳо истисно шудааст, ба муассисаи банк равон карда мешавад ва банк ҳуқуқ пайдо мекунад, ки суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳои корхонаи барҳам додашударо барҳам диҳад.
Маълумотҳо дар бораи объекти барҳамдодашуда дар Регистри корхонаҳои Тоҷикистон маҳфуз нигоҳ дошта шуда ҳангоми ба Регистр дохил намудани объектҳои нав истифодаи рақами он иҷозат дода намешавад ().
14. Мақоми бақайдгирандаи корхона дар бораи тағьироте, ки ба маълумотҳои Регистр дохил карда шудаанд, инчунин дар бораи барҳамдиҳии объектҳо дар муҳлати се рӯзи кории баъди расонидани онҳо ба дорандаи Регистр ахборот медиҳад ().
15. Мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидораи маҳаллӣ, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ба истифода намудани маълумотҳое, ки ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил гардидаанд ҳуқуқ доранд. Маълумотҳои дар Регистр будае, ки фаъолияти иқтисодии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро муайян мекунанд, маълумоти омории аввалия буда ва истифода намудани онҳо танҳо ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
IV. Бопултаъминкунӣ
16. Бопултаъминкунии таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳои Тоҷикистон, инчунин хароҷоти ба тартиб овардани хизматрасонии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурӣ ва худидораи маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ барои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Қумитахри иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи ноҳиявию шаҳрӣ назоратро аз болои сари вақт аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо пешниҳод гардидани маълумотҳое, ки ба Регистри корхонаҳои Тоҷикистон дохил карда мешаванд, таҷдид ва таҳвили онҳо ба дорандаи Регистр, инчунин дар ҳолати зарурӣ таъсис додани мансабҳои дахлдор ва бопултаъминкунии хароҷоти нигоҳдории онҳо таъмин менамоянд.
17. Таркиби маълумотҳои ба мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти худидораи маҳаллӣ пешкашшаванда, мунтазамии пешниҳоди онҳо, инчунин тартиби муқарраршудаи додани маълумотҳои Регистр ва пардохти онҳоро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
V. Барҳамдиҳии Регистр
18. Регистри корхонаҳои Тоҷикистон бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
19. Ҳангоми барҳамдиҳии Регистри корхонаҳои Тоҷикистон маълумотҳои дар он мавҷудбуда ба Саруправленияи архиви Ҷумҳурӣ таҳвил мегардад.