ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 3, мод. 55; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1998, № 10, мод. 119; с. 2001, № 7, мод. 475; с. 2003, № 8, мод. 452) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 5. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд
Истиқоматкунандагони доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он шаҳрвандони хориҷие дониста мешаванд, ки дорои иҷозати бо гувоҳномаи иқомат ба расмият даровардашуда, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода шудааст, бошанд.
Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи гувоҳномаи иқоматро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар асосҳои қонунӣ қарор доранд, истиқоматкунандагони муваққатӣ ҳисобида мешаванд. Онҳо ӯҳдадоранд, ки дар муддати 3 шабонарӯз аз рӯзи омаданашон бо тартиби муқарраргардида, шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро ба қайд гузоранд ва дар сурати гузаштани мӯҳлати муайяни иқомат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд.
Қоидаҳои бақайдгирӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".
2. Ба моддаи 7 қисмҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, амалӣ мегардад.
Қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ менамоянд ва намунаи варақаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.".
3. Қисми якуми моддаи 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шаҳрвандони хориҷӣ бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди воридшавӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, метавонанд вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.".
4. Дар моддаи 25:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шаҳрвандони хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди рафтан, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, тарк менамоянд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Дар сурати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шахсони бешаҳрванд ҳуҷҷати ивазкунандаи шиносномаи хориҷӣ шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд мебошад, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад. Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.";
- қисмҳои дуюм ва сеюм мутаносибан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
5. Дар қисми дуюми моддаи 31 калимаҳои "Вазорати амнияти" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 марти соли 2009 № 500
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
23 декабри соли 2008, № 1202
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
12 марти соли 2009 №594
ЗАКОН
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 февраля 1996 года "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., № 3, ст. 55; 1997 г., № 9, ст. 117; 1998 г., № 10, ст. 119; 2001 г., № 7, ст. 475; 2003 г., № 8 , ст. 452) следующие изменения и дополнения:
1. Статью 5 изложить в следующей редакции:
"Статья 5. Иностранные граждане, постоянно или временно проживающие в Республике Таджикистан
Постоянно проживающими в Республике Таджикистан признаются иностранные граждане, получившие на то разрешение, оформленное видом на жительство, выданным органами внутренних дел.
Правила оформления, выдачи и образец бланка вида на жительство утверждаются Правительством Республики Таджикистан.
Иностранные граждане, находящиеся в Республике Таджикистан на других законных основаниях, считаются временно проживающими. Они обязаны в установленном порядке в течение 3 суток со дня въезда зарегистрировать свои заграничные паспорта или заменяющие их документы и по истечении определенного срока пребывания выехать из Республики Таджикистан.
Правила регистрации и образец бланка регистрации утверждаются Правительством Республики Таджикистан.".
2. Статью 7 дополнить частями пятой и шестой следующего содержания:
"Трудовая деятельность иностранных граждан в Республике Таджикистан осуществляется на основании разрешений, выдаваемых уполномоченным государственным органом по миграции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.
Правила выдачи разрешений на работу для осуществления иностранными гражданами трудовой деятельности в Республике Таджикистан и образец их бланков утверждаются Правительством Республики Таджикистан.".
3. Часть первую статьи 24 изложить в следующей редакции:
"Иностранные граждане по заграничным паспортам или заменяющим их документам могут въезжать в Республику Таджикистан при наличии въездных виз, выданных Министерством иностранных дел Республики Таджикистан, дипломатическими представительствами или консульскими учреждениями Республики Таджикистан за рубежом, если иной порядок не предусмотрен международным соглашением Республики Таджикистан.".
4. В статье 25:
- часть первую изложить в следующей редакции:
"Иностранные граждане выезжают из Республики Таджикистан по заграничным паспортам или заменяющим их документам, при наличии выездных виз, выданных Министерством иностранных дел Республики Таджикистан, если иной порядок не установлен международным соглашением Республики Таджикистан.
При выезде из Республики Таджикистан лиц без гражданства документом, заменяющим заграничный паспорт, является удостоверение лица без гражданства, выдаваемое органами внутренних дел. Правила оформления, выдачи и образец бланка удостоверения лица без гражданства утверждаются Правительством Республики Таджикистан.";
- части вторую и третью считать соответственно частями третьей и четвертой.
5. В части второй статьи 31 слова "Министерством безопасности" заменить словами "Государственным комитетом национальной безопасности".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
26 марта 2009 года № 500
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ
г. Душанбе, 23 декабря 2008 года № 1202
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
0 Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 12 марта 2009 года №594