Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, № 625 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ва беэътибор донистани баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ва беэътибор донистани баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1997, № 83 "Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 29 декабри соли 1996, № 632 "Дар бораи баъзе тадбирҳои такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- бандҳои 2, 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"2. Арзиши як адад коғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда барои иҷрои амалиёти нотариалӣ ба андозаи 30% нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардида, аз ин маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ 30% ва ба суратҳисоби махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 % интиқол дода шавад.

3. Маблағи коғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда ҳангоми иҷрои амалиёти нотариалӣ ситонида шавад.

4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби нигоҳдорӣ, фурӯш ва пешниҳоди ҳисобот оид ба коғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршударо таҳия ва тасдиқ намояд.";

- банди 5 хориҷ карда шавад.

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001, № 553 "Дар бораи арзиши коғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда барои иҷрои амалиётҳои нотариалӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 декабри соли 2022, № 625