Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, № 618 "Дар бораи таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмуии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмуии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯйи иттилооте, ки мақомоти масъул ва субъектҳои хоҷагидор ба Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмуии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои хоҷагидори дигар ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти заруриро аз рӯйи Номгӯйи мазкур дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод намоянд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумоти оморӣ ва иттилооти дигарро, ки барои таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмуии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, аз рӯйи шаклҳои тасдиқшудаи ҳисоботи оморӣ ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1998, №203 "Дар бораи тартиби таҳия ва пешниҳоди тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 декабри соли 2022, № 618