ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт"
Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт" таъсис дода шавад.
2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.
3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби биноҳои Вазорати нақлиёт ҷиҳати таъмин намудани корхона бо утоқҳои корӣ чораҷӯйӣ намояд.
4. Ба Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, № 250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 декабри соли 2022, № 617