Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, № 615 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Сохтмон ва таъмири механиконидашудаи иншооти гидротехникӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Сохтмон ва таъмири механиконидашудаи иншооти гидротехникӣ"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Сохтмон ва таъмири механиконидашудаи иншооти гидротехникӣ" таъсис дода шавад.

2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии таъсиси Муассисаи давлатии "Сохтмон ва таъмири механиконидашудаи иншооти гидротехникӣ"-ро ҳал намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии "Сохтмон ва таъмири механиконидашудаи иншооти гидротехникӣ"-ро бо тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷудо мегарданд, ба роҳ монад.

4. Ба Номгӯйи корхонаю муассиса ва ташкилотҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 125 "Дар бораи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 13 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"13. Муассисаи давлатии "Сохтмон ва таъмири механиконидашудаи иншооти гидротехникӣ"".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 декабри соли 2022, № 615