ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Кангурт"
Мутобиқи моддахои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Кангурт" таъсис дода шавад.
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Кангурт"-ро ҳал намояд.
3. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Кангурт" 35 воҳиди корӣ муқаррар гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуривӣ маблағгузорӣ карда шавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолият ва нигоҳдории Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Кангурт"-ро аз 1 январи соли 2023 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда, тибқи тартиби муқарраргардида дар солҳои минбаъда ба ин мақсад маблағҳои заруриро дар буҷет пешбинӣ намояд.
5. Ба Номгӯйи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати шасту чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Кангурт"".
6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 декабри соли 2022, № 614