Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, № 1942 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХАЗИНАИ БОЙГОНИИ МИЛЛӢ ВА МУАССИСАҲОИ БОЙГОНӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 октябри соли 2022, № 851

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 декабри соли 2022, № 337

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 326; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1018; с. 2011, №7-8, мод. 617) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, ҳифз, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, назорат ва тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешбурди коргузорӣ ва идоракунии давлатии фаъолияти бойгониро танзим менамояд.".

2. Дар сархати нуҳуми моддаи 1(1) калимаҳои "хазинаҳои бойгонии" ба калимаи "бойгониҳои" иваз карда шаванд.

3. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

4. Дар матни моддаи 10 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

5. Номи моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ".

6. Дар ном ва матни моддаи 24 пас аз калимаи "накардани" калимаи "талаботи" илова карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 2022, № 1942