ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 октябри соли 2022, № 881
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 335
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ" аз 22 апрели соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 148; с. 2018, №1, мод. 23) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддима дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии танзими фаъолияти эҳсонкориро бо мақсади ривоҷ додани он муқаррар намуда, дастгирии давлатиро дар ин самт пешбинӣ менамояд.".
2. Дар моддаи 2:
- бандҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд;
- дар бандҳои панҷум ва шашум калимаҳои "Эҳсонгирҳо" ва "эҳсонгирҳо" ба калимаҳои "Эҳсонгирандагон" ва "эҳсонгирандагон" иваз карда шаванд;
- бандҳои ҳафтум ва ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Фонди эҳсонкорӣ - ташкилоти ғайритиҷоратии узвиятнадоштае, ки аз ҷониби шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ дар асоси пардохти ихтиёрии молумулкӣ таъсис дода шуда, мақсадаш эҳсонкорӣ мебошад.
Грант - воситаҳои пулӣ ва (ё) молу мулки дигаре, ки ройгон ва бебозгашт барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.".
3. Дар банди якум ва сархати якуми банди чоруми моддаи 2, сархати ҳафтуми моддаи 10, қисми дуюми моддаи 13, қисми панҷуми моддаи 14, қисми сеюми моддаи 15, ном ва матни моддаи 17, ном, қисмҳои дуюм ва панҷуми моддаи 18 ва қисми сеюми моддаи 22 калимаҳои "молу амвол", "амволи", "амвол", "амволеро" ва "Амволи" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулк", "молу мулки", "молу мулкеро" ва "Молу мулки" иваз карда шаванд.
4. Дар сархати дуюми моддаи 5 калимаи "(эҳсонгирҳо)" ба калимаи "(эҳсонгирандагон)" иваз карда шавад.
5. Қисми дуюми моддаи 6 хориҷ карда шавад.
6. Дар қисми дуюми моддаи 8 калимаҳои "корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳо" ба калимаҳои "корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ" иваз карда шаванд.
7. Дар сархати якуми моддаи 10 калимаи "вазифаҳои" ба калимаҳои "шакли ташкилию ҳуқуқии" иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 12:
- дар қисми якум аломат ва калимаҳои ", мақоми дастаҷамъии он (маҷлиси умумӣ)" ба калимаҳои "маҷлиси умумӣ" иваз карда шаванд;
- дар сарахти дуюми қисми сеюм калимаҳои "назоратӣ-тафтишотӣ" ба калимаҳои "назоратию тафтишӣ" иваз карда шаванд.
9. Дар қисми чоруми моддаи 14, сархати ҳаштуми моддаи 17 ва қисми дуюми моддаи 22 калимаи "эҳсонкор" ба калимаи "эҳсонкорӣ" иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 16:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 16. Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ";
- дар матни модда калимаҳои "иттиҳодияҳо (ассотсиатсия ва иттифокҳо)", "иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифокҳои)", "Иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифокҳои)" мувофиқан ба калимаҳои "иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо)", "иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои)" ва "Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои ва шӯроҳои)" иваз карда шаванд.
11. Дар сархати даҳуми моддаи 17, қисми сеюми моддаи 19 ва қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 20 калимаҳои "вобастааст" ва "ҳаққи" мувофиқан ба калимаҳои "вобаста аст" ва "музди" иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 18:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ташкилоти эҳсонкорӣ метавонад ҳамчун моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ биноҳо, иншоот, таҷҳизот, маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, захираҳои иттилоотӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва дигар навъҳои молу мулкро дошта бошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муайян накарда бошад.";
- дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "Ташкилоти эҳсонкор" ва "ҳаққи" мувофиқан ба калимаҳои "Ташкилоти эҳсонкорӣ" ва "музди" иваз карда шаванд.
13. Ба моддаи 19 қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Дар ҳолати барзиёд шудани қисми даромад аз қисми хароҷоти буҷети ташкилоти эҳсонкорӣ маблағи барзиёд набояд байни муассисон тақсим карда шавад, балки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ташкилот равона гардад.".
14. Қисми сеюми моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкориро тибқи тартиби муқарраршуда бо чунин роҳҳо дастгирӣ намоянд:
- пешниҳод намудан барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои соҳавӣ;
- додани имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- маблағгузории барномаҳои эҳсонкорӣ дар асоси натиҷаи озмунҳои эълоншуда;
- ройгон ё дар асоси имтиёзҳо ба иҷора додани иншооти давлатӣ барои истифодаи мақсаднок.".
15. Ҷумлаи якуми қисми якуми моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Мақоми давлатие, ки ташкилоти эҳсонкориро ба қайд гирифтааст риояи оинномаи онро назорат мекунад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, № 1940