ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 декабри соли 2022, № 920
қабул карда шудааст
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 37072956 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 25356000 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) воридоти андозӣ - 23082336 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ - 1686664 ҳазор сомонӣ;
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои
байналмилалии молиявӣ - 587000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии
сармоягузорӣ - 9292145 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) қарзҳо - 3249019 ҳазор сомонӣ;
б) грантҳо - 6043126 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ - 2424811 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ба маблағи 38103705 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 1661605 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ
ва судҳо - 2944846 ҳазор сомонӣ;
3) маориф - 7210355 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ - 3343077 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 4898631 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш - 1494348 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист
ва хоҷагии ҷангал - 1696585 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 5991355 ҳазор сомонӣ;
9) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 1620739 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон - 259782 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия - 2887352 ҳазор сомонӣ;
12) соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ - 128526 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоти дигар - 3966504 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ба андозаи 0,8 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 1030749 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ - 32000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби фоидаи соф ба ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои
дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ
дар ҷамъиятҳои саҳомӣ - 90000 ҳазор сомонӣ;
3) аз фурӯши векселҳо - 100000 ҳазор сомонӣ;
4) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ
ба ҳолати 1 январи соли 2023 - 100000 ҳазор сомонӣ;
5) иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ - 124654 ҳазор сомонӣ;
6) аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзии созмонҳои
байналмилалии молиявӣ - 520601 ҳазор сомонӣ;
7) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатии мол,
кор ва хизматрасонӣ - 40000 ҳазор сомонӣ;
8) иҷрои барзиёди нақшаи даромад ва маблағи озоди
буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 - 23494 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2347214 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 1349754 ҳазор сомонӣ ва баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯйи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2023 ба маблағи 997460 ҳазор сомонӣ (ба истиснои уҳдадориҳои қарзи солҳои қаблӣ) аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" - 938500 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" - 15500 ҳазор сомонӣ;
3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" - 7580 ҳазор сомонӣ;
4) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир энерҷӣ" - 11480 ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - 24400 ҳазор сомонӣ.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 700084 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 379684 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши молу мулки ба моликияти давлат қабулгардидаи ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" 320400 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи даромад 14702108 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот 15709363 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 1007255 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 14702108 ҳазор сомонӣ аз рӯйи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда - 7894915 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) андоз аз арзиши иловашуда (дохилӣ) - 2269915 ҳазор сомонӣ;
б) андоз аз арзиши иловашуда (беруна) - 5625000 ҳазор сомонӣ;
2) аксизҳо - 807000 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) аксизҳо (дохилӣ) - 200000 ҳазор сомонӣ;
б) аксизҳо (беруна) - 607000 ҳазор сомонӣ;
3) андоз аз фурӯш - 45685 ҳазор сомонӣ;
4) андоз барои захираҳои табиӣ - 388134 ҳазор сомонӣ;
5) андоз аз даромад - 2390999 ҳазор сомонӣ;
6) боҷҳои гумрукӣ - 1030000 ҳазор сомонӣ;
7) даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 1558375 ҳазор сомонӣ;
8) грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ - 587000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад:
1) маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 962364 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ - 199724 ҳазор сомонӣ;
б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ - 141055 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти сиёсати берунӣ - 344596 ҳазор сомонӣ;
г) мақомоти дигари давлатӣ - 276989 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура - 2534382 ҳазор сомонӣ;
3) маориф - 1412589 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) таҳсилоти умумӣ - 205101 ҳазор сомонӣ;
б) таҳсилоти касбӣ - 841797 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 365691 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ - 570579 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) беморхонаҳо - 268905 ҳазор сомонӣ;
б) марказҳои саломатӣ - 9892 ҳазор сомонӣ;
в) ҳифзи саломатии аҳолӣ - 73939 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ - 217843 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 719333 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) суғуртаи иҷтимоӣ - 513530 ҳазор сомонӣ;
б) ҳифзи иҷтимоӣ - 83667 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ
ва ҳифзи иҷтимоӣ - 122136 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш - 561016 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - 11436 ҳазор сомонӣ;
б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 132381 ҳазор сомонӣ;
в) воситаҳои ахбори омма - 229279 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш - 187920 ҳазор сомонӣ;

ва хоҷагии ҷангал - 108302 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 2595414 ҳазор сомонӣ;
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 233281 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) барои рушди соҳаи чорводорӣ - 1844 ҳазор сомонӣ;
б) барои чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди малах - 5150 ҳазор сомонӣ;
в) барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису мукаммал
намудани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои
ҷумҳурӣ - 30000 ҳазор сомонӣ;
г) барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ - 3500 ҳазор сомонӣ;
д) барои чорабиниҳои муҳофизати интегратсионии
зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону
касалиҳо - 2000 ҳазор сомонӣ;
е) барои рушди чарогоҳҳо - 615 ҳазор сомонӣ;
ё) барои рушди соҳаи харгӯшпарварӣ - 300 ҳазор сомонӣ;
ж) барои рушди соҳаи тухмипарварӣ - 1132 ҳазор сомонӣ;
з) барои рушди геодезия ва харитасозӣ - 8005 ҳазор сомонӣ;
и) барои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва
барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ
берунмонда - 4595 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон - 264769 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия - 219013 ҳазор сомонӣ;
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ - 129425 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил
карда нашудааст - 5398896 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ - 2771350 ҳазор сомонӣ,
аз он:
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ - 379684 ҳазор сомонӣ;
- амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ - 2391666 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани
вазифаҳои пойтахт - 25000 ҳазор сомонӣ;
в) фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон - 123845 ҳазор сомонӣ;
г) хароҷоти дигаре, ки аз рӯйи соҳаҳои иқтисодиёт
гурӯҳбандӣ нашудааст - 2478701 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандиҳои идоравӣ ва барномавӣ
1. (на барои нашр).
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 15709363 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) пардохти музди меҳнат - 3048479 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) музди меҳнати кормандони асосӣ - 2859557 ҳазор сомонӣ;
б) музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 188922 ҳазор сомонӣ;
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ - 386706 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ - 328193 ҳазор сомонӣ;
б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ
ва хизматрасонӣ - 47209 ҳазор сомонӣ;
в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар - 11304 ҳазор сомонӣ;
3) хариди мол ва хизматрасонӣ - 3174797 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ - 227603 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти хизматрасонии алоқа - 148794 ҳазор сомонӣ;
в) хариди мол ва хизматрасонии дигар - 2798400 ҳазор сомонӣ;
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна - 2771350 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзи дохилӣ - 379684 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти қарзи берунаи асосӣ - 1349754 ҳазор сомонӣ;
в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ - 1041912 ҳазор сомонӣ;
5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо) - 142567 ҳазор сомонӣ;
6) хароҷот барои трансфертҳо - 1633755 ҳазор сомонӣ;
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 241118 ҳазор сомонӣ;
8) трансфертҳои дигар - 534383 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ - 3776208 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) маблағгузории асосии мутамарказ - 3478246 ҳазор сомонӣ;
б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот - 160937 ҳазор сомонӣ;
в) дороиҳои ғайримолиявии дигар - 119800 ҳазор сомонӣ;
г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ - 17225 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ба маблағи 495380 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 1479212 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 259248 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон - 837591 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб - 18851 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт - 63056 ҳазор сомонӣ;
5) ноҳияи Лахш - 43892 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Нуробод - 48766 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Рӯдакӣ - 63583 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Сангвор - 18156 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Тоҷикобод - 31051 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Файзобод - 54940 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Шаҳринав - 40078 ҳазор сомонӣ.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби алоҳидаи буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда шуда, хароҷоти он тавассути суратҳисоби мазкур анҷом дода шавад.
Моддаи 11. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 ба маблағи 223239 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи даромад, бо дарназардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 9928104 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 9951598 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 23494 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2439 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 16566 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 371 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 591 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш 357 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 365 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 1412 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор 200 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 242 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 475 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 476 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 ва таъмини иҷрои барзиёди даромад пӯшонида мешавад.
3. Бақияи маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 бо тарҳи маблағҳои азхуднашудаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети соли 2022 муайян ва тасдиқ карда шавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2023 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
1) андоз аз фурӯши алюминийи аввалия - 100 фоиз;
2) боҷҳои гумрукӣ - 100 фоиз;
3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна - 100 фоиз;
4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дар назар доштани муҷозоти молиявӣ), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 фоиз;
5) аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 фоиз;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1" - андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 фоиз;
7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" -андоз аз арзиши иловашуда
- 100 фоиз;
8) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" - андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 фоиз;
9) аз Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком" - андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 фоиз;
10) аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 фоиз;
11) аз муассисаҳои давлатии марказ ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда - андоз аз даромади шахсони воқеӣ - 100 фоиз;
12) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком") - андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз - 100 фоиз;
13) аз Бонки миллии Тоҷикистон - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2022 - 100 фоиз;
14) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка "Корхонаи муштараки Анзоб", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки "Зарафшон", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Пакрут", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати металургии Анзоб" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Талко Голд" - андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 50 фоиз;
15) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ) - 100 фоиз;
16) аз ҳисоби андозҳо барои захираҳои табиӣ (рентаи содиротӣ) - 50 фоиз;
17) (на барои нашр).
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи таносуб (фоизҳо)-и зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд 51 фоиз ба буҷети вилоят ва 49 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
2) андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Роғун)
- 100 фоиз;
б) аз вилояти Суғд 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Роғун 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
3) андоз аз даромади шахсони воқеӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун) - 100 фоиз;

в) аз шаҳри Душанбе 45 фоиз ба буҷети шаҳр ва 55 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Ваҳдат 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
д) аз шаҳри Роғун 79 фоиз ба буҷети шаҳр ва 21 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
4) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз;
5) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 фоиз.
3. Гузаронидани маблағи як намуди андоз ба дигар намуди андоз берун аз таъинот, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
4. Воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қатъиян тавассути суратҳисобҳои танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
5. Новобаста аз тағйир ёфтани маҳалли фаъолияти андозсупоранда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупоранда то охири соли молиявӣ дар маҳалли қаблан бақайдгирифташуда ё маҳалли фаъолият анҷом дода шавад.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2023 аз рӯйи даромад ба маблағи 3987638 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 3956840 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30798 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 3987638 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад.
3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯйи таносуб (фоизҳо)и зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 34,0 фоиз ба суратҳисоби раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 66,0 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар шаҳри Роғун 24,4 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 75,6 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои ташкилотҳо дар соли 2023
1. Андоз аз арзиши иловашуда танҳо барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ), барои воридот, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, инчунин барои маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва фурӯши он, барои фурӯши равғани растанию боқимондаи коркарди он (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) бо меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки барои хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ), ҷиҳати таҳвил ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, инчунин барои маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва фурӯши он пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад. Муқаррароти мазкур ба имтиёзҳои пешбининамудаи сархати сенздаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 18) моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобусҳо, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
3. Воридоти қувваи барқ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда озод карда мешавад ().
4. Корхонаи воҳиди давлатӣ "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад ().
5. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
6. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд: меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, сохтмони бинои бисёрфунксионалии маъмурӣ дар суроғаи хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
7. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосии сохтмони иншооти дар қисми 6 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
8. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун", ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба вуҷуд омадаанд, фоизҳо тибқи моддаи 139 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
9. Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти 50 фоизи меъёри муқарраршудаи андозҳо аз молу мулк, инчунин мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти Федератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ, воридоти молу масолеҳи варзишӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
10. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷу хироҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
11. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
12. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар - консортсиуми "Tractebel Engineering Ғ.A." (филиали "Tractebel Engineering Ғ.A." дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, ки тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии зерпудратчиёни консортсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд.
13. (на барои нашр).
14. Маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2023 тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
15. Воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ (трап, лифтҳои махсус барои мусофирон, эскалаторҳо, автокран, таҷҳизоти барқдиҳандаи ҳавопаймо) барои азнавсозии аэровокзали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд ().
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2023 аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 30 фоиз баъд аз пӯшонидани касри буҷет ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағи озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кӯтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 18. Соҳаҳо ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ
1. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ба соҳаҳои дигар қатъиян манъ аст.
2. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ, маблағгузории сарикасӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
3. Ҳангоми мавҷуд будани сарфа ва набудани қарз аз рӯйи моддаҳои дахлдори хароҷот, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
4. (на барои нашр).
Моддаи 19. Пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети дахлдор маблағгузоришаванда дар қисмати даромаду хароҷоти сметаҳои ягонаи онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳо пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
1) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 55 фоиз;
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт - 40 фоиз;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 фоиз, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дастгоҳи марказии вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 фоиз, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва дастгоҳи марказии вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 10 фоиз;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15 фоиз;
5) ташкилотҳои дигари буҷетӣ - 20 фоиз;
6) аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, ҳиссаҷудокунии маблағҳои махсуси гирандагони маблағҳои буҷетӣ ба тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, кумакҳои молиявӣ, маблағҳои махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватии сафарбарӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситонида намешавад.
2. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар семоҳа то санаи 15уми баъди давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.
3. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
4. Дар сурати аз ҳаҷми солонаи маблағи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
5. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2023 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, барои истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
6. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 60 фоизи маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамоянд. Боқимонда 40 фоизи воридоти маблағ ба суратҳисоби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегардад. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
7. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида пурра ба суратҳисоби андӯхтӣ гузаронида шуда, хароҷоти онҳо бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
8. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
9. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор пӯшонида мешавад.
10. (на барои нашр).
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ ба андозаи 5 фоиз муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ;
2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:
а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
б) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) дигар ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар.
2. Воридот аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 фоиз муқаррар карда шавад.
3. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
4. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти қудратӣ
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
2. (на барои нашр).
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2023 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашуда (кам нишондодашуда)-и андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯйи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ҳар моҳ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намудҳои андоз ворид карда шуда, ҳиссаи онҳо мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои пешбинишуда истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
3. Маблағҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсуси андозбандӣ ошкор гардидаанд, бо дар назар доштани фоиз ва ҷарима аз рӯйи онҳо, аз рӯйи таъиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҳадди ақали иҷорапулӣ барои молу мулк, ба истиснои молу мулки давлатӣ
1. Аз 1 январи соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 68 сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Ҳадди ақали иҷорапулии як метри мураббаи объектҳои ғайриманқул дар як моҳ бо фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо дар назар доштани коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, ки дар қисми 2 моддаи 348 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун биноҳо (ҳуҷраҳо)-и истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо истифода мешаванд - 20 фоиз;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ истифода мешаванд - 30 фоиз;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намудҳои хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд - 60 фоиз;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолият истифода мешаванд - 45 фоиз.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои санадҳои судӣ дар бораи ҷуброни зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонидашуда аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда, инчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расонидашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузорӣ дар соҳаи заминсозӣ ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз рӯйи даромад ба маблағи 30053803 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 29221500 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 832303 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо дар назар доштани хизматрасонии он ба маблағи 2392782 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2023 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), сатҳи нархҳо, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилотҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 7 декабри соли 2022, № 1916