ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд ва Нақшаи амали Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо, инчунин корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба рафти иҷрои он ҳар сол то 15 феврал ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 ноябри соли 2022, № 547
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Среднесрочной программе на 2023-2027 годы по управлению фискальными рисками крупных государственных предприятий и обществ, акции которых принадлежат государству
В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Среднесрочную программу на 2023-2027 годы по управлению фискальными рисками крупных государственных предприятий и обществ, акции которых принадлежат государству и План действий Среднесрочной программы на 2023-2027 годы по управлению фискальными рисками крупных государственных предприятий и обществ, акции которых принадлежат государству (приложения 1 и 2).
2. Министерствам и ведомствам, а также крупным государственным предприятиям и акционерным обществам, акции которых принадлежат государству, принять необходимые меры по реализации настоящей Программы и Плана ее действий и о ходе её исполнения ежегодно до 15 февраля представлять информацию в Министерство финансов Республики Таджикистан.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан о ходе реализации настоящей Программы и Плана ее действий ежегодно до 1 марта представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан и Координационный совет по вопросам управления фискальными рисками государственных предприятий.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 23 ноября 2022 года, №547