Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2022, № 547 "Дар бораи Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд ва Нақшаи амали Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2023-2027 оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳое, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳо, инчунин корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба рафти иҷрои он ҳар сол то 15 феврал ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои азими давлатӣ маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 ноябри соли 2022, № 547