ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 "Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) банди 2 хориҷ карда шавад;
2) дар замима:
- банди 9(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"9(1). Дар шуъбаҳои вилоятӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба шумораи аҳолӣ ва хоҷагиҳо, шароити иқлимию ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳо нозир-коргузор бе додани мақоми хизматчии давлатӣ таъин карда мешаванд. Шумора, тартиби ба кор таъин ва аз кор озод намудани мутахассисони зикргардида, инчунин уҳдадориҳои мансабии онҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Хароҷоти марбут ба нигоҳдории мутахассисони зикргардида аз ҳисоби маблағҳои барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинигардида анҷом дода мешавад.";
- банди 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"29. Андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат, бо дарназардошти кӯдакони то 16-сола, ки дар маълумотнома оид ба ҳайати оила дарҷ карда шудаанд, барои дувоздаҳ моҳ бо тартиби зерин таъин ва пардохт карда мешавад:
- то 1 июли соли 2023 дар муддати дувоздаҳ моҳ 8 (ҳашт) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад;
- аз 1 июли соли 2023 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ 9 (нуҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 0,5 (ним) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25 фоизи андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад;
- аз 1 январи соли 2024 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25 фоизи андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад;
- аз 1 январи соли 2025 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат дар муддати дувоздаҳ моҳ 11 (ёздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар шашмоҳа ба андозаи 50 фоизи андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад.";
- аз банди 40 калимаи "филиалҳои" хориҷ гардида, калимаи "менамоянд" ба калимаи "менамояд" иваз карда шавад;
- аз банди 41 калимаи "филиалҳои" хориҷ карда шавад;
- аз банди 42 калимаи "Филиалҳои" хориҷ карда шуда, калимаҳои "рӯйхатҳои", "мегузаронанд" ва "мекушоянд" мувофиқан ба калимаҳои "рӯйхатҳо, аз ҷумла рӯйхатҳои электронии", "мегузаронад" ва "мекушояд" иваз карда шаванд;
- банди 44 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"44. Рӯйхатҳо барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ё қатъ намудани он дар шакли электронӣ таҳия гардида, бо тартиби муқарраргардида ба БДА ҶТ "Амонатбонк" пешниҳод карда мешавад.";
- аз банди 45 калимаи "филиали" хориҷ гардида, калимаҳои "дар рӯйхати" ба калимаҳои "дар рӯйхат, аз ҷумла рӯйхати электронии" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 ноябри соли 2022, № 548