ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Балҷувон"
Мутобиқи моддаҳои 52, 58 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Балҷувон" таъсис дода шавад.
2. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Балҷувон" 35 воҳиди корӣ муқаррар гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда шавад.
3. Бинои нави осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон, воқеъ дар деҳаи Балҷувони Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон ба моликияти ҷумҳуриявӣ қабул гардида, ба тавозуни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
4. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Балҷувон:
- масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи мазкурро ҳал карда, онро дар бинои бо банди 3 қарори мазкур пешбинигардида ҷойгир намоянд;
- ҷиҳати ба тавозуни Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Балҷувон" гузаронидани воситаҳои асосӣ (ғайриманқул ва манқул)-и осорхонаи мардумии Балҷувон, осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ, осорхонаи ноҳиявии "Таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба номи Саидқул Турдиев" ва осорхонаи таърихию кишваршиносии деҳаи Шаҳидони Ҷамоати деҳоти Сари Хосор чораҳои зарурӣ андешанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолият ва нигоҳдории Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Балҷувон"-ро аз 1 январи соли 2023 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда, тибқи тартиби муқарраргардида дар солҳои минбаъда ба ин мақсад маблағҳои заруриро дар буҷет пешбинӣ намояд.
6. Ба Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати шасту сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Балҷувон"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 25 октябри соли 2022, № 515
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Государственном учреждении "Комплекс республиканских музеев Бальджуван"
В соответствии со статьями 52, 58 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное учреждение "Комплекс республиканских музеев Бальджуван".
2. Установить предельную численность работников Государственного учреждения "Комплекс республиканских музеев Бальджуван" в количестве 35 единиц и финансировать за счёт средств республиканского бюджета.
3. Принять новое здание историко-краеведческого музея Бальджуванского района, расположенного в селе Бальджуван Джамоата дехота Бальджуван Бальджуванского района в республиканскую собственность и передать на баланс Министерства культуры Республики Таджикистан.
4. Министерству культуры Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществам Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Хатлонской области и Бальджуванского района:
- решить организационно - правовые вопросы данного Учреждения и разместить его в здании, предусмотренным пунктом 3 настоящего постановления;
- принять необходимые меры для передачи на баланс Государственного учреждения "Комплекс республиканских музеев Бальджуван" основных средств (недвижимого и движимого имущества) народного музея Бальджуван, историко-краеведческого музея, районного музея "История Великой Отечественной Войны имени Саидкула Турдиева" и историко-краеведческого музея села Шахидон Джамоата дехота Сари Хосор.
5. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование деятельности и содержания Государственного учреждения "Комплекс республиканских музеев Бальджуван" с 1 января 2023 года за счет республиканского бюджета и в установленном порядке в последующие годы предусмотреть в бюджете на эти цели необходимые средства.
6. Дополнить Перечень учреждений и организаций системы Министерства культуры Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №604 "О Министерстве культуры Республики Таджикистан", абзацем шестьдесят третьим следующего содержания:
"Государственное учреждение "Комплекс республиканских музеев Бальджуван"".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 25 октября 2022 года, №515