Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022, № 521 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2021, №432"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2021, №432

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2021, № 432 "Дар бораи Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- номи қарор дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Дар бораи Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ";

- дар муқаддима рақами "38" ба рақами "85" иваз карда шавад;

- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).";

- дар бандҳои 2, 3 ва 4 калимаҳои "мошинҳои" ва "шартан (вертуалӣ)" мувофиқан ба калимаҳои "дастгоҳҳои" ва "виртуалӣ" иваз карда шаванд;

- дар банди 4 рақам ва калимаҳои "31 июли соли 2022" ба рақам ва калимаҳои "1 апрели соли 2023" иваз карда шаванд.

2. Дар Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомоти хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2021, №432 "Дар бораи Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- номи Тартиб дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ";

- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва хазинаи виртуалӣ бо модули фискалиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ), ки ҳисоббаробаркуниҳои пулиро бо аҳолӣ анҷом медиҳанд, муайян менамояд.";

- сархати сеюми банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- оператори маълумоти фискалӣ (минбаъд - оператор) субъекти хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, мебошад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун оператори маълумоти фискалӣ дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда, дорои таҷҳизоти махсуси барои коркард, қабули мустақил ва доимӣ, ҳифз ва нигоҳдории криптографии маълумоти фискалии дар реҷаи онлайн гирифташуда пешбинигардида, инчунин таъминкунандаи интиқоли маълумот дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ дар реҷаи онлайн ба мақомоти андоз тавассути шабакаҳои телекоммуникатсияи истифодаи умум ва дар асоси созишнома ва ҳуҷҷатҳои фармоиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои вазифаҳои оператори маълумоти фискалӣ мебошад";

- дар тамоми матн ва замимаҳои 1-4 калимаҳои "мошини назоратӣхазинавии", "МНХ", "шартан (вертуалӣ)", "шартан (вертуалӣ)-ро", "вертуалӣ", "ШАРТАН (ВЕРТУАЛӢ)", "шартан (вертуалӣ)-и", "шартан (вертуалии)", "шартан вертуалӣ", "шартан (вертуалие)", "МОШИНҲОИ", ва "мошинҳои назоратӣ-хазинавии" мувофикан ба калимаҳои "дастгоҳи назоратӣ-хазинавии", "ДНХ", "виртуалӣ", "виртуалиро", "виртуалӣ", "ВИРТУАЛӢ", "виртуалии", "виртуалӣ", "виртуалие", "ДАСТГОҲҲОИ" ва "дасггоҳҳои назоратӣ-хазинавии" иваз карда шаванд;

- дар кунҷи рости болоии замимаҳои 1-4 калимаҳои "Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии онлайн ва низомоти хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ" ба калимаҳои "Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ" иваз карда шаванд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 25 октябри соли 2022, № 521

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 9 октября 2021 года, №432

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Республики Таджикистан от 9 октября 2021 года, №432 "О Порядке применения контрольно-кассовых машин в режиме реального времени (онлайн) и систем виртуальных касс при осуществлении денежных расчетов с населением" следующие изменения:

- название постановления изложить в следующей редакции:

"О Порядке использования контрольно-кассовых устройств";

- в преамбуле цифру "38" заменить цифрой "85";

- пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Утвердить Порядок использования контрольно-кассовых устройств (прилагается).";

- в пунктах 2, 3 и 4 слова "машин", "вертуальных", "машины" и "машинами" соответственно заменить словами "устройств", "виртуальных", "устройства" и "устройствами";

- в пункте 4 цифры и слова "31 июля 2022 года" заменить цифрами и словами "1 апреля 2023 года".

2. Внести в Порядок применения контрольно-кассовых машин в режиме реального времени (онлайн) и систем виртуальных касс при осуществлении денежных расчетов с населением, которое утверждено постановлением Правительства Республики Таджикистан от 9 октября 2021 года, №432 "О Порядке применения контрольно-кассовых машин в режиме реального времени (онлайн) и систем виртуальных касс при осуществлении денежных расчетов с населением" следующие изменения:

- название порядка изложить в следующей редакции:

"Порядок использования контрольно-кассовых устройств";

- пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Порядок использования контрольно-кассовых устройств (далеенастоящий Порядок) определяет правила использования онлайн контрольнокассовых устройств и виртуальных касс с фискальным модулем юридическими лицами и индивидуальными предпринимателями (далеесубъектами хозяйственной деятельности), занимающимися денежными расчётами с населением.";

- абзац третий пункта 2 изложить в следующей редакции:

"- оператор фискальных данных (далее - оператор) - хозяйствующий субъект, независимо от формы собственности и организационно- правовой формы, который зарегистрирован в соответствии с законодательством Республики Таджикистан в налоговых органах в качестве оператора фискальных данных и имеет специальное оборудование, предназначенное для обработки, самостоятельного и постоянного приёма, криптографической защиты и хранения принятых в режиме онлайн фискальных данных, а также обеспечивающее передачу сведений о денежных расчетах в режиме онлайн в налоговые органы по сетям телекоммуникаций общего пользования, наделен функциями оператора фискальных данных на основании соглашения и распорядительных документов Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан";

- во всем тексте и приложениях 1-4 слова "контрольно-кассовая машина", "ККМ", "контрольно-кассовой машиной", "КОНТРОЛЬНОКАССОВЫМ МАШИНАМ", "контрольно-кассовых машин" и "КОНТРОЛЬНО-КАССОВЫХ МАШИН" соответственно заменить словами "контрольно-кассовое устройство", "ККУ", "контрольно кассовым устройством", "КОНТРОЛЬНО-КАССОВЫМ УСТРОЙСТВАМ", "контрольно-кассовых устройств" и "КОНТРОЛЬНОКАССОВЫХ УСТРОЙСТВ";

- из пункта 83 слова "(далее - онлайн- ККМ)" исключить;

- в правом верхнем углу приложений 1-4 слова "Порядку применения онлайн контрольно-кассовых машин и систем виртуальных касс при осуществлении денежных расчетов с населением" заменить словами "Порядку использования контрольно-кассовых устройств".

Председатель    

Правительства Республики Таджикистан                            Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 25 октября 2022 года №521