ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №608
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №608 "Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калима ва рақами "аввал" ва "7" мувофиқан ба калима ва рақами "якум" ва "9" иваз карда шаванд.
2. Ба Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №608 "Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар банди 5:
- дар сархати сеюм калимаҳои "беҳтар гардонидани вазъи демографӣ" ба калимаҳои "пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон, коҳиш додани нобаробарии гендерӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаи "қарорҳо" ба калимаи "фармоишҳо" иваз карда шавад;
- сархатҳои сенздаҳум, чордаҳум, понздаҳум ва шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд тадбирҳо меандешад;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ҳавасманд гардонидани донишҷӯдухтарони фаъолу аълохони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ тадбирҳо меандешад;
- дар ҳамкорӣ бо субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда тадбирҳои зарурӣ андешида, барои пешгирии зӯроварӣ дар оила, роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила мусоидат менамояд;
- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои шуғлнокии занон, таъсиси ҷойҳои корӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзии онҳо мусоидат менамояд;";
2) ба банди 6 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- кормандон, занон ва духтаронро барои дастовардҳои баланд дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумита сарфароз гардонад;";
3) дар банди 7 калимаҳои "сарварӣ" ва "аввал" мувофиқан ба калимаҳои "роҳбарӣ" ва "якум" иваз карда шаванд;
4) дар сархати шашуми банди 10 калимаҳои "марказии Кумитаро" ба калимаҳои "марказӣ, роҳбарони ташкилот ва муассисаҳои Кумитаро" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 25 октябри соли 2022, № 517