Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022, № 512 "Дар бораи Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, иттиҳодия ва ассотсиатсияҳои корфармоён вобаста ба амалисозии Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб муайян карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 25 октябри соли 2022, № 512

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке разработки и признания стандартов компетенции каждой профессии

В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О подготовке специалистов с учетом потребностей рынка труда" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок разработки и признания стандартов компетенции каждой профессии (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, объединениям и ассоциациям работодателей принять необходимые меры по реализации Порядка разработки и признания стандартов компетенции каждой профессии.

3. Координатором реализации Порядка разработки и признания стандартов компетенции каждой профессии определить Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

Председатель Правительства

Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 25 октября 2022 года №512