Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб аз 25 октябри соли 2022, № 512

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 октябри соли 2022, № 512

Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб (минбаъд - Тартиб) раванди таҳия, тасдиқ, эътироф ва ворид намудани тағйиротро ба стандартҳои салоҳияти ҳар як касб муайян менамояд.

2. Тартиби мазкур бо мақсади ташаккули низоми тайёр намудани мутахассисони сатҳҳои гуногун дар асоси салоҳиятнокӣ бо дарназардошти сатҳҳои Таснифоти миллии тахассусҳо таҳия шудааст.

2. ТАҲИЯ ВА ТАСДИҚИ СТАНДАРТҲОИ САЛОҲИЯТИ ҲАР ЯК КАСБ

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касбро дар ҳамкорӣ бо корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дахлдори давлатӣ ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон таъмин мекунад ва стандартҳои салоҳияти ҳар як касбро тасдиқ менамояд.

4. Таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои салоҳияти ҳар як касб мутобиқи Тавсияҳои методӣ оид ба таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва бо дар назар доштани сатҳҳои Таснифоти миллии тахассусҳо амалӣ карда мешавад.

5. Маблағгузории таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои салоҳияти ҳар як касб аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутобиқи номгӯйи касбҳои афзалиятноки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, ки бо дар назар доштани самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёт дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои соҳавӣ омода шудааст, амалӣ карда мешавад.

6. Маблағгузории таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои салоҳияти ҳар як касби ба номгӯйи касбҳои афзалиятнок вориднашуда аз ҳисоби маблағҳои ташаббускорони таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб амалӣ карда мешавад.

7. Лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб бояд бо намояндагони корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дахлдори давлатӣ ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон бо ҷалби иттифоқҳои касаба (иттиҳодияҳои онҳо) ва ташкилотҳои дигари манфиатдор муҳокима карда шавад.

8. Барои баррасии лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб таҳиягарон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро бо забони давлатӣ пешниҳод менамоянд:

- лоиҳаи стандартҳои салоҳият аз рӯйи касби муайян;

- маълумотномаи тавзеҳотӣ ба лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб;

- маълумот дар бораи ташкилотҳои дар таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб иштирокнамуда;

- маълумот дар бораи натиҷаи муҳокимаи лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, ки дар банди 7 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст.

9. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи стандартҳои салоҳиятро дар он сурат рад менамояд, ки агар таҳиягар номгӯйи нопурраи маҷмуи ҳуҷҷатҳои дар банди 8 Тартиб пешбинишударо пешниҳод намояд ва инчунин агар ин лоиҳа ба тавсияҳои методии таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб муқарраршуда, мутобиқат накунад.

10. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 7 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридоти лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб ба таҳиягар дар бораи рад намудани лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб ё қабули он барои баррасӣ, маълумоти хаттӣ медиҳад.

11. Пас аз барои баррасӣ қабул гаштани лоиҳаи стандартҳои салоҳияти касби муайян, он дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридот дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.mehnat.tj) барои гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятӣ ҷойгир карда мешавад. Маълумот дар бораи ҷойгиршавии лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб барои гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятӣ ба таҳиягарони стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, вазорат ё идораи дахлдор, корфармоёни соҳавӣ ва иттиҳодияҳои соҳавии онҳо, иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи касби мазкур равон карда мешавад. Муҳлати муҳокимаи ҷамъиятӣ 15 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ҷойгиркунии лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касбро ташкил менамояд.

12. Дар мавриди мавҷуд будани эроду иловаҳо ба лоиҳаи стандартҳои салоҳияти касб Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндаи таҳиягар, ташкилоте, ки эроду иловаҳо пешниҳод намудааст ва бо ҷалби тарафҳои манфиатдоре, ки дар банди 11 Тартиби мазкур номбар шудаанд, мегузаронад.

13. Маълумот дар бораи натиҷаи муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳиягар дар давоми 7 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи анҷом ёфтани муҳокимаи ҷамъиятӣ равон карда мешавад.

14. Дар ин асно, лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, маълумот ва ҳуҷҷатҳои дар банди 8 Тартиб пешбинишуда, маълумот дар бораи натиҷаи муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорат ё идораи соҳавии дахлдор барои экспертиза ва мувофиқа ирсол карда мешавад. Давомнокии экспертиза ва мувофиқакунӣ набояд аз 15 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.

15. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи экспертии вазорат ё идораи соҳавии дахлдор дар давоми 7 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қабули он қарор дар бораи тасдиқи лоиҳаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб ё рад намудани он қабул менамояд ва ба таҳиягар дар бораи қарори қабулшуда маълумот медиҳад.

3. ТАРТИБИ ЭЪТИРОФ ВА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА СТАНДАРТИ САЛОҲИЯТИ ҲАР ЯК КАСБ

16. Маълумот дар бораи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб ба Феҳристи миллии стандартҳои салоҳиятҳо ворид гардида, онҳо аз лаҳзаи ба феҳрист ворид гардидани стандартҳои салоҳият эътирофгардида ҳисобида мешаванд. Таъсис ва пешбурди Феҳристи миллии стандартҳои салоҳиятро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

17. Ворид намудани тағйирот ба стандартҳои салоҳияти ҳар як касб бо тартиби барои таҳия ва тасдиқи онҳо муқарраршуда амалӣ карда мешавад.

18. Маълумот дар бораи аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани стандартҳои салоҳияти касбҳои муайян ва тағйироти ба онҳо воридшуда дар давоми 7 рӯз тақвимӣ аз рӯзи эътироф шудани он ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ирсол карда мешавад.

19. Маълумот дар бораи стандартҳои салоҳияти ҳар як касби аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ва тағйироти ба онҳо воридшуда дар давоми 7 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи эътироф шуданашон ба ташабусскорони таҳияи стандарти салоҳияти мазкур, корфармоёни соҳавӣ, мақомоти давлатие, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти касбӣ доранд, инчунин бевосита ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои ба назар гирифтан дар мавриди таҳияи барномаҳои таълимӣ аз рӯйи касбҳои дахлдор ва воситаҳои баҳодиҳии салоҳиятҳо равон карда мешавад.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

20. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, дастрасии матни стандартҳои салоҳияти ҳар як касби тасдиқшударо ба дилхоҳ истифодабарандаи ин стандартҳо тавассути шакли чопӣ ё электронии он, таъмин намояд.

21. Стандартҳои салоҳияти ҳар як касби тасдиқшуда ва Феҳристи миллии стандартҳои салоҳиятҳои касбҳои тасдиқшуда дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сомонаи низоми иттилоотии бозори меҳнат ҷойгир карда мешаванд.

 

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "25" октября 2022 года, №512

Порядок разработки и признания стандартов компетенции каждой профессии

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок разработки и признания стандартов компетенции каждой профессии (далее-Порядок) определяет процесс разработки, утверждения, признания и внесения изменений в стандарты компетентности каждой профессии.

2. Настоящий Порядок разработан с целью формирования системы подготовки специалистов различного уровня на основе компетентности с учетом уровней Национального классификатора квалификаций.

2. РАЗРАБОТКА И УТВЕРЖДЕНИЕ СТАНДАРТОВ КОМПЕТЕНЦИЙ КАЖДОЙ ПРОФЕССИИ

3. Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан координирует разработку стандартов компетенций каждой профессии в сотрудничестве с работодателями и их объединениями, соответствующими государственными органами и учреждениями по подготовке специалистов и утверждает стандарты компетенций каждой профессии.

4. Разработка проектов стандартов компетенций каждой профессии осуществляется в соответствии с утверждаемыми Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан Методическими рекомендациями по разработке стандарта компетенции и с учётом уровней Национального классификатора квалификаций.

5. Финансирование разработки проектов стандартов компетенций каждой профессии за счет средств государственного бюджета осуществляется в соответствии с утверждаемым Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан перечнем приоритетных профессий, разработанным с учетом приоритетных направлений развития экономики по согласованию с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерством финансов Республики Таджикистан, а также с другими отраслевыми министерствами и ведомствами.

6. Финансирование разработки проектов стандартов компетенций профессий, не вошедших в перечень приоритетных профессий осуществляется за счет средств инициаторов разработки стандартов компетенций.

7. Проект стандартов компетенции каждой профессии подлежит обсуждению с представителями работодателей и их объединениями, соответствующими государственными органами и учреждениями по подготовке специалистов, с привлечением профессиональных союзов (их объединений) и других заинтересованных организаций.

8. Для рассмотрения проекта стандартов компетенций каждой профессии разработчики представляют в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан следующие документы на государственном языке:

- проект стандарта компетенции по определённой профессии;

- пояснительная справка к проекту стандарта компетенции по определённой профессии;

- сведения об организациях, принявших участие в разработке стандартов компетенций определённой профессии;

- информация о результатах обсуждения проекта стандарта компетенции определённой профессии, предусмотренного пунктом 7 настоящего Порадка.

9. Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан отклоняет проект стандарта компетенции, если разработчиком представлен неполный комплект документов, предусмотренных пунктом 8 настоящего Порядка, а также, если этот проект не соответствует методическим рекомендациям по разработке стандарта компетенции.

10. Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в течение 7 календарных дней со дня поступления проекта стандарта компетенции информирует письменно разработчика об отклонении проекта стандарта компетенции или о принятии его к рассмотрению.

11. После принятия к рассмотрению проекта стандарта компетенции определённой профессии, оно размещается Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан на официальном сайте (www.mehnat.ti) в течение 10 календарных дней со дня его поступления для проведения общественного обсуждения. Информация о размещении проекта стандарта компетенции каждой профессии для проведения общественного обсуждения направляется разработчикам стандарта компетенции, соответствующему отраслевому министерству или ведомству, отраслевым работодателям и их отраслевому объединению, отраслевым профсоюзам, учреждениям по подготовке специалистов данной профессии. Срок общественного обсуждения составляет 15 календарных дней со дня размещения проекта стандарта компетенции каждой профессии.

12. При наличии замечаний и предложений к проекту стандарта компетенции профессии Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан проводится рабочее совещание с участием представителя разработчика, организации, представившего замечания и предложения и с привлечением других заинтересованных сторон, указанных в пункте 10 настоящего Порядка.

13. Информация о результатах общественного обсуждения проекта стандарта компетенции направляется Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан разработчику в течение 7 календарных дней со дня завершения общественного обсуждения.

14. Наряду с этим, проект стандарта компетенции, каждой профессии сведения и документы, предусмотренные пунктом 8 Порядка, данные о результатах общественного обсуждения проекта стандарта компетенции каждой профессии направляются Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в соответствующее отраслевое министерство или ведомство для проведения экспертизы и согласования. Продолжительность экспертизы и согласование не должны превышать 15 календарных дней.

15. Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан на основании экспертного заключения соответствующего отраслевого министерства или ведомства в течение 7 календарных дней со дня его получения принимает решение об утверждении проекта стандарта компетенции либо отклонении проекта стандарта компетенции и информирует разработчика о принятом решении.

3. ПОРЯДОК ПРИЗНАНИЯ И ВНЕСЕНИЯ ИЗМЕНЕНИЙ В СТАНДАРТ КОМПЕТЕНЦИИ КАЖДОЙ ПРОФЕССИИ

16. Сведения об стандартах компетенции каждой профессии вносятся в Национальный реестр стандартов компетенций, с момента внесения в реестр стандартов компетенций они считаются признанными. Создание и ведение Национального реестра стандартов компетенций осуществляется Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

17. Внесение изменений в стандарт компетенции каждой профессии осуществляется в порядке, предусмотренном для их разработки и утверждения.

18. Сведения об утвержденных Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан стандартах компетенции определенных профессий и внесенных в них изменениях в течение 7 дней со дня их признания направляется в Министерство образования и науки Республики Таджикистан для информации.

19. Сведения об утвержденных Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан стандартах компетенций и внесенных в них изменениях в течение 7 дней со дня их признания направляется инициаторам разработки данного стандарта компетенции, отраслевым работодателям, государственным органам, имеющим в своей структуре учреждения профессионального обучения, а также непосредственно учреждениям профессионального обучения для учета при разработке образовательных программ по соответствующим профессиям и инструментам оценки компетенций.

4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

20. Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан обязано обеспечить доступ текстов утвержденных стандартов компетенции каждой профессии для любого пользователя этих стандартов, посредством его печатной или электронной версии.

21. Утвержденные стандарты компетенций каждой профессии и Национальный реестр утвержденных стандартов компетенций размещаются на официальном сайте Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и на сайте информационной системы рынка труда.