×

Низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд аз 30 сентябри соли 2022, № 485

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2022, № 485

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2022, № 485

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд (минбаъд - Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" таҳия гардида, тартиби гузаронидани чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ва азнавомодакунии шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд (минбаъд - шаҳрвандон), ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбие, ки тибқи қонунгузорӣ дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, таъминоти моддии шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд, ташаккул додани шаҳрвандон дар захира, ки аз рӯйи ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбӣ омода карда шудаанд ва барои густариши сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳ ва пуррагардонии онҳо дар рафти ҷанг зарур мебошад, ба танзим медарорад.

2. Тартиби гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ монда мешавад.

2. МАҚСАДИ ГУЗАРОНИДАНИ ҶАМЪОМАДҲОИ ҲАРБӢ ВА НАМУДҲОИ ОНҲО

3. Мақсади асосии гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ - ин омодагӣ ва азнавомодакунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

4. Ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳарбӣ, маҳорат, малакаи методӣ ва амалӣ аз рӯйи ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбии дахлдор ва вазифаҳои ҳарбии афсарон, прапоршикҳо, старшинаҳо, сержантҳо ва сарбозҳои эҳтиётӣ гузаронида мешаванд.

5. Дар рафти ҷамъомадҳои ҳарбӣ машғулиятҳои назариявии нақшавӣ, машқҳо, тамринҳо ва корҳои амалӣ оид ба хизматрасонии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар мақомоти идоракунии ҳарбӣ, воҳидҳо, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ (минбаъд - қисмҳои ҳарбӣ) гузаронида мешаванд.

6. Омодагӣ ва ҷамъкунии шаҳрвандони аз рӯйи ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбӣ омодакардашуда бояд бо дарназардошти чорабиниҳои ташкилӣ-штатии банақшагирифташаванда, дурнамои азнавмусаллаҳонии қисмҳои ҳарбӣ бо намунаи нави аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ амалӣ карда шавад.

7. Тартиби мушаххас ва вазифагузориҳо оид ба ташкил ва гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ дар қӯшунҳо (қувваҳо) бо фармоишҳо ва дастурҳои вазири мудофиа, дастурҳои Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва фармоишҳои фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин фармондеҳони (роҳбарони, сардорони) дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ муқаррар карда мешавад.

...

Утверждено

постановлением Правительства Р

еспублики Таджикистан

от "30"сентября 2022 года, №485

Утверждено

постановлением Правительства Р

еспублики Таджикистан

от "30"сентября 2022 года, №485

Положение о порядке проведения военных сборов с гражданами, пребывающими в составе запаса

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о порядке проведения военных сборов с гражданами, пребывающими в составе запаса (далее - Положение) разработано на основании Закона Республики Таджикистан "О воинской обязанности и военной службе", и регулирует порядок проведения мероприятий по подготовке и переподготовке граждан, пребывающих в составе запаса (далее - граждане), к военной службе в Вооруженных Силах Республики Таджикистан, других войсках и воинских формированиях, в которых законодательством предусмотрена военная служба, материальное обеспечение граждан, пребывающих в составе запаса, формирование в запасе граждан, подготовленных по военно-учетным специальностям и необходимых для мобилизационного развертывания Вооруженных Сил и их укомплектования в ходе войны.

2. Порядок проведения военных сборов осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О воинской обязанности и военной службе", другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Положением.

2. ЦЕЛЬ ПРОВЕДЕНИЯ ВОЕННЫХ СБОРОВ И ИХ ВИДЫ

3. Основной целью проведения военных сборов является подготовка и переподготовка граждан Республики Таджикистан к военной службе.

4. Военные сборы проводятся с целью повышения военных знаний, умений, методических и практических навыков по соответствующим военноучетным специальностям и воинским должностям офицеров, прапорщиков, старшин, сержантов и солдат запаса.

5. В ходе военных сборов проводятся плановые теоретические занятия, учения, тренировки и практическая работа по обслуживанию вооружения и военной техники в органах военного управления, соединениях, воинских частях, учреждениях Вооруженных Сил, других войск и воинских формирований (далее - воинские части).

6. Подготовка и накопление граждан, подготовленных по военно-учетным специальностям, должны осуществляться с учетом планируемых организационно-штатных мероприятий, перспектив перевооружения воинских частей на новые образцы вооружения и военной техники.

7. Конкретный порядок и задачи по организации и проведению военных сборов в войсках (силах) определяются распоряжениями и директивами министра обороны, директивами Генерального штаба Вооруженных Сил и распоряжениями командующих видами Вооруженных Сил, а также командующих (руководителей, начальников) других войск и воинских формирований.

...