Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 аз 30 сентябри соли 2022, №484

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2022, №484

Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 (минбаъд - Барнома) афзалият ва самтҳои асосии дастгирӣ, рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоидро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ муайян менамояд.

2. Барнома барои ташаккули шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ мусоидат намуда, рақобати солимро дар байни муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ ба миён меорад.

3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ як қатор мушкилот, аз ҷумла оид ба фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ, фароҳам овардани шароити имтиёзнок, ҷудо кардани қитъаҳои замин ва молу мулк бо тартиби содакардашуда, тибқи қонунгузорӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, таъсис додани шӯроҳои машваратӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳалҳо, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди фарҳанги андозсупорӣ, таблиғи ғояҳои соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони пешсаф, ки дар самти маориф фаъолият менамоянд, мавҷуд аст, ки бо қабул гардидани Барномаи мазкур бояд ҳал карда шаванд.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ХУСУСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

§1. Муассисаҳои томактабӣ

4. Муассисаҳои томактабӣ дар инкишофи неруи инсонӣ ва баланд гардидани сатҳи дониши заминавии кӯдакон муҳим арзёбӣ гардида, ба рушди бармаҳали кӯдак мусоидат менамоянд.

5. Дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 30 муассисаи томактабӣ фаъолият мекард, ки дар онҳо 1438 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буд.

6. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 қабул гардидааст, ки дар он сохта ба истифода додани 1037 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шуда буд.

7. Ҷамъбасти Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар ҷумҳурӣ нишон дод, ки ҳамагӣ 110 муассисаи томактабии хусусӣ таъсис дода шудааст. Иҷрои нақшаи Барнома ҷиҳати сохтмон ва ба истифода додани муассисаҳои томактабии хусусӣ дар шаҳри Душанбе аз 45 муассисаи банақшагирифташуда 29 муассиса (64,4%), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 94 муассиса 1 адад (1,1%), вилояти Хатлон аз 365 муассиса 7 адад (2%), вилояти Суғд аз 280 муассиса 55 адад (19,6%), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 253 муассисаи томактабӣ 18 ададро (7,1%) ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, аз 1037 муассисаи томактабии хусусии банақшагирифташуда 110 муассиса таъсис дода шудааст, ки 10,6% иҷрои онро ташкил медиҳад.

8. Дар соли 2022 шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 696 адад расида, дар онҳо 101170 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

9. Дар муассисаҳои томактабӣ 8705 нафар мураббӣ, аз ҷумла 4588 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ ва 3912 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд. Аз 696 мудири муассисаи томактабӣ 638 нафар (92%) дорои таҳсилоти олии касбӣ буда, 58 нафар (8%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд.

10. Шароити хуби таълим, аз ҷумла дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, заминаи хуби кадрӣ, заминаи мустаҳками моддию техникӣ боиси он гардидааст, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ин муассисаҳо бештар мегардад. Аз ин ҷост, ки теъдоди муассисаҳои томактабӣ низ тадриҷан меафзояд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 200 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва маркази инкишофи кӯдак, аз ҷумла 130 муассисаи таълимии томактабӣ, 70 маркази инкишофи кӯдаки хусусӣ ва бо фарогирии 10593 кӯдак фаъолият менамояд, ки мувофиқан 18,6 фоизи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 3,9 фоизи маркази инкишофи кӯдакро ташкил медиҳад.

11. Муаассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ дорои 408 ҳуҷра барои гузаронидани машғулиятҳо, 75 майдончаи бозӣ, 186 майдончаи варзишӣ, 493 ҳуҷраи хоб, 108 ҳуҷраи тиббӣ, 73 толори мусиқӣ мебошанд, ки дар маҷмуъ 364303 метри мураббаъро ташкил дода, бо мизу курсӣ, кати хоб, таҷҳизот ва бозичаҳои босифати замони муосир таъминанд.

12. Дар миқёси ҷумҳурӣ 70 маркази хусусии инкишофи кӯдак ҳамчун шакли дигари фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо ҷалби 3656 кӯдак амал мекунад. Дар маҷмуъ, шумораи тарбиягирандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои хусусии инкишофи кӯдак ба 10593 нафар расидааст, ки нокифоя арзёбӣ мегардад.

13. Аз тарафи мақомоти маҳаллии идоракунии маориф мунтазам фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ назорат карда шуда, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, нақшаю барномаи таълимӣ таъмин карда мешавад. Мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар баробари мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳамасола дар Донишкадаи ҷумҳуривии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он, марказҳои минтақавии методӣ ба курсҳои такмили ихтисос ва семинару омӯзишҳо фаро гирифта шуда, маҳорати касбии онҳо такмил дода мешавад.

14. Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони муассисаҳои томактабӣ ёрии методӣ расонида, онҳоро дар доираи имконият бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, илмию методӣ, маводи таълимӣ ва дастурҳои методӣ таъмин менамояд.

§2. Муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ

15. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои баланд гардидани сатҳи дониши шаҳрвандон ва ба талаботи замони муосир ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо муҳим арзёбӣ гардида, ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири амиқ мегузоранд. Солҳои охир як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, барои дастрасӣ ба хизматрасонии таълими босифат мусоидат намуда истодааст.

16. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2014 дар ҷумҳурӣ 52 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ, аз инҳо 23 гимназия, 11 литсей ва 18 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ бо фарогирии умумии 20035 нафар хонанда фаъолият мекард. Дар давоми 7 соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ ба 67 адад расид, ки аз ин теъдод 12 литсей, 18 гимназия ва 37 ададро муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил медиҳад, ки дар онҳо 26108 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

17. Дар Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 сохта ба истифода додани 534 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аммо ҳангоми ҷамъбасти Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 танҳо 30 муассиса таъсис дода шудааст, ки 5,6 фоизи иҷрои онро ташкил медиҳад.

18. Шароити хуби таълимӣ, таҳсилоти босифат, заминаи хуби кадрӣ, замимаи мустаҳками моддию техникӣ таваҷҷуҳи аҳолиро ба муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ зиёд намудааст. Вобаста ба ин теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ ба 78 адад бо фарогирии 28624 хонанда расидааст. Айни замон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3940 адад буда, ки аз ин 2,0 фоизи онро муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ташкил медиҳад.

19. Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ 2164 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии омӯзгорон 2010 нафар (92,9%) дорои таҳсилоти олӣ, 69 нафар (3,2%) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 1 нафар (0,05%) дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.

20. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъол буда, онҳо ҷойҳои намунавиро ҳам дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиб мешаванд. Дар соли таҳсили 2021-2022 дар олимпиадаҳои мазкур аз муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ 545 нафар иштирок намуда, 276 нафар ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд.

21. Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф мунтазам фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусиро назорат намуда, онҳоро бо нақшаю барнома таълимӣ таъмин менамояд. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ ҳамасола дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он, марказҳои минтақавии методӣ ба курсҳои такмили ихтисос ва семинару омӯзишҳо фаро гирифта шуда, бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, илмию методӣ, маводи таълимӣ ва дастурҳои методӣ таъмин карда мешаванд.

22. Омӯзгорони муассисаҳои таълимии хусусӣ аз имтиёзҳое, ки ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии давлатӣ муқаррар гардидаанд, бархӯрдор буда, барои дастовардҳои назаррас, хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

23. Мақсади амалисозии Барнома фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ буда, беҳтар намудани дастрасии кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ ва умумии босифат таъмин менамояд.

24. Барои ноил шудан ба мақсадҳои Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои мушаххас дар самти рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таҳкими заминаи кадрӣ ва моддӣ-техникӣ, такмили маҳорати касбии мураббиён ва омӯзгорон, ташкил ва доир намудани мониторинги сифати таҳсилот дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.

4. НИШОНДИҲАНДАҲОИ МАҚСАДНОК ВА САМТҲОИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ХУСУСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25. Рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусиро нишондиҳандаҳои мақсаднок ва самтҳои зерин ташкил медиҳанд:

- омӯзиш ва таҳлили қонунгузории соҳаи маориф, махсусан дар самти таъсис, танзими фаъолият ва дастгирии давлатии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ;

- муайян кардани монеаҳо ва душвориҳои вобаста ба ташкил ва фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ, ки ба қонунгузории амалкунанда вобаста мебошанд;

- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, тасдиқи меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи арзиши таҳсилот;

- муайян кардани маҷмуи тадбирҳо вобаста ба дастгирии сармоягузорӣ, аз ҷумла барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ва инноватсионии таълимӣ;

- муайян кардани механизми ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон дар самти сохтмони инфрасохтори таълимӣ, ки ба рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ мусоидат мекунад;

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи қонунгузорӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии бахшҳои давлатию хусусӣ ва таъмини муколамаи баробарҳуқуқи онҳо бо роҳи таъсис додани шӯроҳои машваратӣ доир ба рушди муассисаҳои таълимии хусусӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳалҳо.

26. Бо мақсади ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ барои сохтан ва ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд.

5. АМАЛИСОЗӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

27. Барнома дар ду марҳила барои солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 мутобиқи нақшаи амал, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.

28. Бо амалисозии Барнома натиҷаҳои зерин ба даст меоянд:

- то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ то 33 фоиз расонида мешавад;

- 68 муассисаи то мактабӣ сохта ба истифода дода мешавад (мутобиқи замимаи 1);

- 56 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ сохта ба истифода дода мешавад (мутобиқи замимаи 2);

- дар зинаи таҳсилоти томактабӣ шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ таъсис ёфта, дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ беҳтар мегардад;

- мазмун ва методологияи низоми фаъолияти таълимӣ такмил дода мешавад;

- заминаи моддию техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар мегардад;

- тартиб ва шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ барои ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад;

- дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбад.

29. Барои амалигардонии Барнома 1 млрд. 580 млн. 337 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби соҳибкорон ва шарикони рушд пешбинӣ карда мешавад.

30. Баланд бардоштани ҳавасмандии соҳибкорон дар соҳаи маориф ва илм, бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ, шарикони рушд ва кумакҳои техникии ташкилотҳои байналмилалӣ дар рушди бемайлони соҳаи маориф тақвият бахшида метавонад. Бо истифода аз ин омилҳо сатҳи беҳдошти фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм, бахшҳои хусусӣ бештар гардида, сатҳу сифати таълиму тарбия беҳтар мегардад.

31. Ҷиҳати пешрафти муваффақона ва амалисозии Барнома дастгирии молиявӣ ва техникии соҳибкорон ва шарикони рушд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, зарур мебошад.

32. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша барои сохтмони муассисҳои таҳсилоти умумии хусусӣ ва муассисаҳои томактабии хусусӣ тадбирҳо меандешанд.

6. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

33. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор гузаронида мешаванд.

34. Мониторинг ва арзёбии амалишавии Барнома бо тартиби муқарарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешаванд.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

35. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмини иҷрои самараноки Барнома масъулият доранд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2022, №484

Нақшаи амали Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2024)

Ниг. ба Замима

Ниг. ба Замимаҳои 1-2