ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "113" ва "93" мувофиқан ба рақамҳои "121" ва "101" иваз карда шаванд.
2. Дар сархатҳои ҳафтоду чорум ва ҳафтоду панҷуми банди 4 Низомномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 тасдиқ шудааст, пас аз калимаи "иҷозатдиҳӣ" калимаҳои "ва иҷозатномадиҳӣ" илова карда шаванд.
3. Замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти нигоҳдории (пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ)-и 8 воҳиди кории иловагии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 22 сентябри соли 2022, № 458
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 сентябри соли 2022, № 458
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати сармоягузорӣ
Раёсати моликияти давлатӣ
Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатӣ
Раёсати дастгирии соҳибкорӣ
Раёсати танзими низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо
Раёсати котибот
Раёсати ҳуқуқ
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
Шуъбаи молия ва хоҷагӣ