ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).
2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";
- банди 3 хориҷ карда шавад.
3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".
4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.
7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Замимаи 1 Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 2 Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 3 Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 4 Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 5 Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти ҶТ
Замимаи 6 Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 7 Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 8 Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" ()
Замимаи 9 Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 10 КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 11 Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 12 Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 13 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 14 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 15 КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 16 КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 17 ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"
Замимаи 15
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Корхона) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
2. Муассиси Корхона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.
3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхона аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.
4. Корхона фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
5. Номи расмии Корхона:
- бо забони тоҷикӣ - корхонаи воҳиди давлатии "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо забони русӣ - государственное унитарное предприятие "Ремонт и строительство" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
6. Суроғаи ҳукуқии Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковский, 77 б.
2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ КОРХОНА
7. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, молу мулк, баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла суратҳисобҳои асъорӣ, муҳр, штамп, бланкҳои фирмавӣ, тамғаи молиро доро мебошад.
8. Корхона даромад ва молу мулки бадастовардаашро тибқи тартиби муқарраргардида соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.
9. Корхона бо тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.
10. Корхона метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент филиал ва намояндагиҳо таъсис диҳад.
11. Корхона дорои дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корхонаҳо мебошад.
12. Корхона аз рӯи уҳдадориҳои худ бо тамоми молу мулкаш тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.
3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА
13. Корхона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии техникӣ, корҳои таъмиру сохтмонӣ ва васлкунии биною иншооти Дастгоҳи Президент ва сохторҳои он таъсис дода шудааст.
14. Корхона вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- сохтмони иншооти дорои аҳамияти ҳукуматӣ ва дар муҳлати муқарраргардида сохтан ва ба истифода додани онҳо;
- таъмини самаранок ва мақсадноки истифодаи маблағҳои буҷетӣ, қарзҳо ва грантҳое, ки барои сохтмони иншооти дорои аҳамияти ҳукуматӣ ба Корхона ҷудо карда мешаванд;
- сохтмони бино ва иншооти ҷамъиятӣ, истиқоматӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани иншооти объектҳои мавҷуда;
- корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ ва таъмирӣ, банақшагирии иншооти сохтмонӣ, корҳои зидди сӯхтор, обногузар ва гарминогузар кардани иншооти сохтмонӣ, хати лӯлаҳо ва таҷҳизот, инчунин корҳои бомпӯшӣ;
- корҳои пардозгарӣ, андовагӣ, рӯйкашкунӣ, гаҷкорӣ, рангмолӣ, зардеворкашӣ, сохтани фарш;
- таҷдид, тақвияти таҳкурсӣ ва пойдеворҳои бино ва иншоот, барқарор намудани биноҳои борбардор ва таворагир;
- васлкунӣ ва ба кор андохтани таҷҳизоти технологӣ, таҷҳизоти коркарди металл ва чӯбу тахта;
- корҳои механикӣ-васлкунӣ;
- хизматрасонии нақлиётӣ;
- истеҳсол ва хариду фурӯши масолеҳи сохтмон, расонидани хизматҳои тиҷоратию миёнаравӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида иҷро намудани кор ва хизматрасониҳо аз рӯйи қарордодҳо;
- амалӣ намудани намудҳои дигари фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавиаш мутобиқат мекунанд.
4. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ КОРХОНА
15. Идоракунии Корхона ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:
- мақоми идоракунии Корхона - Дастгоҳи Президент;
- мақоми иҷроияи Корхона - маъмурият бо роҳбарии директори Корхона.
16. Мақоми идоракунии Корхона дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- самтҳои асосии фаъолияти Корхонаро муайян менамояд;
- шумораи ниҳоии кормандони Корхонаро тасдиқ менамояд;
- фаъолияти Корхонаро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;
- тавозуни муҳосибавии Корхонаро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;
- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии Корхона мансуб донистааст, ҳал менамояд.
17. Директор ҳамчун мақоми иҷроияи Корхона ба фаъолияти ҷории Корхона роҳбарӣ мекунад. Директори Корхона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Корхона муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Корхона аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
18. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- бе ваколатнома аз номи Корхона амал мекунад, роҳбарии фаъолияти Корхонаро таъмин мекунад;
- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад:
- молу мулки Корхонаро тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунанд;
- тибқи тартиби муқарраргардида Корхонаро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;
- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Корхонаро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод мекунад;
- кормандони Корхонаро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиби Корхона тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;
- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оннномавии Корхона мухолифат намекунанд.
19. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Корхона тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
20. Муовини директори Корхона дар сурати ҳозир набудани директори Корхона ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.
5. ФОНДИ ОИННОМАВӢ, МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ КОРХОНА
21. Фонди оинномавии Корхона 3102756 (се миллиону яксаду ду ҳазору ҳафтсаду панҷоху шаш) сомониро ташкил медиҳад.
22. Молу мулки Корхона аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар баланси Корхона нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Корхона моликияти давлатӣ буда, ба Корхона бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад. Корхона ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсадҳои фаъолияташ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.
23. Корхона метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фонди захиравӣ таъсис диҳад.
24. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Корхона:
- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ додааст;
- даромадҳое, ки аз фаъолияти Корхона ба даст омадаанд;
- қарзҳои бонкӣ ва дигар намудҳои маблағгузорӣ;
- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
25. Корхона дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз он ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.
6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ КОРХОНА
26. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Корхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.