ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).
2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";
- банди 3 хориҷ карда шавад.
3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".
4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.
7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Замимаи 1 Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 2 Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 3 Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 4 Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 5 Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти ҶТ
Замимаи 6 Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 7 Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 8 Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" ()
Замимаи 9 Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 10 КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 11 Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 12 Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 13 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 14 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 15 КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 16 КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 17 ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"
Замимаи 14
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Точикистон
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Оинномаи Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қароргоҳ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
2. Муассисаи Қароргоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.
3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Қароргоҳ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.
4. Қароргоҳ фаъолияташро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
5. Номи расмии Қароргоҳ:
- бо забони тоҷикӣ - муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо забони русӣ - государственное учреждение резиденция "Сайёд" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
- бо забони англисӣ- state agency residence "Saiyod" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.
6. Суроғаи ҳуқуқии Қароргоҳ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, деҳоти Себистон дар мавзеи "Сайёд".
2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ҚАРОРГОҲ
7. Қароргоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
8. Маблағгузории хароҷоти Қароргоҳ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешниҳодгардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
9. Қароргоҳ дар мувофиқа бо Дастгоҳи Президент дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.
3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҚАРОРГОҲ
10. Мақсади асосии фаъолияти Қароргоҳ истифодаи самараноки қитъаи замин, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бо ин роҳ ба мавзеи истироҳат табдил додани он мебошад.
11. Қароргоҳ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- бунёди боғҳо, токпарварӣ, обчакорӣ ва занбӯрпарварӣ;
- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оиномавиаш мутобиқ мебошад.
12. Қароргоҳ метавонад тибқи тартиби муқарраргардида ба хизматрасонии музднок машғул шавад. Фоидаи ба дастовардашуда тибқи тартиби муқарраргардида ба ихтиёри Қароргоҳ мегузарад ва он дар тавозуни алоҳида нигоҳ дошта мешавад.
13. Қароргоҳ дар доираи мақсадҳо ва вазифаҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти иқтисодии хориҷиро мустақилона ба амал барорад.
14. Бо ин мақсад Қароргоҳ чунин корҳоро анҷом дода метавонад:
- амалиётҳои содиротию воридотӣ;
- ҳамкории илми техникӣ ва истеҳсолӣ бо ташкилотҳои дохилӣ ва хориҷӣ;
- иштирок дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ.
15. Қароргоҳ дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муайян кардааст.
4. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ҚАРОРГОҲ
16. Идорикунии Қароргоҳ ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:
- мақоми идоракунии Қароргоҳ - Дастгоҳи Президент;
- мақоми иҷроияи Қароргоҳ - маъмурият бо роҳбарии директори Қароргоҳ;
17. Мақоми идоракунии Қароргоҳ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- самтҳои асосии фаъолияти Қароргоҳро муайян менамояд;
- шумораи ниҳоии кормандони Қароргоҳро тасдик менамояд;
- фаъолияти Қароргоҳро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;
- тавозуни муҳосибавии Қароргоҳро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;
- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии давлатии Қароргоҳ мансуб донистааст, ҳал менамояд.
18. Директор ҳамчун мақоми иҷроияи Қароргоҳ ба фаъолияти ҷории Қароргоҳ роҳбарӣ мекунад. Директори Қароргоҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Қароргоҳ муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди Директории Қароргоҳ аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
19. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- бе ваколатнома аз номи Қароргоҳ амал мекунад, роҳбарии фаъолияти Қароргоҳро таъмин мекунад;
- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;
- молу мулки Қароргоҳро тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида Қароргоҳро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;
- ҳисоботҳои солона, тавозунҳон муҳосибавии Қароргоҳро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод мекунад;
- кормандони Қароргоҳро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиби Қароргоҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;
- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оиномавии Қароргоҳ мухолифат намекунанд.
20. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидори Қароргоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
21. Муовини директори Қароргоҳ дар сурати ҳозир набудани директори Корхона, ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.
5. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ ҚАРОРГОҲ
22. Молу мулки Қароргоҳ аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Қароргоҳ нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Қароргоҳ моликияти давлатӣ буда, ба Қароргоҳ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ тааллуқ дорад. Қароргоҳ ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсади фаъолияти худ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.
23. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Қароргоҳ;
- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуки идораи оперативӣ додааст;
- пардохти пулӣ ва моддии Муассис;
- даромадҳое, ки аз хизматрасонии Қароргоҳ ба даст омадаанд;
- қарзи бонкӣ ва намудҳои дигари маблағгузорӣ;
- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
24. Қароргоҳ дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.
6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ҚАРОРГОҲ
25. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Қароргоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.