Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, № 454 "Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).

2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";

- банди 3 хориҷ карда шавад.

3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".

4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.

7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

 

Замимаи 1  Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 2  Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и

           Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 3   Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 4   Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 5   Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи

            Президенти ҶТ 

 

Замимаи 6   Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 7   Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Замимаи 8   Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" (Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

 

Замимаи 9   Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 10  КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 11  Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 12  Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 13  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 14  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 15  КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 16  КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 17   ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"

 

 

Замимаи 12

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

Оинномаи Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Боғи ботаникӣ) тибқи тартиби қонунгузорӣ таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Боғи ботаникӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Боғи ботаникӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.

4. Боғи ботаникӣ фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

5. Номи расмии Боғи ботаникӣ:

- бо забони тоҷикӣ - муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо забони русӣ - государственное научное учреждение "Боги ботаникии Хучанд" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- бо забони англисӣ - state scientific institution "Boghi botaniki Khujand" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.

6. Суроғаи ҳуқуқии Боғи ботаникӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Сирдарё, 26.

2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ БОҒИ БОТАНИКӢ

7. Боғи ботаникӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

8. Маблағгузории хароҷоти Боғи ботаникӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

9. Боғи ботаникӣ дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.

10. Боғи ботаникӣ дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муқаррар кардааст.

3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ БОҒИ БОТАНИКӢ

11. Мақсади асосии Боғи ботаникӣ парвариш ва гирд овардани набототи минтақа, растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳандаю сояафкан мебошад.

12. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои оинномавӣ Боғи ботаникӣ намудҳои зерини фаъолиятро амалӣ менамояд:

- истифодаи самараноки замин, бо ниҳолҳои сояафкан, мевадор, ороишӣ таъмин намудани ташкилотҳо;

- ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳои нави фоидаовар ва ороишӣ;

- дар биноҳои махсус нигоҳ доштани растаниҳои нодир ва нобудшаванда, инчунин объектҳои ботаникие, ки хусусияти муҳими илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ доранд;

- ташкили мавзеи истироҳат;

- ташкил ва истифодабарии гармхонаҳо;

- парвариш ва зиёдкунии растаниҳои сояафкан, мевадор, ороишӣ ва ба фурӯш баровардани онҳо;

- кушодани мағозаҳо барои фурӯши растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳанда ва сояафкан;

- ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои маҳалливу хориҷӣ дар соҳаи парвариши растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳанда ва сояафкан;

- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавиаш мутобиқ мебошанд.

13. Боғи ботаникӣ метавонад тибқи тартиби муқарраргардида ба хизматрасонии пулакӣ машғул шавад. Даромади бадастовардашуда тибқи тартиби муқарраргардида ба ихтиёри Боғи ботаникӣ мегузарад ва дар тавозуни алоҳида нигоҳ дошта мешавад.

14. Боғи ботаникӣ дар доираи мақсад ва вазифаҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти иқтисодии хориҷиро мустақилона амалӣ намояд.

15. Бо ин мақсадҳо Боғи ботаникӣ чунин корҳоро анҷом дода метавонад:

- амалиётҳои содиротиву воридотӣ;

- ҳамкории илмию техникӣ ва истеҳсолӣ бо ташкилотҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ;

- иштирок дар намошгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ.

4. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ БОҒИ БОТАНИКӢ

16. Идоракунии Боғи ботаникӣ ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

- мақоми идоракунии Боғи ботаникӣ - Дастгоҳи Президент;

- мақоми иҷроияи Боғи ботаникӣ - маъмурият бо роҳбарии директори Боғи ботаникӣ.

17. Мақоми идоракунии Боғи ботаникӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- самтҳои асосии фаъолияти Боғи ботаникиро муайян менамояд;

- шумораи ниҳоии кормандони Боғи ботаникиро тасдиқ менамояд;

- фаъолияти Боғи ботаникиро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

- тавозуни муҳосибавии Боғи ботаникиро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии давлатии Боғи ботаникӣ мансуб донистааст, ҳал менамояд.

18. Директор ҳамчун мақоми иҷроияи Боғи ботаникӣ ба фаъолияти ҷории Боғи ботаникӣ роҳбарӣ мекунад. Директори Боғи ботаникӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Боғи ботаникӣ муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Боғи ботаникӣ аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

19. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бе ваколатнома аз номи Боғи ботаникӣ амал мекунад, роҳбарии фаъолияти Боғи ботаникиро таъмин мекунад;

- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;

- молу мулки Боғи ботаникиро тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида Боғи ботаникиро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;

- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Боғи ботаникиро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод мекунад;

- кормандони Боғи ботаникиро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиби Боғи ботаникӣ, тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Боғи ботаникӣ мухолифат намекунанд.

20. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Боғи ботаникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

21. Муовини директори Боғи ботаникӣ дар сурати ҳозир набудани директори Боғи ботаникӣ ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.

5. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ БОҒИ БОТАНИКӢ

22. Молу мулки Боғи ботаникӣ аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Боғи ботаникӣ нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Боғи ботаникӣ моликияти давлатӣ буда, ба Боғи ботаникӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ тааллуқ дорад. Боғи ботаникӣ ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсади фаъолияти худ, дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.

23. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Боғи ботаникӣ:

- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;

- пардохтҳои пулӣ ва моддии Муассис;

- даромадҳое, ки аз фаъолияти Боғи ботаникӣ ба даст омадаанд;

- қарзҳои бонкӣ ва намудҳои дигари маблағгузорӣ;

- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

24. Боғи ботаникӣ дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ БОҒИ БОТАНИКӢ

25. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Боғи ботаникӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.