ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).
2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";
- банди 3 хориҷ карда шавад.
3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".
4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.
7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Замимаи 1 Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 2 Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 3 Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 4 Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 5 Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти ҶТ
Замимаи 6 Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 7 Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 8 Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" ()
Замимаи 9 Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 10 КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 11 Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 12 Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 13 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 14 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 15 КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 16 КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 17 ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"
Замимаи 11
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Маркази тиббӣ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
2. Муассиси Маркази тиббӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.
3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Маркази тиббӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.
4. Маркази тиббӣ фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
5. Маркази тиббӣ муассисаи давлатии бисёрсоҳа буда, сохтори он аз бистаринамоӣ, офиятбахшӣ, дармонгоҳ ва дигар бахшҳо иборат мебошад.
6. Дар тобеияти Маркази тиббӣ корхонаи воҳиди давлатии "Дандонпизишк"-и муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи воҳиди давлатии "Дорухона"-и муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
7. Маркази тиббӣ фаъолияташро мувофиқи талаботи санитарию эпидемиологӣ, қоидаву меъёрҳои беҳдоштии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқарраршуда таъмин менамояд.
8. Номи расмии Маркази тиббӣ:
- бо забони тоҷикӣ - муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо забони русӣ - государственное учреждение "Медицинский центр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
- бо забони англисӣ - state institution "Markazi tibbi" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.
9. Суроғаи ҳуқуқии Маркази тиббӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Самад Ғанӣ, 4.
2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ МАРКАЗИ ТИББӢ
10. Маркази тиббӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
11. Маблағгузории хароҷоти Маркази тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
12. Маркази тиббӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи Президент дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.
13. Маркази тиббӣ дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муқаррар кардааст.
3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ТИББӢ
14. Мақсади асосии фаъолияти Маркази тиббӣ аз расонидани ёрии ройгони тахассусии тиббии сатҳи бистаринамоӣ ва дармонгоҳӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи Президент, роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо тибқи ҳайати вобасташудае, ки Дастгоҳи Президент муайян менамояд, иборат мебошад.
15. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои оинномавӣ Маркази тиббӣ намудҳои зерини фаъолиятро амалӣ менамояд:
- расонидани ёрии тиббии профилактикӣ, табобатию ташхисӣ, машваратӣ, офиятбахшӣ, дандонпизишкӣ дар шароити дармонгоҳиву беморхонавӣ ва ёрии таъҷилии тиббӣ дар шароити хона;
- анҷом додани ташхис ва озмоиш (фаросавтӣ, рентгенологӣ, даруннигарӣ, клиникӣ, биокимиёвӣ ва ғайра);
- амалӣ намудани экспертизаи корношоямии муваққатӣ;
- додани хулосаҳои тиббӣ дар асоси натиҷаҳои машварату табобат;
- таъмин намудани пайвастагии табобати дармонгоҳию беморхонавӣ, таъмини сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ ба беморон;
- бо мақсади пешгирии бемориҳо дар байни ҳайати вобасташуда ташкил ва роҳандозӣ намудани назорати пайвастаи (диспансерии) тиббии онҳо;
- гузаронидани экспертизаи клиникии сифати расонидани ёрии тиббӣ ва ташхис;
- таҳияи низоми идоракунии дохили беморхонавии сифати ташхису табобат;
- таъмин намудани тадбирҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва бехатарии зидди сӯхтор;
- таъмини пешгирии эпидемия ва риояи меъёру қоидаҳои санитарӣ;
- расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни конференсияву ҳамоишҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои давлатӣ;
- расонидани ёрии тиббӣ ба кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда дар асоси шартномаи хизматрасонии муздноки тиббӣ;
- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияте, ки қонуигузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавиаш мутобиқ мебошад.
16. Маркази тиббӣ метавонад тибқи тартиби муқарраргардида ба хизматрасонии пулакӣ машғул шавад. Даромади бадастовардашуда тибқи тартиби муқарраргардида ба ихтиёри Маркази тиббӣ мегузарад ва дар суратҳисоби махсус ба ҳисоб гирифта мешавад. Маркази тиббӣ метавонад ба беморон (ғайр аз ҳайати пешбининамудаи банди 13 Оинномаи мазкур) хизматрасонии пулакӣ тибқи нархномаи тасдиқнамудаи Маркази тиббӣ дар мувофиқа бо мақоми идоракунӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ расонад.
4. МАҚОМИ ИДОРАКУНИИ МАРКАЗИ ТИББӢ
17. Идоракунии Маркази тиббӣ ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад.
- мақоми идоракунии Маркази тиббӣ - Дастгоҳи Президент;
- мақоми иҷроияи Маркази тиббӣ - маъмурият бо роҳбарии директори Маркази тиббӣ.
18. Мақоми идоракунии Маркази тиббӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- шумораи ниҳоии кормандони Маркази тиббиро тасдиқ менамояд;
- самтҳои асосии фаъолияти Маркази тиббиро муайян менамояд;
- фаъолияти Маркази тиббиро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;
- тавозуни муҳосибавии Маркази тиббиро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;
- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии давлатии Маркази тиббӣ мансуб донистааст, ҳал менамояд.
19. Директор ҳамчун мақоми иҷроияи Маркази тиббӣ ба фаъолияти ҷории Маркази тиббӣ роҳбарӣ мекунад. Директори Маркази тиббӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Маркази тиббӣ муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Маркази тиббӣ аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
20. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- бе ваколатнома аз номи Маркази тиббӣ амал мекунад, роҳбарии фаъолияти Маркази тиббиро таъмин мекунад;
- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;
- молу мулки Маркази тиббиро тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида Маркази тиббиро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;
- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Маркази тиббиро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод мекунад;
- кормандони Маркази тиббиро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиби Маркази тиббӣ, тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;
- оинномаҳои ташкилотҳои тобеъро дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Маркази тиббӣ мухолифат намекунанд.
21. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Маркази тиббӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
22. Муовини директори Маркази тиббӣ, дар сурати ҳозир набудани директори Маркази тиббӣ, ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.
5. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МАРКАЗИ ТИББӢ
23. Молу мулки Маркази тиббӣ аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Маркази тиббӣ нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Маркази тиббӣ моликияти давлатӣ буда, ба Маркази тиббӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дода мешавад. Маркази тиббӣ ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсади фаъолияти худ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.
24. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Маркази тиббӣ:
- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;
- пардохти пулӣ ва моддии Муассис;
- даромадҳое, ки аз фаъолияти Маркази тиббӣ ба даст омадаанд;
- қарзи бонкӣ ва манбаъҳои дигари маблағгузорӣ;
- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
25. Маркази тиббӣ дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.
6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МАРКАЗИ ТИББӢ
26. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Маркази тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.