Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, № 454 "Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).

2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";

- банди 3 хориҷ карда шавад.

3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".

4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.

7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

 

Замимаи 1  Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 2  Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и

           Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 3   Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 4   Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 5   Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи

            Президенти ҶТ 

 

Замимаи 6   Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 7   Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Замимаи 8   Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" (Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

 

Замимаи 9   Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 10  КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 11  Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 12  Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 13  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 14  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 15  КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 16  КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 17   ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"

 

 

Замимаи 10

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 сентябри соли 2022,№ 454

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Корхона) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Корхона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Масъалаҳои ташкилию ҳукуқии Корхона аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешавад.

4. Корхона фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

5. Номи расмии Корхона:

- бо забони давлатӣ - Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба забони русӣ - Государственное унитарное предприятие полиграфический комплекс "Шарки озод" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- бо забони англисӣ - State unitary enterprise publishing and printing complex "Sharki ozod" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.

6. Суроғаи ҳуқуқии Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16.

2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ КОРХОНА

7. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебарорад, тавозуни мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла суратҳисобҳои асъори хориҷӣ, муҳр бо тасвири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, штамп, бланки фирмавӣ ва тамғаи молиро доро мебошад.

8. Корхона аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида мақоми шахси ҳуқуқиро соҳиб мешавад.

9. Корхона аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулки ва ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиро ба даст меорад, дорои масъулият мебошад ва ҳуқуқ дорад дар мақомоти судӣ ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.

10. Иншоот, таҷҳизот ва молу мулки таъиноти истеҳсолӣ ва таъминоти дигар, ки дар тавозуни Корхона мебошанд, моликияти ҷумҳуриявӣ буда, ба Корхона дар асоси ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ доранд.

11. Корхона оид ба уҳдадориҳояш бо тамоми моликияти худ ҷавобгар мебошад. Корхона оид ба уҳдадориҳои Муассис ва Муассис низ оид ба уҳдадориҳои Корхона масъул намебошанд.

12. Корхона ҳуқуқ дорад, ки:

- бино, иншоот ва дигар молу мулки бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба истифодабарӣ вобастагардидаро тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иҷора диҳад ва ё молу мулки дигаронро ба иҷора гирад;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иҷрои корҳо, хизматрасонӣ ва фурӯши молу маҳсулотро ба амал барорад;

- аз ташкилотҳои қарзӣ тибқи тартиб ва шарти пешбиникардаи қонунгузории амалкунанда қарз гирад;

- фаъолияти иқтисодии хориҷии худро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ва мувофиқи мақсадҳои дар Оинномаи мазкур муқарраргардида ба роҳ монад;

- аз ҳисоби асъори хориҷии бадастовардаи худ, маблағҳои муассисон ва қарзи асъори бонкҳо аз хориҷ таҷҳизот, технология, асбобу анҷом, ашёи хом ва қисмҳои васлкунӣ, ҳамчунин маҳсулоти барои Корхона ва беҳдошти шароити кормандонаш зарурро харидорӣ кунад;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент филиал ва намояндагиҳои худро таъсис диҳад;

- Корхона дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корхонаҳо муайян кардааст.

3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА

13. Мақсади асосии Корхона рушди минбаъдаи кори табъу нашр дар ҷумҳурӣ, таъмини пурраи талаботи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳо бо ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ, маҳсулоти чопӣ ва ташкили бозори маҳсулоти полиграфӣ ба ҳисоб меравад.

14. Корхона иҷрои вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- таъмини маводи чопии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои расмӣ дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент;

- истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ;

- нашри рӯзномаю маҷаллаҳо;

- омодасозӣ ба нашр, истеҳсоли китобу брошюраҳо ва маҳсулоти тасвирӣ;

- истеҳсоли маҳсулоти тамғавӣ, бюллетенҳои овоздиҳӣ, кортҳои табрикотӣ (буклетҳо), даъватнома, тақвимҳои гуногун, варақаҳои гуногун, дигар навъи маҳсулоти полиграфӣ ва молу мулки мавриди ниёзи мардум;

- тайёр намудани муҳр ва штампҳо бо иҷозатномаи мақомоти корҳои дохилӣ;

- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавии Корхона мутобиқат мекунанд.

15. Корхона дар доираи мақсадҳо ва вазифаҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад чунин корҳоро ба амал барорад:

- амалиёти содироту воридот;

- иштирок дар кори намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ;

- ҳамкории истеҳсолӣ бо ташкилотҳои дохилӣ ва хориҷӣ.

16. Асъори хориҷие, ки Корхона дар натиҷаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст овардааст, ба суратҳисоби асъории Корхона равона карда мешавад. Корхона онро тибқи тартиби муқарраргардида истифода мебарад.

17. Асоси фаъолияти Корхонаро бастани шартномаҳо бо вазорату идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва иҷрои бевоситаи дархостҳои аҳолӣ ташкил медиҳад.

18. Корхона фаъолияти худро бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз тариқи ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷом медиҳад.

4. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ КОРХОНА

19. Идоракунии Корхона ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

- мақоми идоракунии Корхона - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақоми иҷроияи Корхона - маъмурият бо роҳбарии директори Корхона.

20. Мақоми идоракунии Корхона дорои ваколатҳои зерин мебошад;

- самтҳои асосии фаъолияти Корхонаро муайян менамояд;

- фаъолияти Корхонаро назорат карда, ба асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

- тавозуни муҳосибии Корхонаро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии Корхона мансуб донистааст, ҳал менамояд.

21. Мақоми иҷроияи Корхона - директор ба фаъолияти ҷории Корхона роҳбарӣ мекунад. Директори Корхона аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Корхона муовини директор, сармуҳосиб ва сармуҳандис дорад, ки бо пешниҳоди директори Корхона аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

22. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бе ваколатнома аз номи Корхона амал мекунад, роҳбарии фаъолияти Корхонаро таъмин мекунад;

- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;

- молу мулки Корхонаро тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида Корхонаро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;

- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибии Корхонаро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод мекунад;

- кормандони Корхонаро, ба истиснои муовини директор, сармуҳосиб ва сармуҳандиси Корхона тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои оинномавии Корхона мухолифат намекунанд.

23. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Корхона тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

24. Муовини директори Корхона дар сурати ҳозир набудани директори Корхона ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.

5. ФОНДИ ОИННОМАВӢ. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ КОРХОНА

25. Фонди оинномавии Корхона 4264391 (чор миллиону дусаду шасту чор ҳазору сесаду наваду як) сомониро ташкил медиҳад.

26. Молу мулки Корхона аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Корхона нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Корхона моликияти давлатӣ буда, ба Корхона бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад. Корхона ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсадҳои фаъолияташ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.

27. Корхона метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фонди захиравӣ таъсис диҳад.

28. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Корхона:

- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ додааст;

- даромадҳое, ки аз фаъолияти Корхона ба даст омадаанд;

- қарзҳои бонкӣ ва дигар намудҳои маблағгузорӣ;

- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

29. Корхона дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз он ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ КОРХОНА

30. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Корхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.