ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).
2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";
- банди 3 хориҷ карда шавад.
3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".
4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.
7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Замимаи 1 Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 2 Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 3 Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 4 Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 5 Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти ҶТ
Замимаи 6 Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 7 Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 8 Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" ()
Замимаи 9 Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 10 КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 11 Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 12 Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 13 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 14 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 15 КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 16 КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 17 ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"
Замимаи 9
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Оинномаи Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (миибаъд - Оркестр) муассисаи давлатии консертӣ мебошад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
2. Муассиси Оркестр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.
3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Оркестр аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.
4. Номи расмии Оркестр:
- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Государственный симфонический оркестр" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
- бо забони англисӣ - State institution "The State Symphony orchestra" Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.
5. Оркестр дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
6. Суроғаи ҳуқуқии Оркестр: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Борбад, 1.
2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ОРКЕСТР
7. Оркестр шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Маблағгузории хароҷоти Оркестр аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
8. Дар доираи фаъолияти асосии худ хизматрасониҳои пулакиро барои иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ амалӣ менамояд.
9. Дар сурати мавҷудияти маблағгузории мақсаднок ва лоиҳавӣ, барои кор дар Оркестр ҳунарпешагон ва мутахассисонро (дирижёрҳо, овозхонҳо, омӯзгорон, мутрибон ва ғайра) тибқи тартиби муқарраргардида аз хориҷи кишвар даъват менамояд.
10. Тибқи шартномаҳои бо фармоишгар басташуда дар доираи маблағҳои ҷудогардида консертҳо баргузор намуда, барои ғанӣ гардонидани фонди мусиқии тоҷик сабти асарҳои мусиқиро ба роҳ мемонад.
11. Маводи марбут ба муаррифии фаъолият ва репертуари Оркестрро нашр, паҳн ва ҳифз месозад.
12. Тибқи тартиби муқарраргардида барномаҳои консертиро дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он ташкил менамояд.
13. Узви созмонҳои эҷодӣ мебошад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ОРКЕСТР
14. Мақсади асосии Оркестр рушди мусиқии касбӣ, тартиб ва ташвиқи навъҳои гуногуни санъати мусиқии касбӣ, овозхонӣ ва хореография, мусоидат ба пешравии эҷодии ҳунармандони боистеъдоди ҷавон ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо мебошад.
15. Вазифаҳои Оркестр:
- ғанисозии фарҳанги миллӣ ва таблиғи ҳамҷонибаи мусиқии симфонӣ, санъати овозхонӣ ва хореография;
- ташаккули барномаҳои консертии Оркестр, ансамбли камеравӣ, квартет, квинтет, трио, дуэт, ансамблҳои эстрадӣ ва рақсӣ, банақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани консертҳои онҳо ва силсилаконсертҳои пайвастаи таблиғотӣ;
- дастгирӣ ва амалисозии лоиҳаҳои эҷодӣ бо дигар муассисаву идораҳои ватаниву хориҷӣ вобаста ба таблиғи санъати мусиқӣ, овозхонӣ ва рақс;
- ташкил ва иштирок дар барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои дигари оммавии сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.
16. Асоси фаъолияти Оркестр таҳияи нақшаи репертуарии аз ҷониби сардирижёр, сарбалейтместр, роҳбарони бадеии ансамблҳои камеравӣ ва эстрадӣ пешниҳодшуда, аз ҷониби Шӯрои бадеӣ қабулшуда ва бо директори Оркестр мувофиқашуда барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун мебошад.
17. Оркестр барномаи фаъолияти эҷодии ҳарсолаи худро тартиб медиҳад.
18. Оркестр барои намоиши консертҳо эълоннома омода ва тибқи тартиби муқарраргардида интишор менамояд.
4. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ОРКЕСТР
19. Идоракунии Оркестр ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:
- мақоми идоракунии Оркестр - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент;
- мақоми иҷроияи Оркестр - маъмурият бо роҳбарии директори Оркестр.
20. Мақоми идоракунии Оркестр дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- самтҳои асосии фаъолияти Оркестрро муайян менамояд;
- шумораи ниҳоии кормандони Оркестрро тасдиқ менамояд;
- фаъолияти Оркестрро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;
- тавозуни муҳосибавии Оркестро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;
- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии Оркестр мансуб донистааст, ҳал менамояд.
21. Мақоми иҷроияи Оркестр - директор ба фаъолияти ҷории Оркестр роҳбарӣ мекунад. Директори Оркестр аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Оркестр ду муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Оркестр аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
22. Директори Оркестр:
- ба фаъолияти Оркестр мутобиқи Оинномаи мазкур роҳбарӣ намуда, иҷрои вазифаҳои дар назди Оркестр гузошташуда, инчунин рушди эҷодии Оркестрро таъмин менамояд ва барои истифодаи мақсадноки маблағҳо масъул мебошад;
- бо пешниҳоди сардирижёр масъалаҳои марбут ба фаъолияти эҷодии Оркестрро ҳал менамояд;
- ба Оркестр тибқи тартиби муқарраргардида кормандонро, ба истиснои муовинони директор, сардирижёр ва сармуҳосиби Оркестр ба кор қабул намуда, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, онҳоро тағйир медиҳад ва қатъ месозад;
- уҳдадориҳои меҳнатӣ ва музди меҳнати кормандонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- Оркестрро дар чорабиниҳо муаррифӣ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида истифодаи мақсадноки молу мулки Оркестрро таъмин менамояд;
- дар доираи ваколати худ фармоишҳо қабул менамояд;
- қоидаҳои интизоми дохилии меҳнат ва дигар қоидаҳои дохилии Оркестрро тасдиқ мекунад;
- дар ҳолати зарурӣ комиссия ё Шӯрои машваратиро ташкил мекунад;
- лоиҳаи буҷети Оркестрро тартиб дода, барои риояи буҷети тасдиқшуда масъул мебошад;
- барои вазъи умумии фаъолияти Оркестр ҷавобгӯ мебошад;
- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар фаъолияти Оркестр таъмин менамояд;
- дигар уҳдадориҳоеро, ки қонунгузорӣ ва Оинномаи мазкур муқаррар намудааст, иҷро менамояд;
23. Дар набудани директор вазифаи ӯро муовини директор оид ба корҳои ташкилию эҷодӣ иҷро мекунад.
24. Сардирижёри Оркестр бо пешниҳоди директор ва қарори Шӯрои бадеӣ аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
25. Сардирижёри Оркестр:
- нақшаи мавсимии Оркестрро тартиб дода, ҷиҳати такмили репертуар ва ҳунарпешаҳои даъватшаванда таклифҳо пешниҳод менамояд;
- интихоби репертуари Оркестрро ташкил намуда, нақшаи репертуариро барои баррасӣ ба Шӯрои бадеӣ пешниҳод менамояд;
- интихоби ҳунарпешагони Оркестр ва фаъолияти эҷодии онҳоро ташкил менамояд;
- барномаҳои консертиро тибқи нақшаи муқарраршудаи мавсимӣ омода ва дирижёрӣ менамояд;
- консепсия ва барномаи рушди Оркестрро таҳия месозад;
- барои иҷрои вазифаҳои эҷодии Оркестр масъулият дорад.
5. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ ОРКЕСТР
26. Молу мулки Оркестр аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Оркестр нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Оркестр моликияти давлатӣ буда, ба Оркестр бо ҳуқуқи идораи оперативӣ тааллуқ дорад. Оркестр ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсади фаъолияти худ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.
27. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Оркестр:
- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;
- пардохтҳои пулӣ ва моддии Муассис;
- даромадҳое, ки аз хизматрасонии Оркестр ба даст омадаанд;
- қарзҳои бонкӣ ва намудҳои дигари маблағгузорӣ;
- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
28. Оркестр дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.
29. Оркестр воситаҳои пулии худро дар суратҳисоби ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ медорад ва нисбати онҳо ҳама гуна амалиёти бонкиро мувофиқи қонунгузорӣ иҷро менамояд.
6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МАҶМӯИ МЕҲМОНХОНАҲО
30. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Оркестр бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.