Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, № 454 "Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).

2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";

- банди 3 хориҷ карда шавад.

3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".

4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.

7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

 

Замимаи 1  Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 2  Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и

           Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 3   Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 4   Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 5   Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи

            Президенти ҶТ 

 

Замимаи 6   Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 7   Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Замимаи 8   Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" (Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

 

Замимаи 9   Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 10  КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 11  Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 12  Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 13  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 14  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 15  КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 16  КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 17   ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"

 

 

Замимаи 8

ба фармони Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

Оинномаи Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

1. Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Маҷмӯи меҳмонхонаҳо) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Маҷмӯи меҳмонхонаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.

4. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо фаъолияташро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

5. Ба сохтори Маҷмӯи меҳмонхонаҳо Қароргоҳи шаҳрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чойхонаи "Саодат", истироҳатгоҳи "Харангон", истирохатгоҳи "Зимчуруд" дохил мешаванд.

6. Дар тобеияти Маҷмӯи меҳмонхонаҳо инҳо қарор доранд:

- Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Муассисаи давлатии "Кохи Истиқлол"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Истиқлол"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Муассисаи давлатии "Боғи миллӣ"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Авесто"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Корхонаи воҳиди давлатии тарабхонаи "Чаманоро"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670).

7. Номи расмии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо:

- бо забони давлатӣ - Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар шакли мухтасарМД "Маҷмӯи меҳмонхонаҳо";

- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Гостиничный комплекс" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, дар шакли мухтасар - ГУ "Гостиничный комплекс".

8. Суроғаи ҳуқуқии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 122.

2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ МАҶМӯИ МЕҲМОНХОНАҲО

9. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо шахси ҳуқуқӣ буда, дорои молу мулк, тавозуни мустақил, ҳисобномаҳои бонкӣ, аз ҷумла ҳисобномаҳои асъорӣ, муҳр, штамп, бланкҳои фирмавӣ ва нишони молӣ мебошад, аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Маблағгузории хароҷоти Маҷмӯи меҳмонхонаҳо аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

10. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо фаъолияти даромаднок машғул шудан ва анҷом додани хизматрасонии пулакиро дорад. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо даромад ва молу мулки ба даст овардаашро тибқи тартиби муқарраргардида соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.

11. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.

12. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо дар мувофиқа бо Муассис ҳуқуқ дорад филиал таъсис диҳад, аз ҷумла намояндагиҳо дар хориҷа кушояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси дигар ташкилотҳо бошад.

13. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо аз рӯйи уҳдадориҳои худ барои воситаҳои асосие, ки дар ихтиёри худ дорад, ҷавобгар мебошад.

3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶМӯИ МЕҲМОНХОНАҲО

14. Мақсади асосии фаъолияти Маҷмӯи меҳмонхонаҳо аз ташкили қабул, ҷойгиркунӣ ва хизматрасонии шахсони расмӣ ва ҳайатҳо, меҳмонон, дигар шаҳрвандони хориҷӣ иборат мебошад, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.

15. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо намудҳои зерини фаъолиятро ба амал мебарорад:

- таъмини хизматрасонии мизоҷон дар сатҳи ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ;

- хизматрасонии маишӣ, таъмин намудани ҷойи истироҳати меҳмонон бо таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир.

16. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо дар доираи мақсад ва вазифаҳои пешбининамудаи Оинномаи мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ намояд ва вобаста ба он метавонад:

- ҳамкориро бо ташкилотҳои мамлакатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои хоҷагидорӣ ва хизматрасонии меҳмонхонавӣ анҷом диҳад;

- дар мувофиқа бо Муассис филиалҳои (намояндагиҳои) худро дар хориҷи Тоҷикистон таъсис диҳад;

- дар кори фестивалҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо, намоишгоҳҳои махсусгардонидашудаи байналмилалӣ ва ғайра иштирок намояд.

17. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муайян кардааст.

4. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ МАҶМӯИ МЕҲМОНХОНАҲО

18. Идоракунии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо ба воситаи мақоми идоракунии он амалӣ карда мешавад. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо мақомоти идоракунии зерин дорад:

- мақоми идоракунии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақоми иҷроияи Маҷмӯи меҳмонхонаҳо - маъмурият бо роҳбарии Директори генералии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо.

19. Мақоми идоракунӣ дорои воколатҳои зерин мебошад:

- самтҳои асосии фаъолияти Маҷмӯи меҳмонхонаҳоро муайян менамояд;

- сохтори Маҷмӯи меҳмонхонаҳоро тасдиқ менамояд;

- бо пешниҳоди Директори генералӣ муовинон, аз ҷумла муовини якум ва сармуҳосиби Маҷмӯи меҳмонхонаҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- фаъолияти Маҷмӯи меҳмонхонаҳоро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

- тавозуни муҳосибавии Маҷмӯи меҳмонхонаҳоро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми танзимкунандаи фаъолияти ташкилию ҳуқуқии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо мансуб донистааст, ҳал менамояд.

20. Директори генералӣ ба фаъолияти ҷории Маҷмӯи меҳмонхонаҳо роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

21. Директори генералии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бе ваколатнома амал карда, роҳбарии фаъолияти Маҷмӯи меҳмонхонаҳоро таъмин месозад;

- қарорҳои Муассисро иҷро мекунад;

- ба молу мулки Маҷмӯи меҳмонхонаҳо, ки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида Маҷмӯи меҳмонхонаҳоро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷа намояндагӣ мекунад;

- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавӣ, ҳисоби даромаду зарари Маҷмӯи меҳмонхонаҳоро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод месозад;

- дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовини аввал, муовини Директори генералӣ ва сармуҳосиби Маҷмӯи меҳмонхонаҳо ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

- роҳбарони ташкилотҳо ва муассисаҳои тобеъро дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- кормандони Маҷмӯи мехмонхонаҳоро ба истиснои муовини аввал, муовини Директори генералӣ ва сармуҳосиб ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, нисбат ба онҳо чораҳои хавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- оиннома ва низомномаҳои ташкилотҳои тобеъ ва филиалҳоро (намояндагиҳоро) дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо мухолифат намекунанд.

22. Дар сурати ҳозир набудани Директор иҷрои вазифаҳои ӯ муваққатан ба зиммаи муовини якум ва ё муовин вогузор мегардад.

23. Назорати молиявию хоҷагии фаъолияти Маҷмӯи меҳмонхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

24. Муовини якум ва муовини Директори генералӣ:

- дар таҳияи барномаҳо, консепсияҳо, дурнамоҳо ва стратегияҳои рушди соҳаи Маҷмӯи меҳмонхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои рушди Маҷмӯи меҳмонхонаҳо иштирок менамоянд;

- Маҷмӯи меҳмонхонаҳоро дар назди мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунанд;

- дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба такмили фаъолияти Маҷмӯи меҳмонхонаҳо ва ташкилию идории Маҷмӯи меҳмонхонаҳо иштирок менамоянд;

- дар муҳокимаи масъалаҳои истеҳсолӣ, хоҷагидорӣ ва иҷтимоӣ ширкат меварзанд;

- ба ғайр аз иҷрои вазифаҳои мустақими худ, инчунин дар мувофиқа бо Директори генералии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо вазифаҳои дигари иловагиро иҷро менамоянд.

5. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МАҶМӯИ МЕҲМОНХОНАҲО

25. Молу мулки Маҷмӯи меҳмонхонаҳо аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи он дар тавозуни Маҷмӯи меҳмонхонаҳо нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Маҷмӯи меҳмонхонаҳо моликияти давлатӣ буда, ба Маҷмӯи меҳмонхонаҳо бо ҳуқуқи идораи оперативӣ тааллуқ дорад. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо ҳуқуқ дорад молу мулки дар ихтиёраш доштаашро дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намояд.

26. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Маҷмӯи меҳмонхонаҳо:

- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;

- пардохти пулӣ ва моддии Муассис;

- даромадҳое, ки аз фаъолияти Маҷмӯи меҳмонхонаҳо ба даст омадаанд;

- қарзи бонкҳо ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ;

- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

27. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона аз ҷумла доир ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра ҳисобот медиҳад.

28. Маҷмӯи меҳмонхонаҳо воситаҳои пулии худро дар ҳисобномаҳои муассисаҳои бонкӣ нигоҳ медорад ва нисбати онҳо ҳама гуна амалиёти бонкиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МАҶМӯИ МЕҲМОНХОНАҲО

29. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Маҷмӯи меҳмонхонаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.