Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, № 454 "Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).

2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";

- банди 3 хориҷ карда шавад.

3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".

4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.

7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

 

Замимаи 1  Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 2  Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и

           Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 3   Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 4   Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

 

Замимаи 5   Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи

            Президенти ҶТ 

 

Замимаи 6   Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  

 

Замимаи 7   Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Замимаи 8   Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" (Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)

 

Замимаи 9   Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 10  КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 11  Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 12  Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 13  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 14  Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 15  КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 16  КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

 

Замимаи 17   ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"

 

 

Замимаи 6

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 сентябри соли 2022, № 454

Оинномаи Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Китобхона) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Китобхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Китобхона фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

4. Фонди Китобхона ҷузъи ҷудонопазири захираи фонди ягонаи китобии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, моликияти давлат ва сарвати фарҳанги миллии Тоҷикистон мебошад.

5. Номи расмии Китобхона:

- бо забони давлатӣ - Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Национальная библиотека" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- бо забони англисӣ - State Establishment "National Library" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.

6. Суроғаи ҳуқуқии Китобхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон, 5.

2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ КИТОБХОНА

7. Китобхона шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад, аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад ва дорои саҳифаи интернетии www.kmt.tj ва почтаи электронии info@kmt.tj мебошад. Маблағгузории хароҷоти Китобхона аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

8. Китобхона хуқук дорад тибқи тартиби муқарраргардида ба фаъолияти даромаднок машғул шавад. Соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории даромад ва молу мулки Китобхона тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

9. Китобхона дар мувофиқа бо мақоми идоракунӣ дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.

10. Китобхона метавонад аз номи худ шартномаҳо бандад, дорои ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ бошад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.

11. Китобхона дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- муайян намудани тартиби дастрасии истифодабарандагон ба фондҳои нашрияҳои махсусан боарзиш ва нодир;

- муайян намудани ҳаҷми маблағи гарав дар ҳолати ба истифода додани нашрияҳои камёфт ва нодир, инчунин дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои истифодабарии Китобхона;

- муайян намудани андозаи ҷуброни зарари аз ҷониби истифодабарандагон ба Китобхона расонидашуда;

- тибқи тартиби муқарраргардида иштирок намудан дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии рушди фаъолияги китобдорӣ, таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои китобдорӣ;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми идоракунӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ муайян намудани номгӯй ва нархномаи хизматрасонии муздноки Китобхона;

- дар асоси шартномаи тарафайн бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян намудани шартҳои истифодабарии фондҳои Китобхона.

12. Китобхона дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муайян кардааст.

13. Китобхона уҳдадор аст:

- истифодаи самаранок ва ҳифзу нигоҳдории молу мулки Китобхонаро таъмин намояд;

- ба вайроншавии ҳолати молу мулк (ба истиснои ҳолатҳои муқарраршудаи фарсудашавӣ дар ҷараёни истифода) роҳ надиҳад;

- бо тартиби муқарраргардида молу мулки фарсудашударо аз тавозун барорад.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КИТОБХОНА

14. Китобхона ҳамчун объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои дарёфти иттилоот, истифодаи фондҳои китобхона ва дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ таъмин менамояд.

15. Китобхона дар доираи навъҳои асосии фаъолияти худ пуррагардонӣ, ҳифзу нигоҳдории фондҳо, библиографинамоӣ, хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотии истифодабарандагон, фаъолияти фарҳангӣ-маърифатӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, методӣ, табъу нашр ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои зерин кӯшиш ба харҷ медиҳад:

- қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;

- фароҳам овардани шароит барои дастрасии умум ба арзишҳои иттилоотӣ ва фарҳангие, ки дар Китобхона ҷамъоварӣ ва барои истифодабарӣ пешниход карда мешаванд;

- ташаккул, ҳифз, коркарди илмӣ ва таъмини нигоҳдории воқеии маҷмӯаи нисбатан мукаммали ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷии дорои аҳамияти илмӣ;

- ташаккули фонди китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон чоп мегарданд ва нашрияҳое, ки новобаста ба ҷои чопашон доир ба Тоҷикистон мебошанд;

- ташаккули маҷмуи универсалии фондҳои ҳуҷҷатӣ, созмон додани фазои иттилоотӣ дар мамлакат, аз ҷумла бо истифодаи технологияи муосир ва шабакаи Интернет;

- дар асоси нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо, инчунин бо роҳи харидории ҳуҷҷатҳо, мубодилаи китобҳо (аз ҷумла мубодилаи байналмилалӣ) ва дигар муомилаҳои воридотӣ пуррагардонии фонди ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва нигоҳдории ҳамешагии онҳо;

- таъмин ва нигоҳдории фонди ҳуҷҷатҳои хориҷии дорои арзиши бештари фарҳангӣ, илмӣ, бадеӣ, ҳамчунин пуррагардонии афзалиятноки ҳуҷҷатҳои нашршуда доир ба Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди он интишор ёфтаанд ва нигоҳдорию баҳисобгирии онҳо;

- пешниҳоди маҷмуи нисбатан мукаммали ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти илмии хориҷӣ ба истифодабарандагон;

- ташкил ва пешбурди бақайдгирии библиографии осори тоҷикшиносӣ;

- пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ, инчунин ба амал баровардани фаъолият ба сифати маркази методӣ, илмию иттилоотӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ;

- иштирок дар баҳисобгирии библиографияи давлатии ҳуҷҷатҳои ватанӣ, созмон додани манбаъҳои библиографӣ, рефератӣ ва иттилооти таҳлилию тафсирӣ;

- коркарди илмӣ ва дастёбии фондҳои Китобхона тавассути низоми феҳристҳо дар навъҳои гуногуни ҳомилҳои муосири иттилоотӣ (маъхазҳои барномаҳои компютерӣ, микрочипҳо, дискҳои оптикӣ, саҳифаи интернетӣ), ташаккули китобхонаҳои электронӣ, манбаъҳои иттилоотӣ ва махзанҳои маълумот, ташкили дастрасӣ ба онҳо, инчунин ба дигар захираҳои иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ, ширкат дар табодули иттилоотӣ;

- кумакҳои машваратӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ташхис ва баҳогузории ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла нашрияҳои марбут ба ёдгориҳои таърихӣ;

- хизматрасонии китобдорӣ ва иттилоотӣ, аз ҷумла маълумотдиҳӣбиблиографӣ ба истифодабарандагон;

- пешниҳоди маълумоти ройгон оид ба таркиби фондҳои Китобхона тавассути феҳристҳо ва дигар навъҳои иттилоотрасонии китобдорӣ;

- пешниҳоди кумакҳои машваратии ройгон ҷиҳати ҷустуҷӯ ва интихоби сарчашмаҳои иттилоотӣ;

- ба роҳ модани истифодабарии муваққатии ройгони ҳуҷҷатҳо аз фондҳо дар толорҳои хониши Китобхона;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани истифодабарии муваққатии муздноки ҳуҷҷатҳо аз фондҳо тавассути абонементи шабона;

- баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

- пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, илмию иттилоотӣ ва методӣ дар соҳаҳои фаъолияти китобдорӣ, библиографӣ, китобшиносӣ ва дигар соҳаҳои бо ҳам алоқаманд;

- тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ гардонидани фаъолияти намоишию экспозитсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ гардонидани фаъолияти интишорӣ, полиграфӣ ва рекламавӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида иштирок кардан дар ҳамкориҳои байналмилалӣ бо созмонҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг, маориф, илм, иттилоот, фаъолияти китобдорӣ, инчунин ҳамкорӣ бо китобхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ;

- муосиргардонии хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ, такмили фаъолият ва хизматрасонии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16. Ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои ба зиммааш вогузошта Китобхона вазифаҳои зеринро ба анҷом мерасонад:

- созмон додани фонди давлатии мубодилавию захиравӣ, табодул ва тақсими нусхаҳои такрорӣ барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ;

- коркарди илмию электронии ҳуҷҷатҳо ва таъмини дастрасии озод ба иттилоот оид ба таркиб ва мазмуну мундариҷаи фондҳои ҳуҷҷатии Китобхона;

- ба роҳ мондани ҳамкории корпоративӣ бо дигар китобхонаҳо бо мақсади таҳияи феҳристи ягонаи электронии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- созмондиҳии фонди эҳтиётии ҳуҷҷатҳо дар ҳомилҳои электронӣ (микрофилмҳо, микрофишаҳо, микрочипҳо, дискҳои оптикии гуногунҳаҷм, маъхазҳои компютерӣ, саҳифаи интернетӣ ва дигар навъҳои воситаҳои электронӣ) бо мақсади таъмини амният ва истифодабарии дарозмуддати ҳуҷҷатҳо;

- таъмини нигоҳдории фонди ҳуҷҷатҳо тавассути баҳисобгирӣ, ҷобаҷогузории дуруст, ҳифз ва назорати мунтазами истифодаи онҳо;

- баргузории чорабиниҳои санитарию гигиенӣ, муқовабандӣ ва барқарорсозӣ;

- созмондиҳии низоми мутамаркази библиографияи илмию ёрирасон.

17. Бо мақсади рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхона фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва илмию таҳлилиро дар самтҳои зерин ба роҳ мемонад:

- ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва сотсиологӣ оид ба масъалаҳои хизматрасонии китобдорию библиографии аҳолӣ, таҳияи меъёрҳои хизматрасонии китобдорӣ, ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва маълумотномаҳои таҳлилӣ оид ба рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида дар назди Китобхона ташкил намудани шӯроҳо, марказҳои илмӣ, кафедра, курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ;

- ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳлилӣ ва илмию тадқиқотии китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти китобдорию библиографӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаву барномаҳои фаъолияти онҳо;

- омӯзиш ва ҷамъбасти натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ, таҳияи маводи таҳлилӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами китобдорӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкили маркази таълимӣ оид ба омӯзиши технологияи нави соҳаи китобдорӣ барои китобдорони ҷумҳурӣ;

- дар мувофиқа бо мақоми идоракунӣ банақшагирии чорабиниҳои давлатӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ташаккул, ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодабарии фондҳои Китобхона.

18. Китобхона дар шакли электронӣ тайёр кардани нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зеринро ба амал мебарорад:

- ҳуҷҷатҳои куҳна, фарсудашуда, осебдида ва ноқис;

- ҳуҷҷатҳои иборат аз як нусха ва (ё) нодир, дастхатҳое, ки ба истифодабарандагон додани онҳо боиси азбайнравӣ, харобшавӣ ва ё комилан нобудшавии онҳо гардида метавонад;

- ҳуҷҷатҳое, ки тавассути дастгоҳҳои чопӣ нашр гардида, барои истифодаи онҳо воситаҳои зарурии техникӣ вуҷуд надоранд;

- ҳуҷҷатҳое, ки аҳамияти илмию таълимӣ доранд;

- ҳуҷҷатҳое, ки ба соҳаи пуррагардонии Китобхона мутобиқат менамоянд.

19. Китобхона ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини фаъолиятро амалӣ гардонад:

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, эҷодӣ ва таълимӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, аз ҷумла ташкили марказҳои таълимию фароғатӣ;

- ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ, баргузор намудани таҷрибаомӯзии мутахассисони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон, таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён, фаъолияти илмӣ;

- хизматрасонии иттилоотӣ ва машваратӣ;

- ташкил ва гузаронидани машваратҳои илмӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо, семинарҳо, намоишҳо ва дигар чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангӣ;

- ба фурӯш баровардани маҳсулоти чопӣ, электронӣ ва армуғонӣ, нусхаҳои такрорӣ дар ҳомилҳои электронӣ, аудио ва видеоӣ ё аз ҳисоби даромадҳо харидоришуда;

- хизматрасонӣ оид ба ташкили шабакаи захираҳои электронӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- хизматрасонӣ оид ба коркард, истифодабарӣ ва назорати низоми автоматикунонидашудаи хизматрасонӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкили нуқтаи савдои китоб, маводи канселярӣ ва дискҳои аудио-видеоӣ.

20. Китобхона метавонад фаъолияти дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, амалӣ намояд.

4. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ КИТОБХОНА

21. Идоракунии фаъолияти Китобхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур тавассути мақомоти идоракунии зерин амалӣ мегардад:

- мақоми идоракунии Китобхона - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақоми иҷроияи Китобхона - маъмурият бо роҳбарии Директор.

22. Мақоми идоракунӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаро муайян менамояд;

- бо пешниҳоди Директор сохтори Китобхонаро тасдиқ менамояд;

- фаъолияти Китобхонаро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

- тавозуни муҳосибавии Китобхонаро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунӣ мансуб донистааст, ҳал менамояд.

23. Мақоми иҷроияи Китобхона - директор ба фаъолияти ҷории Китобхона роҳбарӣ мекунад. Директори Китобхона аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Китобхона муовинон, аз ҷумла як муовини якум ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Китобхона аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

24. Ваколатҳои Директори Китобхона:

- ба фаъолияти Китобхона роҳбарӣ карда, манфиатҳои онро дар тамоми муассисаю ташкилотҳо ва мақомоти давлатӣ, инчунин судҳо намояндагӣ мекунад, аз номи Китобхона шартномаҳоро ба имзо расонида, ваколатнома медиҳад;

- сохтори Китобхонаро барои тасдиқ ба Роҳбари Дастгоҳи Президент пешниҳод менамояд;

- вазифаҳоро дар байни муовинон, аз ҷумла муовини якум тақсим менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Китобхонаро (ба истиснои муовинон, аз ҷумла муовини якум ва сармуҳосиб) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, вазифаҳои онҳоро муайян карда, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ мебандад;

- мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони Китобхона тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ва чораҳои интизомӣ меандешад;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Китобхонаро тасдиқ карда, фармоишҳо мебарорад, супоришҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои ҳамаи кормандони Китобхона ҳатмӣ мебошад;

- муқаррароти соҳавии такмили фондҳои Китобхонаро дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент тасдиқ менамояд;

- қоидаҳои истифодабарӣ аз хизматрасонии Китобхонаро таҳия ва тасдиқ мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба истифодабарандагон ва кормандони Китобхона шароити зарурӣ фароҳам оварда, ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари захираҳои Китобхона ва инчунин маҷмӯи сарват ва коллексияҳои фарҳангӣ, бино, иншооот, таҷҳизот ва молу мулки дигари Китобхона масъулият дорад;

- ҷиҳати ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Китобхона гузошташуда комиссия ва гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;

- фаъолияти Китобхонаро ба нақша гирифта, дурнамои рушди онро бо дарназардошти талаботи истифодабарандагон ва навъҳои фаъолият муайян менамояд;

- дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи Президент кумакҳои ихтиёрии молу мулкии дар шакли хайрия, тӯҳфа ва дигар маблағҳои молиявӣ тибқи васиятномаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ додашударо қабул менамояд;

- доир ба фаъолияти Китобхона ба Роҳбари Дастгоҳи Президент ҳисоботи семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ва солона пешниҳод менамояд;

- риояи қоидаҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи бехатарӣ аз сӯхторро таъмин менамояд;

- ҳисобу китоби муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва дигар навъи фаъолияти Китобхонаро ба амал бароварда, ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавӣ пешниҳод менамояд;

- қоидаҳо, низоми нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, муҳофизати биноҳо, таҷҳизот ва дигар молу мулки дар ихтиёри Китобхона бударо муайян ва риояи онҳоро таъмин менамояд;

- дар доираи ваколати худ метавонад дигар шаклҳои шӯроҳо ва комиссияҳоро таъсис диҳад, ки қарорҳои онҳо хусусияти тавсиявӣ доранд.

25. Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад, аз ҷумла барои:

- натиҷа ва нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Китобхона;

- риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷрои супоришҳои муассис ва мақоми идоракунӣ;

- пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- истифодаи мақсадноки воситаҳои молиявии Китобхона;

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ.

26. Дар сурати ҳозир набудани Директор иҷрои вазифаҳои ӯ муваққатан ба зиммаи муовини якум ва ё яке аз муовинон вогузор мегардад.

27. Муовини якум ва муовинони Директор:

- дар таҳияи барномаҳо, консепсияҳо, дурнамо ва стратегияи рушди соҳаи китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои рушди Китобхона иштирок менамоянд;

- Китобхонаро дар назди мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунанд;

- дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба такмили фаъолияти китобдорию библиографӣ, илмию таҳлилӣ ва ташкилию идории Китобхона иштирок менамоянд;

- ба ғайр аз иҷрои вазифаҳои мустақими худ, инчунин дар мувофиқа бо Директори Китобхона вазифаҳои дигари иловагиро иҷро менамоянд.

28. Барои муҳокимаи масъалаҳои истеҳсолӣ, хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ дар назди Директори Китобхона Шӯрои илмию методӣ амал менамояд, ки Низомномаи онро Директори Китобхона тасдиқ менамояд.

5. ФОНДҲОИ КИТОБХОНА

29. Китобхона махзани умумидавлатии фонди миллии китоб ва дигар ҳуҷҷатҳо буда, аз фонди универсалӣ, маводи чопӣ, нашрияҳои электронӣ ва рисолаҳои илмӣ доир ба тамоми соҳаҳои дониш иборат мебошад.

30. Фонди дастхатҳои Китобхона қисми таркибии фонди бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

31. Фонди Китобхона ҳамчун қисми таркибии сарвати фарҳанги миллӣ зери ҳимояи махсуси давлат қарор дода шуда, истифодаи он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

32. Китобхона низоми пуррагардонӣ, коркард, нигоҳдорӣ, истифодабарии фонд ва дигар захираҳои иттилоотӣ, инчунин имкониятҳои дастрасӣ ба онҳоро муқаррар менамояд.

33. Китобхона бо мақсади таъмини муҳофизати ёдгориҳои таърихии китобӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар фондҳои Китобхона маҳфузанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи фондҳои Китобхона маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ менамояд. Иттилоот оид ба ҳуҷҷатҳои истифодаашон маҳдуд дастраси умум мебошад.

6. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИИ КИТОБХОНА

34. Молу мулки Китобхона (фондҳои ҳуҷҷатӣ, таҷҳизот ва дигар молу мулке, ки аз санаи таъсисёбии он аз ҷониби мақоми идоракунӣ ба Китобхона дода шудааст) моликияти давлатӣ буда, ба Китобхона бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста карда шудааст.

35. Молу мулки Китобхона аз инҳо иборат аст:

- молу мулке, ки барои пешбурди фаъолияти Китобхона пешбинӣ шудааст;

- молу мулке, ки аз ҳисоби воситаҳои махсуси молиявии Китобхона, аз ҷумла аз ҳисоби даромадҳое, ки аз фаъолияти дар Оинномаи мазкур пешбинигардида ба даст омадаанд, харидорӣ карда шудааст;

- молу мулке, ки дар шакли воридоти бебозгашт аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дар асоси шартнома ва ё бо усули дигар ба даст оварда шудааст;

- дигар молу мулке, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

36. Маблағгузории фаъолияти Китобхона аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.

37. Даромадҳое, ки Китобхона тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меорад, инҳо мебошанд:

- даромад аз фурӯши билетҳои воридшавии абонементҳо ба Китобхона;

- даромад аз баргузор кардани машваратҳои илмӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, лексияҳо, экскурсияҳо, намоишҳо, ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва эҷодӣ;

- даромад аз таҳия намудани барномаҳо ва сенарияҳо;

- даромад аз фурӯши маҳсулоти чопӣ, маҷаллаҳо, феҳристҳо, буклетҳо, эълонномаҳо, овезаҳо, тақвимҳо, барномаҳои хурд ва дигар навъҳои маҳсулоти интишории дар компакт-дискҳо, аудио ва видеокассетаҳо сабтгардида;

- даромад аз гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва машваратҳо;

- даромад аз хизматрасонии китобдорӣ, аз ҷумла воридшавии маблағ аз мизоҷони Китобхона барои ҷуброни осеби расонида ва гум кардани китоб;

- абонементи музднок барои пешниҳоди нашрияҳои арзишнок ва нодир, ҳомилҳои электронии иттилоот аз фондҳо;

- хизматрасонии иттилоотию библиографӣ;

- хизматрасонии муқовабандӣ ва барқароркунии ҳуҷҷатҳо;

- даромад аз хизматрасонии ҷустуҷӯию мавзӯӣ, рақамӣ ва суроғавӣ;

- даромад аз почтаи фаврии электронӣ;

- даромад барои хизматрасонӣ оид ба сабти иттилоот дар ҳомилҳои электронӣ;

- даромад аз нусхабардорӣ, сканер, ҳуруфчинӣ ва чопи матнҳо;

- даромад аз супоридани қоғазпораҳо;

- даромад аз ҷойгир кардани рекламаҳо дар дохили бинои Китобхона ва саҳифаи интернетии Китобхона;

- дигар намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурни Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавии Китобхона мухолифат намекунад.

38. Китобхона дар тавозуни худ метавонад бинои истиқоматӣ, хобгоҳ, истироҳатгоҳ, меҳмонхона, маркази тиббӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ва нақлиёти хизматии сабукрав, мусофирбар ва боркаш дошта бошад.

7. ҲАМКОРИҲОИ ДОХИЛӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНА

39. Бо мақсади таъмини истифодаи самарабахши захираҳои иттилоотии давлатӣ, Китобхона бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ, бойгониҳо, дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки маркази иттилоотии маълумоти дараҷаҳои гуногун доранд, ҳамкорӣ менамояд.

40. Тартиби ҳамкории мутақобилаи Китобхона бо дигар муассисаю ташкилотҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои тарафайн муайян карда мешавад.

41. Китобхона мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти китобдорӣ, библиографӣ, иттилоотӣ, аз ҷумла дар ҷаласаҳои илмӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо ва анҷуманҳо ширкат меварзад.

8. АЗНАВТАЪСИСДИҲИ ВА БАРҲАМДИҲИИ КИТОБХОНА

42. Азнавтаъсисдиҳӣ ва барҳамдиҳии Китобхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.