ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).
2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";
- банди 3 хориҷ карда шавад.
3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".
4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.
7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Замимаи 1 Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 2 Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 3 Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 4 Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 5 Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти ҶТ
Замимаи 6 Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 7 Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 8 Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" ()
Замимаи 9 Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 10 КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 11 Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 12 Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 13 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 14 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 15 КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 16 КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 17 ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"
Замимаи 4
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Оинномаи Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассиса) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
2. Муассиси Муассиса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.
3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассиса аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.
4. Муассиса фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
5. Номи расмии Муассиса:
- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Кохи Борбад" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
- бо забони англисӣ - State institution "Kokhi Borbad" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.
6. Суроғаи ҳуқуқии Муассиса: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26.
2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ МУАССИСА
7. Муассиса шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
8. Маблағгузории хароҷоти Муассиса аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
9. Муассиса дар мувофиқа бо Дастгоҳи Президент дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.
10. Муассиса дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муқаррар кардааст.
3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСА
11. Мақсади асосии фаъолияти Муассиса дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ташкил ва гузаронидани дигар чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллӣ, озмунҳои эҷодӣ, касбӣ ва намоишгоҳҳо мебошад.
12. Барои амалӣ намудани мақсадҳои худ Муассиса фаъолияти зеринро ба амал мебарорад:
- хизматрасонии фарҳангӣ, эҷодӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ;
- ба кироя додани кинофилмҳо ва видеофилмҳои бадеӣ, сабти аудио ва видеокассетаҳо;
- истеҳсол ва фурӯши маводи рекламавӣ, аз ҷумла тақвимҳо, овезаҳо, афишаҳо, буклетҳо (китобчаҳо);
- рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои эҷодӣ, фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ;
- ташкили хизматрасонии савдои хӯроки умумӣ дар дохили иморат ва ҳудуди атрофи Муассиса.
13. Муассиса метавонад тибқи тартиби муқарраргардида ба хизматрасонии пулакӣ машғул шавад. Даромади бадастовардашуда тибқи тартиби муқарраргардида ба ихтиёри Муассиса мегузарад ва дар суратҳисоби махсус ба ҳисоб гирифта мешавад.
14. Муассиса инчунин дигар намудҳои фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавиаш мутобиқат менамояд, амалӣ менамояд.
4. МАҚОМИ ИДОРАКУНИИ МУАССИСА
15. Идоракунии Муассиса ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:
- мақоми идоракунии Муассиса - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми иҷроияи Муассиса - маъмурият бо роҳбарии директори Муассиса.
16. Мақоми идоракунии Муассиса дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- самтҳои асосии фаъолияти Муассисаро муайян менамояд;
- шумораи ниҳоии кормандони Муассисаро тасдиқ менамояд;
- фаъолияги Муассисаро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;
- тавозуни муҳосибавии Муассисаро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;
- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии Муассиса мансуб донистааст, ҳал менамояд.
17. Мақоми иҷроияи Муассиса - директор ба фаъолияти ҷории Муассиса роҳбарӣ мекунад. Директори Муассиса аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Муассиса муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Муассиса аз ҷониби Роҳбари Дастгохи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
18. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- бе ваколатнома аз номи Муассиса амал мекунад, роҳбарии фаъолияти Муассисаро таъмин мекунад;
- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;
- молу мулки Муассисаро тибқи тартиби мукарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида Муассисаро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;
- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Муассисаро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод мекунад;
- кормандони Муассисаро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиб, тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;
- таъмири ҷорӣ, коршоямии техникӣ ва истифодаи дурусти таҷҳизот, воситаҳои техникӣ ва коммуникатсияҳои мавҷударо таъмин менамояд;
- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Муассиса мухолифат намекунанд.
19. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Муассиса тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
20. Муовини директори Муассиса дар сурати ҳозир набудани директори Муассиса ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.
5. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МУАССИСА
21. Молу мулки Муассиса аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Муассиса нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Муассиса моликияти давлатӣ буда, ба Муассиса бо хуқуқи идораи оперативӣ дода мешавад. Муассиса ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсади фаъолияти худ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.
22. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Муассиса:
- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;
- пардохти пулӣ ва моддии Муассис;
- даромадҳое, ки аз фаъолияти Муассиса ба даст омадаанд;
- қарзи бонкӣ ва манбаъҳои дигари маблағгузорӣ;
- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
23. Муассиса дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.
6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МУАССИСА
24. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Муассиса бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.