ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Оинномаҳои шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1-17).
2. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, № 649 "Дар бораи таъсис додани Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ гардида, баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.";
- банди 3 хориҷ карда шавад.
3. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2002, № 902 "Дар бораи таъсиси Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Маҷмааи давлатии" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии маҷмааи" иваз карда шаванд;
- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.".
4. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1093 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Китобхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
5. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, № 1094 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Осорхонаи миллӣ" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
6. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2006, № 1767 "Масъалаҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 23 январи соли 2003, № 992 "Дар бораи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 феврали соли 2003, № 1005 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.
7. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳангоми зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Замимаи 1 Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 2 Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 3 Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 4 Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 5 Оинномаи Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти ҶТ
Замимаи 6 Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 7 Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 8 Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ" ()
Замимаи 9 Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 10 КВД комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 11 Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 12 Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 13 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 14 Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 15 КВД "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 16 КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ
Замимаи 17 ҶСК "Маркази савдои Тоҷикистон"
Замимаи 3
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 сентябри соли 2022, № 454
Оинномаи Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Маҷмаа) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
2. Муассиси Маҷмаа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.
3. Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Маҷмаа аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.
4. Маҷмаа фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
5. Номи расмии Маҷмаа:
- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо забони русӣ - Государственное учреждение комплекс "Кохи Вахдат" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
- бо забони англисӣ - State institution residence "Kokhi Vahdat" of the Executive Office of the President of the Republic of Tajikistan.
6. Суроғаи ҳуқуқии Маҷмаа: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, бинои 107/1.
2. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ МАҶМАА
7. Маҷмаа шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
8. Маблағгузории хароҷоти Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
9. Маҷмаа дар мувофиқа бо Дастгоҳи Президент дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.
10. Маҷмаа дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳо муайян кардааст.
3. МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶМАА
11. Мақсади асосии фаъолияти Маҷмаа аз ташкили гузаронидани чорабиниҳо дар сатҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул ва хизматрасонии шахсони расмӣ, ҳайатҳо, меҳмонон ва дигар шахсон иборат мебошад.
12. Маҷмаа вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- ҳамчун маркази ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои онҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад;
- ҳуҷҷатҳои коргузориро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад;
- дар асоси шартнома толорҳои Маҷмааро бо нархномаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президент барои истифода медиҳад;
- барои гузаронидани конференсияҳо, мизҳои мудаввар, вохӯрию ҷамъомадҳо, тантанаҳои ҷашнӣ ва консертҳо мусоидат менамояд;
- нигоҳдорӣ, таъмири бино ва таҷҳизоти Маҷмааро таъмин менамояд.
13. Маҷмаа метавонад тибқи тартиби муқарраргардида ба фаъолияти даромаднок машғул шавад. Фоидаи бадастовардашуда тибқи тартиби муқарраргардида ба ихтиёри Маҷмаа мегузарад ва он дар суратҳисоби махсус ба ҳисоб гирифта мешавад.
14. Маҷмаа дигар намудҳои фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавиаш мутобиқанд, амалӣ менамояд.
4. МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ МАҶМАА
15. Идоракунии Маҷмаа ба воситаи мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:
- мақоми идоракунии Маҷмаа - Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми иҷроияи Маҷмаа - маъмурият бо роҳбарии директори Маҷмаа.
16. Мақоми идоракунии Маҷмаа дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- самтҳои асосии фаъолияти Маҷмааро муайян менамояд;
- шумораи ниҳоии кормандони Маҷмааро тасдиқ менамояд;
- фаъолияти Маҷмааро назорат карда, бо асноди коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;
- тавозуни муҳосибавии Маҷмааро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;
- дигар масъалаҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии Маҷмаа мансуб донистааст, ҳал менамояд.
17. Мақоми иҷроияи Маҷмаа - директор ба фаъолияти ҷории Маҷмаа роҳбарӣ мекунад. Директори Маҷмаа аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Маҷмаа муовин ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Маҷмаа аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
18. Директор дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- бе ваколатнома аз номи Маҷмаа амал мекунад, роҳбарии фаъолияти Маҷмааро таъмин мекунад;
- амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;
- молу мулки Маҷмааро тибқи тартиби муқарраргардида ихтиёрдорӣ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида Маҷмааро дар тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад;
- ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Маҷмааро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод мекунад;
- кормандони Маҷмааро, ба истиснои муовини директор ва сармуҳосиби Маҷмаа, тибқи тартиби муқарраргардида ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;
- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Маҷмаа мухолифат намекунанд.
19. Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Маҷмаа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
20. Муовини директори Маҷмаа дар сурати ҳозир набудани директори Маҷмаа ваколатҳои ӯро амалӣ менамояд.
5. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МАҶМАА
21. Молу мулки Маҷмаа аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳои дигар, ки нархи онҳо дар тавозуни Маҷмаа нишон дода шудааст, иборат мебошад. Молу мулки Маҷмаа моликияти давлатӣ буда, ба Маҷмаа бо ҳуқуқи идораи оперативӣ тааллуқ дорад. Маҷмаа ба молу мулки дар ихтиёраш гузошташуда мутобиқи мақсади фаъолияти худ дар доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқи ихтиёрдориро дорад.
22. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Маҷмаа:
- молу мулке, ки Муассис бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста намудааст;
- пардохтҳои пулӣ ва моддии Муассис;
- даромадҳое, ки аз хизматрасонии Маҷмаа ба даст омадаанд;
- қарзҳои бонкӣ ва намудхои дигари маблағгузорӣ;
- пардохтҳои бебозгашт ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
23. Маҷмаа дар назди мақомоти давлатӣ мустақилона ҳисобот медиҳад, аз ҷумла оид ба супоридани андозҳо, омор ва ғайра.
24. Маҷмаа воситаҳои пулии худро дар суратҳисоби ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ медорад ва нисбати онҳо ҳама гуна амалиёти бонкиро мувофиқи қонунгузорӣ иҷро менамояд.
6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МАҶМАА
25. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Маҷмаа бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.