Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
23 июни соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1171
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
23 июни соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1171
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Дастурамали №252 дар бораи пур кардани шакли ҳисоботи омории №1-ГПН "Ҳисобот оид ба гардиши пули нақд"
070.170.010
Мутобиқи қисми 4 моддаи 42 ва моддаи 86 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали №252 дар бораи пур кардани шакли ҳисоботи омории №1-ГПН "Ҳисобот оид ба гардиши пули нақд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Идораи омор ва тавозуни пардохт ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, идораи омор ва тавозуни пардохт, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин гузошта шавад.
Раиси Раёсат Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло
...