Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, № 449 "Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ"

Санаи амалкуни: 01.09.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

аз 01.01.2024 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2023 № 546 аз эътибор соқит дониста мешавад

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.12.2022 № 593, аз 29.04.2023 № 194, аз 29.08.2023 № 404)

 

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тарифҳои неруи барқ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ба истифодабарандагон тақсим мешаванд, тасдиқ карда шаванд (замимаи 1) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.12.2022 № 593).

2. Тарифҳои неруи барқ барои истеҳсол ва интиқол, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаи 2).

3. Тарифҳои неруи гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаи 3).

4. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани тарифи миёнаи неруи барқ бо қабули фармоиши дахлдори худ ба тарифҳои неруи барқ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" аз рӯйи онҳо ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" хизматрасонӣ анҷом дода мешавад, коэффитсиенти тасҳеҳ (корректировка)-ро муайян намояд.

5. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №329 "Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ" ва аз 27 апрели соли 2022, №210 "Дар бораи тарифҳо барои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ" аз эътибор соқит дониста шаванд.

6. Қарори мазкур аз 1 октябри соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 31 августи соли 2022, № 449

 

Ниг. ба Замимаҳои 1-3 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2023 № 404)

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ

 

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тарифҳои неруи барқ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ба истифодабарандагон тақсим мешаванд (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик"), тасдиқ карда шаванд (замимаи 1).

2. Тарифҳои неруи барқ барои истеҳсол ва интиқол, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаи 2).

3. Тарифҳои неруи гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаи 3).

4. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани тарифи миёнаи неруи барқ бо қабули фармоиши дахлдори худ ба тарифҳои неруи барқ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ҷамъиятн саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" аз рӯйи онҳо ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" хизматрасонӣ анҷом дода мешавад, коэффитсиенти тасҳеҳ (корректировка)-ро муайян намояд.

5. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №329 "Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ" ва аз 27 апрели соли 2022, №210 "Дар бораи тарифҳо барои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ" аз эътибор соқит дониста шаванд.

6. Қарори мазкур аз 1 октябри соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 31 августи соли 2022, № 449

 

Ниг. ба Замимаҳои 1-3