ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №257
Мутобиқи моддаҳои 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сархатҳои чорум, шашум, бисту якум, бисту дуюм, бисту сеюм, бисту чорум ва бисту панҷуми замимаи 4 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257 "Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпӣ";
Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ";
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонон";
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ташаккули тамоюли миллии ҷавонон";
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон";
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рушди касбият ва шуғлнокии ҷавонон";
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ташаккули шахсият ва рушди сиёсии ҷавонон"".
2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии ташкилотҳои мазкурро ҳал намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 августи соли 2022, № 424