Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022, № 422 "Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт"

Мутобиқи моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номи Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт" ба Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт" иваз карда шавад.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи мухандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳал намояд.

3. Сархати сию якуми замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи мухандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт";".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 26 августи соли 2022, № 422