Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан" бо 42 воҳиди корӣ таъсис дода шавад.
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳаллу фасл намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории сохтмони коллеҷи мазкурро аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2009 ҷудо шудааст, амалӣ намояд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ ба кадрҳои боихтисос нақшаи қабули донишҷӯёни муассисаи таълимии мазкурро барои солҳои таҳсили 2009-2010 ва солҳои минбаъда муқаррар намояд.
5. Ба номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 феврали соли 2009 № 76
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Государственного образовательного учреждения "Колледж народных промыслов города Истаравшан"
В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное образовательное учреждение "Колледж народных промыслов города Истаравшан" с 42 штатными единицами.
2. Министерству образования Республики Таджикистан в двухмесячный срок в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы данного образовательного учреждения.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан произвести финансирование строительства данного колледжа за счет выделенных на 2009 год централизованных средств Министерства образования Республики Таджикистан.
4. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан с учетом потребностей национальной экономики и регионов республики в квалифицированных кадрах определить план приёма студентов на 2009-2010 учебный год и последующие годы данного образовательного учреждения.
5. Перечень учреждений и организаций системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №594 "О Министерстве образования Республики Таджикистан" добавить новым абзацем следующего содержания:
"Государственное образовательное учреждение "Колледж народных промыслов города Истаравшан"
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 февраля 2009 года № 76
г. Душанбе