Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи фонди давлатии мусоидати шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Девони Вазирони ҶТ аз 12.03.1992 № 66)
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" ва иҷрои қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар зинаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва Ҷумҳурӣ Фонди давлатии мусоидати шуғл ҳамчун системаи мустақили молиявӣ ташкил карда шавад. Низомномаи замимагардидаи Фонди давлатии мусоидати шуғл тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки соли 1991 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаю муассисаҳо /ғайр аз корҳонаю муассисаҳои буҷетӣ/, ташкилоту кооперативҳо ва кордиҳандагони дигар, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидориашон, аз июль сар карда, ба Фонди давлатии мусоидати шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ ба таври ҳатмӣ ба андозаи як фоизи маблағҳои музди меҳнат маблағ гузаронида, хароҷоти мазкурро ба арзиши аслии маҳсулот /кору хизматҳо/ мансуб менамояд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 маблағ ҷудокуниҳоро ба Фонди давлатии мусоидати шуғл ба андозаи 4 фоизи буҷети ҷумҳурӣ пешбинӣ намояд.
3. Ба маълумот гирифта шавад, ки мутобиқи қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоя аз 27 июни с. 1991 "Дар ҳусуси татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолӣ" то 90 фоизи Фонди давлатии мусоидати шуғл дар ихтиёри ҷумҳурӣ монда, на камтар аз 10 фоизи он ба қисми иттифоқии фонди мазкур марказонида мешавад ().
Дар айни замон 50 фоизи Фонди давлатии мусоидати шуғл дар қисми ҷумҳурии фонд марказонида мешавад, маблағҳои боқимонда бошад, ба ихтиёри зинаҳои ноҳиявй, шаҳрӣ, вилоятии Фонди давлатии мусоидати щуғл фиристода мешаванд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба Фонди давлатии мусоидати шуғл ҳамчун ҳадья қабул кардани молу мулки ғайриманқул ва амволи дигарро муқаррар намоянд. Воситаҳои мазкур барои тараққиёти базаи моддии Фонди давлатии мусоидати шуғл ва мақсадҳои дигари вобаста бо таъмини шуғли аҳолии ҷумҳурӣ истифода хоҳанд шуд.
5. Бо мақсади демократиконии идораи маблағҳои Фонди давлатии мусоидати шуғл, риоя намудани манфиатҳои вобаста бо таъмини шуғли аҳолии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Правленияи Фонди давлатии мусоидати шуғл бо мақоми доимо амалкунандаи иҷроия - Маъмурияти иҷроия мувофиқи мақсад дониста шавад.
Сохтор, шумора, сметаи хароҷот, аз ҷумла фонди музди меҳнати дастгоҳи Маъмурияти иҷроияи Фонди давлатии мусоидати шуғлро Правления тасдиқ менамояд. Нигоҳдории Маъмурияти иҷроия аз ҳисоби маблағҳои Фонди давлатии мусоидати шуғл ба амал бароварда мешавад.
Раиси Правленияи Фонди давлатии мусоидати шуғлро бо тавсияи Кумитаи давлатии кору тарбияи коргари Ҷумҳурии Тоҷикистон Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
6. Кумитаи давлатии кору тарбияи коргари Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ Дастуруламали тартиби воридот, баҳисобгирӣ ва хароҷоти маблағҳои Фонди давлатии мусоидати шуғлро тасдиқ намояд.
7. Назорат аз болои воридоти сари вақт ва пурраи маблағҷудокуниҳои ҳатмӣ ва воридоти маблағи буҷетҳои ҷумҳурию маҳаллӣ ба Фонди давлатии мусоидати шуғл ба зиммаи Умури давлатии шуғл гузошта шавад.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Ҳаёев
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Маҳкамбоев
ш. Душанбе,
аз 27 сентябри соли 1991, № 296
ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи фонди давлатии мусоидати шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо максади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" ва иҷрои қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар зинаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва Ҷумҳурӣ Фонди давлатии мусоидати шуғл ҳамчун системаи мустақили молиявӣ ташкил карда шавад. Низомномаи замимагардидаи Фонди давлатии мусоидати шуғл тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки соли 1991 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаю муассисаҳо /ғайр аз корҳонаю муассисаҳои буҷетӣ/, ташкилоту кооперативҳо ва кордиҳандагони дигар, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидориашон, аз июль сар карда, ба Фонди давлатии мусоидати шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ ба таври ҳатмӣ ба андозаи як фоизи маблағҳои музди меҳнат маблағ гузаронида, хароҷоти мазкурро ба арзиши аслии маҳсулот /кору хизматҳо/ мансуб менамояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 маблағ ҷудокуниҳоро ба Фонди давлатии мусоидати шуғл ба андозаи 4 фоизи буҷети ҷумҳурӣ пешбинӣ намояд.
4. Ба маълумот гирифта шавад, ки мутобиқи қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоя аз 27 июни с. 1991 "Дар ҳусуси татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолӣ" то 90 фоизи Фонди давлатии мусоидати шуғл дар ихтиёри ҷумҳурӣ монда, на камтар аз 10 фоизи он ба қисми иттифоқии фонди мазкур марказонида мешавад.
Дар айни замон 50 фоизи Фонди давлатии мусоидати шуғл дар қисми ҷумҳурии фонд марказонида мешавад, маблағҳои боқимонда бошад, ба ихтиёри зинаҳои ноҳиявй, шаҳрӣ, вилоятии Фонди давлатии мусоидати щуғл фиристода мешаванд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба Фонди давлатии мусоидати шуғл ҳамчун ҳадья қабул кардани молу мулки ғайриманқул ва амволи дигарро муқаррар намоянд. Воситаҳои мазкур барои тараққиёти базаи моддии Фонди давлатии мусоидати шуғл ва мақсадҳои дигари вобаста бо таъмини шуғли аҳолии ҷумҳурӣ истифода хоҳанд шуд.
6. Во мақсади демократиконии идораи маблағҳои Фонди давлатии мусоидати шуғл, риоя намудани манфиатҳои вобаста бо таъмини шуғли аҳолии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Правленияи Фонди давлатии мусоидати шуғл бо мақоми доимо амалкунандаи иҷроия - Маъмурияти иҷроия мувофиқи мақсад дониста шавад.
Сохтор, шумора, сметаи хароҷот, аз ҷумла фонди музди меҳнати дастгоҳи Маъмурияти иҷроияи Фонди давлатии мусоидати шуғлро Правления тасдиқ менамояд. Нигоҳдории Маъмурияти иҷроия аз ҳисоби маблағҳои Фонди давлатии мусоидати шуғл ба амал бароварда мешавад.
Раиси Правленияи Фонди давлатии мусоидати шуғлро бо тавсияи Кумитаи давлатии кору тарбияи коргари Ҷумҳурии Тоҷикистон Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
7. Кумитаи давлатии кору тарбияи коргари Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ Дастуруламали тартиби воридот, баҳисобгирӣ ва хароҷоти маблағҳои Фонди давлатии мусоидати шуғлро тасдиқ намояд.
8. Назорат аз болои воридоти сари вақт ва пурраи маблағҷудокуниҳои ҳатмӣ ва воридоти маблағи буҷетҳои ҷумҳурию маҳаллӣ ба Фонди давлатии мусоидати шуғл ба зиммаи Умури давлатии шуғл гузошта шавад.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Ҳаёев
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Маҳкамбоев
ш. Душанбе,
аз 27 сентябри соли 1991, № 296